Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Довудуғлу нахуствазири Туркия мешавад


Аҳмад Довудоғлу.
Аҳмад Довудоғлу.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки ахиран барандаи интихоботи президентии Туркия шуд, эълом кардааст, ки Аҳмад Довудуғлу, вазири хориҷии он кишварро ба унвони нахуствазири оянда интихоб кардааст.

Хабаргузории Ройтерз рӯзи панҷшанбеи 21 август гузориш дод, ки Эрдуғон ҳаллу фасли масъалаи Фатҳуллоҳ Гулен, аз раҳбарони пурнуфузи динии Туркия, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, раванди сулҳ бо курдҳо ва Қонуни асосии нави Туркияро аз авлавиятҳои ҳукумати Аҳмад Довудуғлу унвон кардааст. Ба гуфтаи вай, ҳайати иҷроии ҳизби ҳокими Адолат ва тараққӣ тавофуқ кардааст, ки Довудуғлу нахуствазири ояндаи Туркия бошад.

Ҳизби ҳокими Туркия бо раҳбарии Раҷаб Таййиб Эрдуғон қарор аст рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи оянда номзадии Аҳмад Довудуғлуро ба овоздиҳӣ бигузорад. Эрдуғон гуфтааст, ки агар ҳайати кунгураи ҳизби ҳоким вайро таъйид кунад, Аҳмад Довудуғлу курсии нахуствазириро ба ӯҳда хоҳад гирифт.

Мардуми Туркия барои аввалин бор раиси ҷумҳури кишварашонро бо овоздиҳии мустақиман интихоб карданд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳудуди 52 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овард.

Раҷаб Таййи Эрдуғон мегӯяд, ки тағйири Қонуни асосӣ ва додани ихтиёроти бештар ба раиси ҷумҳур ҳадафе нест, ки бихоҳад онро пинҳон нигаҳ дорад. Ин масъалае аст, ки ба навиштаи "Ройтерз" нигарониҳо дар бораи қудратталабии вайро афзоиш медиҳад.

Вай ҳамчунон бо ном бурдан аз тарафдорони Фатҳуллоҳ Гулен дар таркиби давлат ба унвони "давлати мувозӣ" ё "давлат дар дохили давлат", эълон кард, ки тасмими Довудуғлу мубориза бо ин ҷараён аст. Соли гузашта чандин парвандаи фасоди молии мақомоти баландпояи Туркия тавассути пулис ва додситонӣ ошкор шуд, ки сабаби боздошти шуморе аз афроди пурнуфуз, аз ҷумла фарзандони ду вазири ҳукумати Туркия шуд.

Ҳамчунин шунидани телефонҳои мақомоти Туркия низ ҷанҷоли дигаре аст, ки Эрдуғон ба тарафдорони Гулен нисбат медиҳад. Баъди ин ҳодисаҳо, садҳо мақоми додгустарӣ ва пулиси Туркия аз кор барканор шуданд. Раиси ҷумҳури Туркия Фатҳуллоҳ Гуленро ба "дасисакорӣ ва талош барои кудато" алайҳи давлат муттаҳам карда буд.

XS
SM
MD
LG