Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Алвидоъ, телеграмма! Марҳабо, СМС?


Дар Ҳиндустон рӯзи 14 июл ҳазорон нафар ба идораҳои телеграфу почта рехтаанд, то ки ҳанӯз ин хадама ҷон надода, охирин телеграммаи худро бифиристанд.

Идораи телеграфи Ҳинд, ки яке аз охирин ширкатҳои бузурги телеграфи боқимонда дар дунё ба шумор меравад, акнун ба таърихи 162-солааш нуқтаи таммат мегузорад. Ин ширкат рӯзи якшанбе охирин фармоишҳоро пазируфта, охирин телеграммаҳояшро рӯзи душанбеи 15 июл ба мухотабон хоҳад расонд ва бо ҳамин тарки бозор мекунад.

Шабакаи телеграф як замон василаи асосии иртибот дар Ҳинд ба шумор мерафт ва дар солҳои 80-уми асри гузашта, ки даврони авҷи фаъолияташ шинохта мешавад, ҳар рӯз то 600 000 телеграмма мерасонд.



Аммо баъди ба бозори мухобирот даромадану хадамаҳои дигари иртибототиро аз ин майдон танг кардани телефонҳои мобил ва Интернет, истифода аз хидмати телеграф низ рӯ ба коҳиш овард. Ба ҳадде ки дар ширкати телеграфи Ҳинд имрӯзҳо ҳамагӣ ҳудуди 5000 коргар боқӣ монда буд ва ин ширкат дар рӯз ҳамагӣ то 5000 телеграмма қабул мекард. Рақаме ки дар қиёс бо 1,3 миллиард аҳолии Ҳиндустон қариб ҳеҷ аст.

Шамим Ахтар, мудири Идораи марказии телеграф, ё Почтамти Деҳлии нав – пойтахти Ҳинд – мегӯяд: “Дар ин навъи хидматрасонӣ, нархи кор хеле баланд аст. Ирсоли як телеграмма бо ҳамагӣ 30 калима барои шумо 25 рупия(қариб ним доллар) тамом мешавад, дар ҳоле ки фиристодани СМС хеле арзон аст. Ин яке аз сабабҳо буд, чунки телеграмма барои мардум бо нархи гарон тамом мешуд ва мардум аз он истифода намебурд.”

Аммо Роҳташ Верма, як коргари оддии идораи телеграфи Ҳинд мегӯяд, аз ҳаёти башарият рафтани телеграмма ба маънои аз дасти инсоният рафтани як дастоварди фавқулодда муҳим аст: “Телеграмма чизи хеле муҳим аст. Шабакаҳои телефони мобил дар бисёр ҷойҳо кор намекунанд ё хутути заминӣ ба бисёр ҷойҳо ҳанӯз кашонда нашудааст. Вале телеграф дар чунин маконҳо фаъол аст. Телеграмма 160 сол умр дорад ва ҳанӯз аз замони ҳукмронии Бритониё кор мекард. Мардум ниёз дорад, ки нусхаи аснодаш дар мавриди додани иҷозат ба касе, азмаш ба никоҳ ё талоқ ё таъйиди хабари маргро ба додгоҳ бирасонад. Ин акнун барои мардум мушкил мешавад. Ин ба ҷомиа хидмат мекард. Ҳарчанд ки дигар фоида намеовард, вале ин бахш бидуни фоидаву бидуни зиён фаъолияташро ҳифз карда буд.”


Телеграммаи таърихӣ ба Сталин

Телеграммаи таърихӣ ба Сталин

Телеграмма яке аз нахустин васоили интиқоли хабар бо истифода аз воситаҳои барқии алоқа буд. Нахустин телеграммаро 28 майи соли 1944 кашшофи маъруфи амрикоӣ Семюэл Морзе, муаллифи “Алифбои Морзе”, равон кардааст. Дар оғози асри 20 телеграф муҳимтар василаи алоқа дониста мешуд ва ин аст, ки Владимир Ленин дар дастури маъруфаш дар бораи шеваҳои доир кардани инқилоб гирифтани телеграфро дар қатори вокзалу бонк аз аввалин вазифаҳои нирӯҳои инқилобӣ унвон мекунад.

Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс соли 1930 дар як озмоиш маълум кард, ки як телеграмма дар зарфи ҳамагӣ 2 соату 5 дақиқа курраи Заминро ду маротиба чарх мезанад. Гаронбаҳотарин телеграмма дар таърихи инак 169-солаи ин навъи алоқа телеграммае шинохта мешавад, ки 12 апрели соли 1961 раҳбари вақти Шӯравӣ Никита Хрушёв ба нахустин кайҳоннаварди дунё Юрий Гагарин фиристода буд. Ин телеграмма соли 1993 дар музоядаи Сотбис бо қимати 68 500 доллар ба фурӯш рафт. Western Union - ширкати амрикоии пештоз дар бозори таҳвили пули дунё, ки тақрибан 150 сол барои интиқоли маблағҳояш аз телеграф истифода мебурд, 27 январи соли 2006 аз он даст кашида, ба васоили навтару арзонтар ва осонтари иртибот гузашт.


Почтамти Душанбе

Почтамти Душанбе

Телеграмма ба ҳайси василаи иртибот дар бисёр гӯшаҳои дунё, аз ҷумла дар Русияву Тоҷикистон, боқӣ мондаанд. Вале сели фанновариҳое ки ҳамарӯза ба ҳаёти инсоният дохил мешаванд, ҳокист, ки аз умри ин навъи қадимаи «мактуб ба масофаи дур» (тарҷумаи таҳтуллафзи вожаи телеграмма аз забони юнонӣ) моҳҳо ё шояд солҳои башумор мондааст.

Ва телеграмма батадриҷ ба бойгонии дастовардҳои як замон нодиру пешқадам ва дигар нодаркоршудаи инсоният, чун мошинкаи чопӣ, видео- ва аудио- касеттаҳо, пайёмгиру факсу китоби телефонҳо, дискетаҳои компутарҳои чанд насли аввал, пейҷерҳо ва амсоли ин мепайвандад.
XS
SM
MD
LG