Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия ҳифзи нерӯҳояш дар Ироқро зарурӣ медонад


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ки кишвараш ба ҳифзи неруҳояш дар шимоли Ироқ зарурат дорад.

Президенти Туркия гуфтааст, ки кишвараш ба ҳифзи неруҳояш дар шимоли Ироқ зарурат дорад. Ба гуфтаи Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ҳафтаи ҷорӣ нерӯҳои Туркия ҳамлаи барномарезишудаи нерӯҳои тундрави "Давлати исломӣ" ба як пойгоҳи машқҳои низомии худро баргардонданд.

Оқои Эрдуғон гуфт: “Дӯстони мо ба мо хабар доданд, ки ҳамла ба Башиқа баргардонида шудааст ва дар он 18 узви ДОИШ кушта шудаанд. Касе аз сарбозони Туркия осеб надидааст. Ин нишон медиҳад, ки ҷойгир кардани нерӯҳо дар Башиқа тасмими дуруст будааст”.

Ин изҳорот боиси оғози дубораи баҳсҳои миёни Анқараву Бағдод шудааст. Аслан баҳсҳо моҳи гузашта оғоз шуда буд, вақте Туркия тақрибан 150 нафар аз низомиёни худро дар наздикии Башиқа ҷойгир кард. Дар ин пойгоҳ низомиёни Туркия шибҳинизомиёни Ироқро омӯзиш медиҳанд, то онҳо бар зидди тундравҳои гурӯҳи Давлати Исломӣ ё ДОИШ биҷанганд.

Эрдуғон дар Истамбул ба хабарнигорон гуфт, ки нерӯҳои кишвараш 18 нафар тундравҳои ДОИШ-ро ба қатл расондаанд ва ин тундравҳо ба нақша гирифта будаанд, ки ба пойгоҳи Башиқа рахна кунанд ва ба нерӯҳои туркӣ ҳамла баранд. Эрдуғон афзуд, “ҳеҷ кас аз сарбозони Туркия захмӣ нашудааст ва ин ҳодиса нишон дод, ки иқдоми дуруст чӣ аст”. Вай бо ин суханон ҷойгир кардани нерӯҳои иловагӣ дар Башиқаро дар назар дошт.

Аммо Бағдод пофишорӣ дорад, ки ин нерӯҳо бидуни иҷоза дар он ҷо мустақар шудаанд ва бояд аз он ҷо хориҷ шаванд. Бағдод дар ин бора ба Амрико ва СММ шикоят бурдааст ва хостори хуруҷи ҳарчӣ зудтари нерӯҳои Туркия аз шимоли Ироқ шудааст. Зери фишорҳои Амрико баъзе аз нерӯҳои Туркия аз ин минтақаи Ироқ хориҷ шуданд, вале Эрдуғон исрор меварзад, ки ҳамаи нерӯҳояшро аз он ҷо фаро нахоҳад хонд.

Баъд аз ин изҳороти Туркия, фармондеҳии муштараки амалиёти Ироқ дар Бағдод изҳороте пахш кард ва гуфт, ки нерӯҳои ДОИШ дар Башиқа ва ё ҷои дигар ба нерӯҳои Туркия ҳамла набурдаанд.

Изҳороти Эрдуғон ва изҳороти фармондеҳии муштараки амалиёти Ироқ бо ҳам мутобиқат намекунад. Дар баъзе гузоришҳое, ки аз шимоли Ироқ ба нашр расидаанд, қатли 18 нафар аъзои гурӯҳҳои ДОИШ дар ҳафтаи ҷорӣ таъйид шудааст, вале дар гузоришҳо мегӯянд, ки ин 18 нафар на дар ҷангҳо бо нерӯҳои Туркия ё Ироқ кушта шудаанд, балки дар ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилоф ба қатл расидаанд.

Эрдуғон мегӯяд, ки Русия дар паси чунин изҳороти Ироқ қарор дорад, зеро муносибатҳои Туркия ва Русия баъд аз сарнагун кардани ҳавопаймои низомии Русия дар охири моҳи ноябри соли гузашта дар минтақаи марзии миёни Туркия ва Сурия, сард шудааст.

Эрдуғон гуфт: “Мо дар бораи ин масъала дар ҷараёни сафари нахуствазири Ироқ Ҳайдар Абадӣ ба Туркия сӯҳбат карда будем. Онҳо аз мо хоҳиш карданд, ки нерӯҳояшонро машқ диҳем. Онҳо буданд, ки аз мо машқ додани нерӯҳояшон дар пойгоҳи Башиқаро хоста буданд. Вале баъд аз бӯҳрони муносиботи мо бо Русия ва боз шудани дафтари муштараки Русияву Эрон ва Ироқу Сурия дар Бағдод, масъала ранги дигар гирифт”.

Туркия ёдоварӣ кардааст, ки Бағдод амнияти мушовирон ва устодони низомии Туркияро наметавонад таъмин кунад, зеро Ироқ дар Найнаво нерӯи амниятӣ надорад. Минтақаи Найнаво моҳи июни соли 2014 ба назорати нерӯҳои тундрави "Давлати исломӣ" даромада буд.

XS
SM
MD
LG