Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ки баробарии мард ва зан бар хилофти табиат аст, зеро табиати онҳо бо якдигар фарқ мекунанд.

Раиси ҷумҳури Туркия дар як суханронии худ рӯзи душанбе дар Конфронси байналмилалии Истанбул гуфтааст, "гоҳе инҷо мегӯянд, зан ва мард баробар ҳастанд, вале баробарӣ миёни занон ва баробарӣ миёни мардон таърифи дурустаре аст."

Ӯ бо таъкид бар "баробарии зан дар баробари қонун" мегӯяд, беҳтар медонад ба ҷои вожаи "тасовӣ" барои занон аз вожаи "муодил" барои онҳо истифода кунад. Раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, дини ислом ҷойгоҳи занро муайян кардааст: "Модарӣ, бархе инро дарк мекунанд, бархе дарк намекунанд. Наметавон инро ба феминистҳо фаҳмонд, зеро, ки онҳо ин мафҳуми модариро намепазиранд."

Ишораи оқои Эрдуғон ба мавзӯи "модарӣ"-и занон барои аввалин бор нест, ки баён мешавад. Эрдуғон шаш сол пеш низ бо ишора ба ин ҳадиси паёмбари ислом (с) ки "биҳишт зери пойи модарон аст", гуфта буд, "ин амалкарди дуруст аст, ки мо ба онҳо дорем."

Вебсайти рӯзномаи туркии "Ҳуррият" мегӯяд, ки фаъолони ҳуқуқи занон ва гурӯҳе аз вакилони аз замоне, ки Эрдуғон дар мақоми нахуствазирӣ будааст, аз афзоиши сиёсатҳои муҳофизакоронаи ӯ дар ин маврид интиқод кардаанд. Ба гузориши ҳамин вебсайт, ҷойгоҳи Туркия аз нуқтаи назари фосилаи зан ва мард дар "Нишасти иқтисодии ҷаҳон" тайи солҳои гузашта поин рафта ва дар миёни 136 кишвар дар рутбаи 120 қарор гирифтааст.

Суханони гуногуни Раҷаб Таййиб Эрдуғон гоҳ ҷанҷолбарангез шуда ва ба таври нисбатан густурда бозтоб пайдо мекунад. Ӯ ахиран гуфта буд, ки мусалмонон пеш аз Христофор Колумб қитъаи Амрикоро кашф карданд ва Колумб дар хотироташ аз масҷиде навишта, ки дар баландии теппае дар Куба қарор доштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG