Пайвандҳои дастрасӣ

Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар нахустин интихоботи мустақими раёсати ҷумҳури Туркия бо орои мардум, аксарияти овозҳоро ба даст овард ва дар ин интихобот пирӯз шуд.

Барои аввалин бор аст, ки раиси ҷумҳур дар Туркия бо орои мустақими мардум интихоб мешавад ва интизор меравад 52 миллион дар ин интихобот ширкат карда бошанд.

Тибқи гузоришҳо, шаби гузашта пас аз он, ки телевизиони Туркия эълон кард, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо ба даст овардани 51,8 дарсади оро дар интихоботи раёсти ҷумҳурӣ ба пирӯзӣ расид, тарафдоронаш бо дар даст доштани парчамҳои ин кишвар дар кӯчаву хиёбонҳои Анқара ба ҷашну шодмонӣ пардохтанд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон низ дар миёни ҳазорҳо тан аз тарафдоронаш гуфтааст, мардум иродаи худро нишон доданд. Вай гуфтааст, ҳадафи ӯ тақвияти ҷойгоҳи ташрифотии раёсати ҷумҳурӣ хоҳад буд.

Бар асоси гузоришҳои расонаҳои Туркия, ҳазорон нафар аз тарафдорони Ҳизби адолат ва тараққӣ дар баробари ситоди ин ҳизб дар Анқара таҷаммӯъ кардаанд. Тибқи гузоришҳо, раиси ҳайати олии интихоботи Туркия низ натоиҷи эъломшуда дар расонаҳо дар хусуси пирӯзии Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро таъйид кардааст. Бо вуҷуди ин қарор аст натиҷаҳои расмии интихоботи президентии Туркия имрӯз, душанбеи 11 август эълом шавад.

Тибқи гузоришҳо, Акмалиддин Эҳсоноғлу, номзади аслии рақиби Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки 38 дарсади ороро ба даст овард, дар паёме Раҷаб Таййб Эрдуғонро табрик гуфтааст. Салоҳиддин Демиртош, номзади мавриди ҳимояти ақалияти курд дар интихоботи раёсати ҷумҳури Туркия низ ҳудуди 9 дарсади ороро ба худ ихтисос додааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғони 60-сола, аз соли 2003 то кунун нахуствазири Туркия буд. Вай барои ду давраи панҷсола раиси ҷумҳури Туркия хоҳад буд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ҳоле дар интихоботи президентии Туркия аз рақибони худ пеш афтодааст, ки тайи як соли ахир ҳукумати зери раҳбарии вай дар арсаи дохилӣ аз сӯи мухолифон ба сӯистифода аз қудрат муттаҳам шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG