Пайвандҳои дастрасӣ

Чанд натиҷаи 7 соли ахири раёсати Эмомалӣ Раҳмон


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии солонаи ҳукумати Тоҷикистон як навъ ҳисоботи кори ҳафтсолаи Эмомалӣ Раҳмон дар даври дувуми раёсати ҷумҳурияш хоҳад буд.

Ҷаласаи навбатии солонаи ҳукумати Тоҷикистон охирин ҷаласаи солонаи ин ҳукумат дар даври кунунии ҳафтсолаи раёсати Эмомалӣ Раҳмон ва қабл аз интихоботи навбатии раёсати ин ҷумҳурист, ки бояд моҳи ноябр доир шавад. Аз ин нигоҳ, суханронии ҷаноби Раҳмон дар ин нишаст як навъ ҳисоботи кори ҳафтсолаи ӯ ҳам буда метавонад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз поёни соли 1992, инак, 20 сол боз зимоми раҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад, дар тирамоҳи соли 2006 дар як интихоботи амалан бидуни рақобат ва бар 4 номзад аз аҳзобе, ки аксар аҳзоби кисагии ҳукумат унвонашон мекунанд, пирӯз шуд. 18-уми ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон бо адои савганд дар як маросими хеле пуршукӯҳ ва монанд ба расми ба тахт нишастани як подшоҳ давраи навбатии ҳафтсолаи раёсаташро шурӯъ кард.

Бурд дар субот ва бохт дар ислоҳот

Пафоси ин маросим умедҳоеро ҳам дар қалбҳо шӯъла дод, ки шояд Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ самимона мехоҳад дар ин давраи раҳбариаш ба хотири ба ёдгор мондани як номи нек, ё ба истилоҳ барои таърих кор кунад. Аммо бо он ки Раҳмон роҳии соли ҳафтум ва ниҳоии ин давраи раҳбариаш мешавад, оё то куҷо дар иҷрои ваъдаҳое ки дар тирамоҳи соли 2006 супурда буд, комёб шудааст?

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов

Ҳифзи субот ва оромӣ дар Тоҷикистонро таҳлилгарон як бурди аслии ҳукумати Раҳмон дар 7 соли гузашта медонанд, вале мегӯянд, дар бахшҳои дигар давлати ӯ чандон комёб нест, ки дастгоҳи таблиғотии ҳукумат мехоҳад нишон диҳад. Таҳлилгари мустақил Парвиз Муллоҷонов мегӯяд: “Шояд бурд дар он буд, ки ба ҳар ҳол, субот дар кишвар нигоҳ дошта шуд. Вале дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бурд камтару бохт бештар аст. Мутаассифона, раванди ислоҳот пеш нарафт ва ончӣ ки дар мавриди ислоҳот анҷом мешавад, хеле рӯякист. Аксари мардум дар муҳоҷират аст ва бавижа дар пешорӯи интихобот бояд талоши зиёд ба харҷ диҳанд, то мардумро бовар кунонанд, ки вазъ хуб аст ва оянда боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.”

Аз Қасри Миллат то нақби Шаҳристон

Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, аз соли 2006 ба ин сӯ давлат фаъолияти ба сурати умум муваффақ дошт, ки намунаҳояш бунёди нерӯгоҳҳои Сангтӯдаи яку ду ва шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бо ду нақби Анзобу Шаҳристон аст, ки равуои доимӣ байни шимолу марказ ва ҷануби Тоҷикистонро таъмин кард. Тарафдоронаш, ҳамин тавр, баъд аз 15 соли рукуд дубора эҳё шудани бозори сохтмон ва дар Душанбе қомат афрохтани биноҳои зиёд ва тағйири симои маркази пойтахт бо Қасру Миллату Китобхонаи миллии ҷадид ва Боғи Рӯдакиро аз дигар комёбиҳои ин давраи раёсати ҷаноби Раҳмон медонанд.

Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, дастовардҳои ҳукумат танҳо дар як соли 2012-ро чунин таъриф кард: “Ҳукумат дар соли гузашта рушди иқтисодиро таъмин карда тавонист. Таваррум ҳам чандон баланд набуд ва дар аксарияти соҳаҳо муваффақиятҳои назаррас дошт ҳукумат. Чизи аз ҳама барои мо, албатта, сулҳу субот ва ваҳдати миллист, ки ин ҳам Сайфуллоҳ Сафаров

Сайфуллоҳ Сафаров

аъмин карда шуд. Амалиёти Бадахшон шояд аз муваффақтарин амалиёти ҳукумат буд. Дар сиёсати хориҷӣ низ ҷалби таваҷҷӯҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тарҳи нерӯгоҳи Роғун, ҳалли масъалаи тамдиди замони будубоши пойгоҳи Русия ва пайвастани Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат аз комёбиҳои давлат дар соли 2012-анд.”

Аммо мунтақидон мегӯянд, Тоҷикистон бо онки ҳар сол як миллион мардумаш барои мардикорӣ ба Русия меравад, бештар ба сохтани корхонаҳо ниёз дошт, то ба Қасри Миллат, ки қароргоҳи худи Эмомалӣ Раҳмон аст, ё Китобхонаи бузурге, ки хонанда надорад. Онҳо ҳамин тавр, аз қарори пулакӣ кардани шоҳроҳи Душанбе –Чаноқ ва ро пулакӣ кард ва бо ироаи имтиёзҳои зиёд ва раҳоии комил аз пардохти молиёт ба ширкати IRS, ки гумон меравад, марбут ба яке аз наздикони раисиҷумҳур аст, супурдани ин шоҳроҳ интиқод мекунанд.

Амнияти Абдулназар, аз раҳбарони ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд: “Ин сохтмонҳои Душанбе, ба мисли Китобхонаи миллиро, наметавон муваффақият номид. Чунин истифодаи сармояҳои хориҷӣ Тоҷикистонро зери бори қарз кард. Беҳтар буд, агар ягон корхона месохтанд, ки мардум ба ҷои кор таъмин мешуд. Мардум ба нон ниёз дошт, то ба китобхона. Хуб аст, ки чизе сохтанд, вале бештар барои худнамоӣ буд. Ё ба ҷои китобхона ягон маркази гармидиҳӣ месохтанд, ки мардуми пойтахт бо оби гарму бо гармӣ таъмин мешуд.”

Пурвазиртарин “Хонавода”

Амнияти Абдулназар

Амнияти Абдулназар

Падидаи дигаре, ки ба ақидаи мухолифон, дар ҳамин давраи ахири раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон барҷаста шуд, ба мақомҳои баланди давлатӣ ва ҳам ба майдони тиҷорати кишвар нуфуз кардани хешу табори президент, аз ҷумла фарзандон ва домодҳову қудоҳои сершумори ӯст, ки дар маҳофил бо номи “Хонавода” ёд мешаванд. Ин раванд бо интисоби Гул Шералӣ, яке аз қудоҳои президент ба маснади муҳими вазири саноат ва энержӣ дар поёни соли 2006 оғоз ёфт ва имрӯз, дар поёни ин давраи ҳафтсолаи раёсати Раҳмон мо Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳро дорем дар раёсати ширкати роҳи оҳан, Ҳасани Асадуллоҳзодаро - дар раъси “Ориёнбонк”- бузургтарин бонки Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиевро - дар симати муовини аввали вазири молияву ҳамсари ӯ – духтари президент Озода Раҳмоноваро – дар курсии муовини вазири хориҷа, Матлубхон Давлатзодаро - дар мақоми муовини сарвазир ва масъули блоки иқтисодии ҳукумат ва ҳам Рустами Эмомалӣ - писари калонии президентро – дар раҳбарии як департаменти Кумитаи гумрук ва ҳам дар раъси Федератсияи футболи Тоҷикистон...

Чунин ҳузури, ба ақидаи мунтақидони давлат, беш аз ҳадди пайвандони раисиҷумҳур ҳатто латифаеро эҷод кардааст, ки шояд баъд аз чанд сол ба Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории ҷаласаи ҳукумат шарт нест, ки аз хона берун равад, зеро ҳамаи аъзои ҳукумат иборат аз аҳли хонаводааш хоҳанд шуд. Ҳамин тавр, дар ин 7 сол тақрибан ҳама тиҷоратҳои “равғанӣ” дар Тоҷикистон низ дар дасти хешовандони сершумори Раҳмон мунсаҷим шуд, ки гурӯҳҳои дигари нуфузҷӯ, аз ҷумла дар дохили худи доираи ҳокимро нороҳат кардааст. Амнияти Абдулназар мегӯяд: “Дар ҳақиқат, имрӯз ҳукумат, иқтисод ва сиёсат дар Тоҷикистон монополия шудааст. Тамоми ҳукумат ва иқтисод дар дасти як фард қарор гирифтааст, чунки ҷаноби Раҳмон ҳар се шохаи қудратро дар даст дорад – ҳам раиси ҳизб аст, ҳам раиси ҳукумат ва ҳам раиси ҷумҳур. Мардум монополияро хуш надорад ва ин метавонад ба интихоб шудани ӯ барои давраи навбатӣ таъсири манфӣ расонад.”

Дар аксҳо: Эмомалӣ Раҳмон. 20 сол дар сари қудрат



Аммо Сайфуллоҳ Сафаров аз маркази тадқиқоти стротегии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ бар ин бовар аст, ки ҳузури пайвандони Эмомалӣ Раҳмон дар мақомҳои давлатӣ зиёд муболиға мешавад: “Аз аъзои оилаи президент, яъне аз фарзандони ӯ ягон нафар дар ягон вазифаи аввал нест. Агар бошанд, ё муовинанд, ё сардори раёсат, ё ҳамин гуна вазифаҳои дараҷаи дуву се. Вале касе аз онҳо дар мақомҳои аввал нест.”

Фақрро кӣ коҳиш дод: Ҳукумат ё муҳоҷирон?

Тарафдорони ҳукумат мегӯянд, имрӯз ҳаҷми иқтисоди Тоҷикистон назар ба соли 2006 беш аз 3 маротиба афзуда, аз марзи 30 миллиард сомонӣ убур кардааст, ҳаҷми будҷа ҳам дар ин муддат 4 маротиба афзуда, ба 12 миллиард сомонӣ расид. Аз 64 дарсади соли 2006 то 46 дарсад коҳиш ёфтани шумори мардуме, ки зери хатти фақр ба сар мебаранд, низ аз дастовардҳои давлати Раҳмон гуфта мешавад. Аммо ба ақидаи мунтақидон, дар ин 7 сол қарзи хориҷии кишвар дувуним маротиба бештар ва беш аз 2 миллиард доллар шудааст ва коҳиши фақр ҳам асосан меваи 3 миллиард доллар пулест, ки муҳоҷирони тоҷик ҳар сол ба ватан мефиристанд.

Аз нигоҳи тарафдорон, Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа, назири Туркманистону Узбакистон, ба озодиҳои сиёсии мардум эҳтироми бештаре қоил ҳаст, ки як намунааш вуҷуди озодии нисбии матбуот ва фаъолияти даҳҳо нашрияи мустақил ва интиқодӣ танҳо дар Душанбест. Аммо мунтақидон мегӯянд, дар ҳамин 7 сол фасоди идорӣ ва ҳам парастиши шахси Раҳмон густариш ёфт ва насби аксу иқтибосҳои бешумор аз суханрониҳои ӯ, пешвозгириҳои “шоҳона” дар навоҳӣ ва он ҳама сели мадҳу санои президент, ки ҳар рӯз матбуоти расмӣ ба мағзи мардум ҷо мекунад, дигар муносиби як раҳбари асри 21 нест.

Лимити барқ

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Бо ин ҳама, барҷастатарин нокомии ин давраи раёсати Эмомалӣ Раҳмон, ки асароташро ҳар хонаводаи сокини Тоҷикистон ҳар фасли сармо ба истилоҳ дар пӯсти худ эҳсос мекунад, лимити барқ аст. Як ваъдаи умдаи ҷаноби Раҳмон пеш аз рафтанаш ба давраи нави раҳбарӣ аз байн бурдани ҳамин лимит буд ва ӯ боре ҳатто ваъда супурд, ки лимити барқ дар Тоҷикистон дуруст 15 апрели соли 2009 ба афсона табдил хоҳад ёфт. Вақте соли 2009 ҳам гузашту лимит гум нашуд, маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғун оғоз ёфт ва барои дастикам се моҳи аввали соли 2010 ҳамаро умедвор кард, ки боз як зӯри дигар ва Тоҷикистон аз ин балои бебарқӣ халос хоҳад хӯрд.

Вале тарҳи Роғун ҳам дар пайи мухолифатҳои Узбакистон “асир”-и чордевори қоғазбозиҳои Бонки ҷаҳонӣ шудааст ва ҳоло кам касе бовар дорад, ки ягон рӯз ба сохтани Роғун амалан иқдом шавад. Бо ин ҳол, лимити барқ, ки бо вуҷуди гузашти 20 сол аз оғози ҳукумати Раҳмон ҳанӯз побарҷост, ба бовари аксар, метавонад як чолиши ҷиддӣ барои номзадии ӯ дар интихоботи моҳи ноябр шавад. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон метавонад бо истифода аз манобеъи маъмурӣ ва ҳам шояд ба далели ҷуръати мубориза накардани рақибони билқувва дар ин интихобот низ ба пирӯзӣ бирасад, вале мавзӯъи барқ, ки барои мардум ҳатто аз масъалаи “хонаводагӣ” шудани ҳукумати Раҳмон ҳам муҳимтар аст, дардисарҳое барои ӯ эҷод хоҳад кард: “Масъалаи барқу гармӣ хеле ҷиддист. Азоби онро тамоми мардум мекашад, бавижа берун аз Душанбе. Ин як масъалаи хеле муҳим мешавад дар интихобот.”

Аммо Сайфуллоҳ Сафаров мӯътақид аст, ки масъалаи барқ бо пеш омадани шароити хос метавонад баръакс ба як қартаи муҳим ба фоидаи Эмомалӣ Раҳмон табдил ёбад: “Мавзӯи лимити барқ, албатта, вазнин аст. Вале агар Бонки ҷаҳонӣ моҳи феврал хулосаи мусбат диҳаду мо ду чархаи нирӯгоҳи Роғунро ба кор дарорем, соле баъд масъалаи лимит дар Тоҷикистон аз байн меравад ва ин шояд як қартаи бисёр хуби пешазинтихоботии президент ҳам шавад.”

Тоҷикистон дигар Тоҷикистони соли 2006 нест

Таҳлилгарон мегӯянд, дар ҳар сурат, бо рушди Интернет дар солҳои охир ва бахусус баъди инқилобҳои “Баҳори Араб” на ҷаҳон дигар он ҷаҳони соли 2006 аст ва на Тоҷикистон – он Тоҷикистоне, ки 7 сол пеш буд, ва Эмомалӣ Раҳмон шояд ин бор натавонад ба он осоние, ки дар соли 2006 муяссараш шуд, ба пирӯзӣ бирасад. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, мушовирони наздик ба президент мехоҳанд, то ӯро ба хотири касби ҳимояти бештари мардум дар интихобот ба тағйироти ҷиддӣ, аз ҷумла дар сиёсати кадрӣ, таҳрик диҳанд. Аз ҷумла дар бораи эҳтимоли дар ҳамин ҷаласаи солонаи ҳукумат ё дар моҳҳои баъдӣ аз мақом гирифтани баъзе намояндагони дар чашми маҳофил бадномшудаи “хонавода” ва ҷалби ба истилоҳ “мағзҳои тоза” ба ҳукумат аз ҳисоби намояндагони манотиқи дигар сӯҳбат мешавад.

Аммо инки оё Эмомалӣ Раҳмон як ҷомаи ҷавобгӯтар ба мӯди имрӯзро ба тани кобинааш хоҳад пӯшонд ё бо ҳамон ҷомаи ваъдаҳои кӯҳнааш ба интихобот хоҳад рафт, ба назари бисёриҳо, дар ҳамин охирин ҷаласаи солонаи ҳукумати кунуниаш маълум хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG