Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё дар мубориза алайҳи хушунати занон кӯмак мекунад


Марк Вудҳам, муовини сафири Бритониё дар Тоҷикистон омодагии кишварашро барои кӯмак дар мубориза алайҳи хушунати занон эълом кард.

Ҷаноби Вудҳам, рӯзи ҷумъаи 23 ноябр зимни нишасти хабарӣ бо хабарнигорон гуфт, дар ҳоле, ки феълан дар ҷаҳон 70 дарсади занон ба хушунатҳои хонаводагӣ рӯбарӯ ҳастанд, Тоҷикистон низ аз ин мушкилӣ дар канор нест.

Ин дипломатии бритониёӣ таъкид кард, ки кишвараш раёсати гурӯҳи ҳаштгона дар ҷаҳон дар соли 2013 –ро ба дӯш мегирад ва таваҷҷӯҳи асосӣ низ ба мавзӯи мубориза бо хушунат алайҳи занон карда хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳукумати Бритониё барои мубориза бо ин падидаи номатлуб маблағи 1 миллион фунт стерлинг ба СММ ихтисос додааст.

Ба таъкиди Марк Вудҳам, хушунат алайҳи занон дар шароити феълӣ ба унвони мушкили умда боқӣ мемонад ва хушунати ҷинсӣ бештар аз дигар намудҳои он мояи нигаронист. Аммо муовини сафири Бритониё дар Душанбе бар ин бовар аст, ки ҷанбаи қонунӣ, бавижа таъйини ҷазо барои шахсони муртакиби хушунати ҷинсӣ метавонад, то андозае ин падидаро аз байн барад.

Изҳороти муовини сафири Бритониё дар ин робита дар ҳолест, ки ҳамакнун дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи ҷинояти ҷинсӣ», дар дасти баррасист ва тасвиби ҳар чӣ зудтари он барои ҳалли мушкилоти марбут ба хушунат дар ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ин аст, ки Марк Вудҳам гуфт, ҷониби Бритониё метавонад дар ин замина аз лиҳози молӣ ба давлати Тоҷикистон кӯмак кунад.

Изҳороти муовини сафир дар робита ба хушунат дар ҷаҳон ва Тоҷикистон дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва муассисоти давлатӣ рӯзи ҷумъа дар ҳамоише ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии хушунат алайҳи занон, дар Душанбе ба баррасии анвои мухталифи хушунат дар Тоҷикистон пардохтанд.

Зимнан, мавориди хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон дар чанд соли ахир ба мушоҳида расидааст. Ниҳодҳои давлатӣ, ки дар солҳои пеш нисбати ин мавзӯъ камтар гузориш медоданд, ҳамакнун ошкоро ба вуҷуди зушунат алайҳи занон таъкид доранд. Ба иттилои масъулони Кумитаи занони Тоҷикистон, муроҷиати занон ба ин ниҳод бо шикоят аз хушунат зиёд шудааст. Ин афзоиш ба боло рафтани сатҳи огоҳии ҳуқуқии занон марбут дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG