Пайвандҳои дастрасӣ

"Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам" (ВИДЕО)


Баъди анҷоми маросими савганд ва гашти низомӣ дар маркази Душанбе Эмомалӣ Раҳмон вориди Қасри Миллат шуд ва расман ба давраи нави ҳафтсолаи раҳбариаш бар Тоҷикистон шурӯъ кард.

Дар гашти низомӣ ба шарафи оғози давраи нави раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ дар маркази Душанбе тақрибан 5000 аскару афсари нирӯҳои низомиву интизомии Тоҷикистон ширкат карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр қаблан дар суханронии худ дар маросими оғози расмии давраи нави ҳафтсолаи раёсаташ дар Кохи Сомони бӯстонсарои ҳукуматӣ гуфт, самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар бидуни тағйир боқӣ хоҳад монд ва он сиёсати дарҳои боз хоҳад буд.


Оқои Раҳмон дар ин робита гуфт, ки Тоҷикистон муносибаташро бо тамоми кишварҳои хайрхоҳ идома хоҳад дод. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки Тоҷикистон равобити худро бо ҳамсояҳои наздик бар асоси усулҳои пазируфташуда, тавсеа ва тақвият мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ёдоварӣ аз шароите ки 21 сол пеш ба қудрат расид, гуфт, ӯ дигар нашудааст, балки ҳамонест, ки дар соли 1992 буд.


Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳамчунин ба самтҳои сиёсати давлаташ барои 7 соли оянда ишора кард ва истиқлолияти энергетикӣ, бурунрафт аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавориро аз ҳадафҳои муҳими давлати худ хонд.

Субҳи 16 ноябр дар шаҳри Душанбе маросими адои савганди раисиҷумҳури Тоҷикистон оғоз ёфт.Маросими имсолаи адои савганди ӯ соати 09-00 дар иҷлосияи шашуми муштараки ҳарду маҷлиси парлумони Тоҷикистон дар бинои Маҷлиси олӣ шурӯъ шуд. Ба дунбол дар Кохи Миллат Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи президентӣ ва Маҳкам Маҳмудов, раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ нишони президентиро ба ӯ супурданд.


Эмомалӣ Раҳмон дар савганди худ аз ҷумла гуфт: "Ман ҳамчун президент савганд ёд мекунам, ки конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам. Сарзамин, исттиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хизмат мекунам."

Расми оғози давраи нави ҳафтсолаи раёсати Эмомалӣ Раҳмон, соати 11-00 дар "Кохи "Сомон"-и бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон идома кард. Дар ин маросим раҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, намояндагони аҳли ҷомиа ва корпуси дипломатии муқими Душанбе ва ҳамчунин наздикони президент, бо шумули зану фарзандони ӯ, ширкат карданд.

Маросими адои савганди раиси ҷумҳур аз тариқи ҳама шабакаҳои телевизиони давлатӣ мустақиман пахш шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG