Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрдуғон: "Туркия ҳаргиз иттиҳоми наслкуширо намепазирад"


Раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ки кишвараш "ҳаргиз иттиҳоми наслкушии арманиҳоро намепазирад" ва Олмон ҳам бинобар Ҳолокост "охирин кишваре" аст, ки метавонад Туркияро ба наслкушӣ муттаҳам кунад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, рӯзи шанбеи 4-уми июн дар як паёми телевизионӣ гуфтааст, ки "масъала дар инҷо арманиҳо нест," ва афзудааст, ки мавзӯи арманиҳо дар ҳама ҷаҳон барои "сиёҳ" кардани Туркия истифода мешавад.

Парлумони Олмон рӯзи панҷшанбеи 2-юми июн тарҳеро ба тасвиб расонд, ки бар пояи он, аз ин пас дар Олмон куштори арманиҳо дар даврони Ҷанги Ҷаҳонии Аввал аз сӯи императории усмонӣ "наслкушӣ" номида мешавад. Туркия пас аз фурӯпошии императории усмонӣ дар соли 1924 аз сӯи Мустафо Камол, маъруф ба "Отатурк" таъсис шуд.

Ҳукумати Туркия ба ин тасмими Олмон ба таври шадид эътироз кард ва сафири худро аз Берлин фаро хондааст. Оқои Эрдуғон дар идомаи паёми телевизиониаш гуфтааст, ки "хитоб ба ҳама ҷаҳон мегӯям, ки мумкин аст хушатон биояд ё на! Мавзеи мо дар бораи масъалаи арманиҳо аз ибтидо рӯшан буд. Мо ҳаргиз иттиҳоми наслкуширо нахоҳем пазируфт."

Раиси ҷумҳури Туркия бо ёдоварӣ аз ҳодисаи Ҳолокост, аз Олмон хостааст, то куштори бумиёни Намибия дар замони императории Олмон дар як асри пешро аз сари нав баррасӣ кунад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамчунин ҳушдор додааст, ки агар ин масъала ҳал нашавад, Аврупоро "бо нигарониҳояш танҳо хоҳад гузошт."

Туркия аз солҳо ба ин тараф хоҳиши пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро дорад, аммо ҳанӯз натавонистааст ба ин хостаи худ бирасад. Туркия ва Иттиҳодияи Аврупо ахиран дар мавриди манъи вуруди мавҷи паноҳҷӯён ба қораи Аврупо ба тавофуқ расиданд.

Садҳо ҳазор арманӣ дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дар императории усмонӣ кушта шуданд. Раиси ҷумҳури Туркия аммо дар суханронии рӯзи шанбеи худ гуфтааст, ки императории усмонӣ "дар он ҳангом аз ҳама тараф таҳти муҳосира қарор дошт" ва бояд барои ором кардани вазъ, корҳое анҷом медод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG