Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин сафари Э.Раҳмон ба Ромит пас аз амалиёт алайҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим"


Дар дараи Ромит қисми низомии таъйиноти махсуси вазорати дифои Тоҷикистон таъсис шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми июн дар дараи Ромит қисми низомии таъйиноти махсуси вазорати дифои Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд ва ба ҳайати шахсии он Байрақӣ ҷангӣ супурд. Қисми низомии таъйиноти махсуси вазорати дифои Тоҷикистон дар дараи Ромит бо харҷи 17 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Оқои Раҳмон ҳадаф аз таъсиси ин қисми низомиро, "ташкилу пуррагардонӣ ва ҷобаҷогузории ҷузъу томҳо дар самтҳои муҳими ҳарбиву стратегӣ ва аз тарафи дигар, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар ҳолатҳои фавқулодда", гуфтааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар назди сарбозон ва афсарони ин қисми низомӣ бо ишора ба таҳаввулоту ҳодисаҳо дар ҷаҳони муосир ҳушдор додааст, ки "ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои муассир андешида, дар ин замина иқтидори мудофиавии мамлакатро боз ҳам тақвият бахшем."

Таъсиси қисми низомии таъйиноти махсуси вазорати дифои Тоҷикистон дар Ромит дар ҳоле сурат мегирад, ки ин мавзеъ тирамоҳи соли гузашта саҳнаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва афроди тарафдори муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" буд.

Субҳи 4 сентябр афроди силоҳбадаст ба шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ва як гурӯҳи вижаи пулис дар шаҳри Душанбе ҳамла карданд ва худи ҳамон рӯз мақомот масъулияти ин ҳамларо ба дӯши муовини вазири дифои Тоҷикистон генерал-майор Абдуҳалим Назарзода бор карданд ва гуфтанд, ки ӯ аз ҳисоби размандагони собиқи мухолифин гурӯҳи мусаллаҳ ташкил дода, ба исёни мусаллаҳона омодагӣ мегирифт.

Абдуҳалим Назарзода ва тарафдорони мусаллаҳаш ба дараи Ромит дар тақрибан 50-километрии шарқи Душанбе паноҳ бурданд ва амалиёти таъқиби онҳо то 16 сентябр 12 рӯз давом кард ва бо кушта шудани генерал Назарзода ва муовинаш сарҳанг Ҷунайдулло Умаров ба поён расид.

Бар асоси иттилои расмӣ, давоми 12 рӯзи амалиёт 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва 25 тан аз гурӯҳи Назарзода кушта ва беш аз 150 нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ин ошӯб дастгир шуданд. Дар пайи аз байн бурдани гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода мақомоти Тоҷикистон ҳизби мухолифи наҳзати исломиро ба раҳбарии ин талоши шӯриш айбдор карданд ва фаъолияти ин ҳизб бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 29 сентябри 2015 расман манъ карда шуд.

Дараи Ромит дар 16 200 гектар замине, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1959, дар “Мамнӯъгоҳи давлатии табиии Ромит” муттаҳид карда шудаанд, доман густурда, аз саргаҳи дара то поёнаш тақрибан 50 километр тӯл дорад. Ин дара дар самти шарқ ба Обигарм ва аз тариқи дараи Канаск ба дараи Камароби ноҳияи Рашт, дар ғарб аз тариқи Роҳатӣ ва Теппаи Самарқандӣ ба дараи Варзоб ва он тараф то марзи Регар бо Узбакистон ва дар самти шимол ба навоҳии Айниву Мастчоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон роҳ дорад.

Дар гузашта гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин чандин бор ба дараи Ромит паноҳ бурдаанд. Дар поёни соли 1992, дар пайи аз даст додани шаҳрҳои Душанбе ва Кофарниҳон (Ваҳдати кунунӣ) аксари нирӯҳои мухолифини вақт маҳз дар Ромит сангар гирифтанд. Баъди чанд моҳи муқовимат нирӯҳои асосии онҳо ба раҳбарии Ризвон Содиров аз Ромит ба самти Рашт ақиб нишастанд, вале гурӯҳи Нозим Юсуфов, ки асосан ҷангиёни зодаи минтақаи Кофарниҳонро муттаҳид мекард, то поёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, яъне то соли 1997 дар Ромит монд. Нозим Юсуфов соли 1999, баъди хатми ҷангҳо дар як муноқишаи дохилӣ байни худи размандагони мухолифин дар Ромит кушта шуд.

Исми Ромит бори дигар соли 2000-ум, замоне дар забони расонаҳо афтод, ки Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, яке аз фармондеҳони саркаши мухолифин, баъди шикасти нирӯҳояш дар дараи Ҳакимии ноҳияи Нуробод муддате дар Ромит паноҳ бурд ва бо ҷангиёни боқимондааш аз ҳаминҷо ба Афғонистон рафт.

Дар соли 2001, вақте нирӯҳои ҳукуматӣ гурӯҳи силоҳбадасти ду фармондеҳи дигари саркаш – Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба Раҳмон-Гитлер, ва Мансур Муаккаловро дар минтақаи Теппаи Самарқандӣ, дар канораҳои шарқии Душанбе, шикаст доданд, онҳо низ ба дараи Ромит фирор карданд. Вале ҳамагӣ баъди чанд рӯз ҳарду дар як амалиёт дар Ромит кушта шуданд ва ин исён, ба фарқ аз мавридҳои қаблӣ, зуд фурӯ нишонда шуд.

Солҳои охир номи дараи Ромит бештар бо сохтмони осоишгоҳҳои навбанав ва дар соли 2014 бо хабари ба ширкати чиноии China Nonferrous Gold Limited супурдани 100 дарсади саҳмияҳои кони тилои Покрӯд, ки низ дар ҳамин дара ҷойгир шудааст, дар забонҳо мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG