Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон дар маросими "Шаби Арӯс" иштирок мекунад


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз -- 15-уми декабр бо як сафари расмӣ озими Туркия шуд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Туркия, бо Абдулло Гул, раисиҷумҳур, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазир ва Ҷамил Чичек, раиси парлумони ин кишвар дидору мулоқот хоҳад кард. Бино ба қавли манбаъ, ҷонибҳо дар ин дидору мулоқот бештар масоили ҳамкории миёни Тоҷикистону Туркияро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Ба иттилои манбаъ, зимни ин сафар ҳамчунин анҷумани соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, иштирок дар маросими Шаби Арӯс, ки манзур аз он ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, дар назар буда, инчунин Эмомалӣ Раҳмон аз Донишгоҳи ба номи Мавлоно боздид хоҳад кард.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур хабар медиҳад, ки дар натиҷаи музокироти расмӣ миёни Тоҷикистону Туркия як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ба имзо хоҳанд расид.

Тибқи иттилои Оҷонсии омор, ҷумҳурии Туркия ба панҷгонаи калонтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон дохил шуда, ҳаҷми додугирифт миёни ин ду кишвар тайи 11 моҳи соли равон ба 527 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст. Ба фарқ аз шарикони тиҷории дигар, Туркия калонтарин харидори молу колои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба ин кишвар аз воридот ба маротиб зиёд аст.

Туркия дар радифи аввалин кишварҳое буд, ки аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат пуштибонӣ кард.
XS
SM
MD
LG