Пайвандҳои дастрасӣ

Ин сокини Хоруғ дар лату кӯби додраси вилояти Бадахшон, дар тобистони соли гузашта гунаҳкор эълон шуда буд.

Як нафаре, ки дар ҳодисаи ҳамла ба бинои суди вилоятии Бадахшон дар тобистони соли гузашта муттаҳам мешуд, рӯзи 24 июл кушта шудааст. Эраҷ Садоншоев, як сокини Хоруғ, ки ба гуфтаи мақомоти интизомии Тоҷикистон, дар ҳодисаи ҳамлаву лату кӯби додрас дар таърихи 10 июни соли 2011 даст дошт, дар ҳодисаҳои 24 июли имсол, дар ҷараёни амалиёти вижаи нирӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ кушта шудааст. Ин хабарро хоҳари Эраҷ Садоншоев дар ҳоле таъйид кард, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон аризаи шикоятии наздикони ӯро баррасӣ кард ва ҳукми додгоҳро аз рӯи як иттиҳоми соли пеш бетағйир гузошт.


Бузургмеҳри Равшан, вакили мудофеъи наздикони Эраҷ Садоншоев рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар як ҳодисаи моҳи июни соли гузашта гурӯҳе вориди толори додгоҳи вилояти Бадахшон шуда, додрас, муовини додрас ва як омӯзгори литсеи ноҳияи Шуғнонро лату кӯб карданд. Ин ҳодиса дар паи ҳукми нӯҳ соли зиндони як сокини маҳаллӣ Каён Раҳимхудоев сар зад, ки дар куштор муттаҳам мешуд. Худи ҳамон рӯз инчунин ин гурӯҳ ба сохтмони додситонӣ ҳам ҳамла карда, дару тирезаи онро хароб мекунанд. “Азия-Плюс” менависад, ки ҳаҷми хисороти куллӣ дар ҳудуди 20 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст. Дар робита бо ин ҳодиса ҳамон замон Эраҷ Садоншоев ва Ҷамшед Шералиев, сокинони Хоруғ муттаҳам шуданд. Ҳарчанд худи онҳо даст доштанашон дар ин ҳодисаҳоро рад карданд, ҳукми додгоҳ Эраҷ Cадоншоевро дар ғайбаш ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи Бузургмеҳри Равшан, вакили дифои ин хонавода, “Садоншоев ба шарти набаромадан аз ҳудуди вилоят” дар озодӣ ба сар мебурд.

Хоҳари бузурги Садоншоев дар як тамоси телефонӣ бо вакили дифоъ Бузургмеҳри Равшан гуфтааст, ки бародари ӯ ҳамон рӯзи 24 июл, ки амалиёти вижаи нирӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ шурӯъ шуд, кушта шуд. Вакили мудофеъ Бузургмеҳри Равшан мегӯяд, “вақте хулосаи Додгоҳро ба хонаводаи Эраҷ расонидем хоҳарбузургаш дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, Эраҷ Садоншоев дар рӯзи аввали амалиёти низомӣ 24 июл дар маҳаллаи Гипроземи Хоруғ ба қатл расидааст”.

Ба қавли наздикони Эраҷ Садоншоев, вай як рушанфикр буд, аммо бо гурӯҳҳое, ки аз онҳо силдоҳбадаст ном бурда мешавад, ҳамроҳӣ надошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG