Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳар ҳафтумин сокини сайёраи замин забони англисиро медонад ва ин забон барои тақрибан ним миллиард инсон забони модарӣ ҳисоб мешавад.

Донандагони ин забон дар Тоҷикистон ҳамеша хушхарид ҳастанд ва ба осонӣ ҷойи кор меёбанд. Аксаран медонанд, ки бе донистани забони англисӣ орзуи таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамчунон рӯъё боқӣ мемонад. Ҳамчунин бисёриҳо таҷриба кардаанд, ки надонистани забони англисӣ сафар ба хориҷ аз қаламрави Шӯравиро ба як дарди сар табдил медиҳад. Агар ҳоло дар маркази шаҳри Душанбе як меҳмони хориҷӣ аз даҳ раҳгузар адреси маконеро суроғ кунад, эҳтимолан як ё ду нафар бо забони Шекспир ба ӯ кӯмак кунанд. Аммо ин ба маъное нест, ки ин забон босуръат дар Тоҷикистон рушд кардааст ва шаҳрвандон ахбори ҷаҳонро аз шабакаҳои CNN ва BBC мешунаванд.




Бардошти сатҳӣ ин аст, ки англисӣ дар Тоҷикистон сол ба сол густариш пайдо мекунад ва омӯзиши он беҳтар мешавад. Аммо дар асл чунин нест.
Раиси Анҷумани устодони забони англисӣ дар Тоҷикистон, доктори улуми филологӣ Парвона Ҷамшед мегӯяд, ба мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар 800 устоди забони англисӣ намерасад ва ба ҷои ин забон дар мактабҳо фанҳои дигар таълим дода мешаванд. Ҷаноби Ҷамшед мегӯяд, ки бо вуҷуди фармони махсуси раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди омӯзиши забони англисӣ, таълими ин забон дар кишвар то ба ҳадди лозим ба роҳ монда нашудааст:

«Якум ин ки сатҳи тахассуси муаллимони забони англисӣ хеле паст аст. Бар замми ин, мактабҳо бо синфхонаҳои лингофонию компютер ва барномаҳои ҷадиди забономӯзӣ таъмин нестанд. Ҳарчанд дар ҷумҳурӣ бар замми мактабҳо марказҳои зиёди омӯзиши англисӣ вориди майдон шуданд ва мардуми зиёде низ ба ин марказҳо мераванд. Вале бо ин вуҷуд, омӯзиши забони англисӣ дар он сатҳе ки лозим аст, ба роҳ монда нашудааст ва маро қонеъ намекунад», - гуфт Парвона Ҷамшед.

Ҷаноби Ҷамшед афзуд, ки усули тадриси забони англисӣ махсусан дар макотиби олии Тоҷикистон аз замони шӯравӣ бозмондааст ва умдатан бо хондану тарҷума кардан маҳдуд мешавад. Аммо ба гуфтаи ӯ, ин усул чандон самарабахш нест ва ҳоло бояд усулҳои муосири омӯзиши забони хориҷӣ ба роҳ монда шавад. Ба таъкиди Парвона Ҷамшед, вазорати маорифи Тоҷикистон ҳоло фақат китобҳои дарсии забони англисиро барои макотиби миёна таҳия кардааст, вале дар мактабҳои олӣ дарсҳо ҳамоно аз рӯи китобҳои таълимии бозмонда аз замони шӯравӣ ҷараён мегиранд.

Як сабаби коҳиши таълими забони англисӣ дар мактабҳои миёна ин аст, ки ҳоло дар Тоҷикистон шӯрои педагогии ҳар як мактаб ҳақ дорад равияи таълимиро муайян кунад. Ин шӯро метавонад яке аз равияҳо - гуманитарӣ ва ё илмҳои дақиқро чун равияи асосии мактаб интихоб намояд.

Абдуҷаббор Алиев, сардори Раёсати таълимоти томактабӣ ва макотиби миёнаи Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, вобаста ба равияи таълимии ин мактаб низ соатҳои таълими забони англисӣ чун забони хориҷӣ фарқ мекунанд: «Аммо дар маҷмӯъ дар ҳар мактаб забони хориҷӣ дар ҳаҷми ду соат дар як ҳафта таълим дода мешавад. Забони хориҷиро мактаб мустақилона интихоб мекунанд. Ҳастанд мактабҳое, ки забони арабӣ, олмонӣ ва ҳатто фаронсавиро чун забони хориҷӣ интихоб карда хонандагонро таълим медиҳанд. Вале аксарияти мактабҳо маҳз забони англисиро чун забони хориҷӣ интихоб кардаанд».

Ҷаноби Алиев афзуд, дар мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон омӯзиши забони англисӣ аз синфи панҷум оғоз мешавад, вале ҳастанд мактабҳое, ки таълими забони хориҷиро аз синфи дуввум сар кардаанд ва ин таҷриба самараи хуб медиҳад.

Ғайр аз макотиби миёна ва донишгоҳҳо дар Тоҷикистон марказҳои зиёди омӯзиши забонҳо ба кор шурӯъ кардаанд. Дар эълони аксар марказҳои забономӯзӣ забони англисӣ дар раддаи аввал меистад. Маблағи якмоҳаи омӯзиши забони англисӣ дар ин марказҳо дар шаҳри Душанбе аз 200 то 500 сомониро ташкил мекунад.Муштариёни чунин ширкатҳо низ хеле зиёданд, чунки донистани забони англисӣ дар Тоҷикистон яке аз шартҳои асосии ёфтани кори хуб ва маоши баланд ба шумор меравад.

Лола Солиева, як зани миёнсоли тоҷик мегӯяд, на дипломи мактаби олӣ, балки дониши забони хориҷӣ, ки вай дар курсҳои алоҳида азхуд кард, ба ӯ дар пайдо кардани ҷои кори муносиб кӯмак кард: «Ба воситаи забони хориҷӣ ман кор ёфтам. Панҷ сол мешавад, ки кор мекунам ва зиндагиам беҳтар шуд», мегӯяд ӯ.

Аммо ҷомеъашиносон як сабаби кундии омӯзиши забони англисӣ дар Тоҷикистонро бештар ба самтгирии Тоҷикистон ба сӯи Русия ва буду боши беш аз 1 миллион тоҷик дар қаламрави кишварҳои русзабон марбут медонанд. Барои намуна, ҷавонони Ӯзбакистон забони русиро хеле маҳдуд ва хати сириликро умуман намедонанд. Онҳо бештар рӯи омӯзиши забони англисӣ тамаркуз мекунанд, ки имкони кору таҳсил дар хориҷаро барояшон осон кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG