Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пирамард ва баҳр" -и Ҳемингвей - ба забони тоҷикӣ (ВИДЕО)


"Пирамард ва баҳр", яке аз пуршӯҳраттарин қиссаҳои адиби маъруфи амрикоӣ Эрнест Ҳемингвей бори аввал аз забони аслаш - англисӣ - ба тоҷикӣ тарҷума вачоп шуд.

Рӯзи 6 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин тарҷумаи тоҷикии китоби "Пирамард ва баҳр" -и Эрнест Ҳемингвей муаррифӣ шуд. Дар ин маросим Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон, масъулони Китобхонаи миллӣ ва аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистон ширкат карданд.

Сафири Амрико Сюзан Эллиотт дар ин маросим тарҷумаи тоҷикии китоби "Пирамард ва баҳр" -и Эрнест Ҳемингвайро иқдоми муштараи ин сафорат бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Хонум Эллиотт, ки ба ин китоб сарсухан ё пешггуфтор навиштааст, гуфт, "ин тарҷумаи асари классикии Ҳмингвей, на танҳо хонандагони тоҷикро ба ганҷинаи адабии амрикоӣ ошно месозад, балки ба ҳайси як маводи муҳими омӯзишии забони инглисӣ истифода хоҳад шуд."

Вижагии нашри тоҷикии китоби "Пирамард ва баҳр" дар он аст, ки қисса аз забони аслаш - англисӣ - ба тоҷикӣ тарҷума шудааст. Ба гуфтаи сафири ИМА дар Тоҷикистон, "тавассути тақдими ин китобҳо ба мактабҳо ва китобхонаҳои саросари Тоҷикистон, мо дипломатияи фарҳангиро тарғиб мекунем ва инчунин байни давлатҳоямон равобиту ҳамкорио созмон медиҳем."

Сюзан Эллиотт аз ҳамкорӣ ва ҳусни таваҷҷӯҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳамчунин ба Бунёди Ҳемингвей оид ба ҳуқуқи хориҷӣ, ки барои тарҷумаи китоби "Пирамард ва баҳр" ба сафорати ИМА дар Душанбе иҷозат додааст, изҳори сипос кард.

"Пирамард ва баҳр" аз қиссаҳои Эрнест Ҳемингвей аст, ки соли 1952 дар маҷаллаи «Лайф» нашр шудааст, дар бораи моҳигири кубагӣ Сантяго ва муборизаи ӯ бо моҳии азиме, ки сайди аз ҳама бузург дар ҳаёташ мешавад, нақл мекунад. Эрнест Ҳемингвей дар соли 1953 барои ин қисса ҷоизаи Пулитсерро ба даст ова рда, соли 1954 барои асарҳои эҷодкардааш, аз ҷумла барои “Пирамард ва баҳр” сазовори ҷозиаи адабии Нобел шуд.

Тарҷумаи тоҷикии ин китоб ба қалами тарҷумон Муҳаммадсалим Азизмуродов тааллуқ дошта, муҳарририашро адиби шинохтаи тоҷик Қодири Рустам бар дӯш доштааст. Китоби "Пирамард ва баҳр" -и Эрнест Ҳемингвей бо теъдоди 1500 нусха дар нашриёти “Бухоро" чоп шудааст.
XS
SM
MD
LG