Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори президент аз истифодаи “беҳуда”-и мошинҳои хидматӣ


Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратхонаҳои Тоҷикистон дастур дод, то дар ростои омодагӣ ба фасли зимистон аз маблағҳои будҷаи давлатӣ ба таври муассир истифода кунанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи 6-уми октябр дар ҷаласаи ҳукумати кишвар суханронӣ мекард, аз мақомоти ниҳодҳои давлатӣ тақозо кардааст, то “аз маблағҳои ҷудонамудаи будҷа сарфаҷӯӣ карда ва аз харҷи беҳудаю зиёдаравӣ ҷилавгирӣ кунанд”.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, “президенти Тоҷикистон, махсусан, дар мавриди истифодаи мошинҳои хидматии давлатӣ таъкид кард, ки дар бисёр маворид беҳуда истифода мешаванд ва аз раҳбарони идораҳо талаб кард, то мошинҳои сабукрави хидматӣ танҳо барои иҷрои кори зарур барои идораҳо истифода шаванд”.

Ин барои бори аввал нест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон вазирону дигар ходимони давлатиро барои истифодаи номуассир ва ба манфиати шахсии мошинҳои хизматӣ, мавриди интиқод қарор медиҳад.

Қаблан сӯйистифода аз мошинҳои хизматӣ дар кишвар ба қавле «мӯд» шуда, иддае аз амалдорон ҳатто дар рӯзҳои фориғ аз кори давлатӣ ҳам онро ба манофеи шахсӣ ё хонаводагиашон истифода мекарданд.

Аммо ба дунболи фармони президент дар чанд соли қабл, садҳо ҳолати ғайримақсаднок истифода бурдани нақлиёти хизматӣ ошкор карда шуд ва алайҳи ронандагон тибқи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои лозима тартиб дода шуда ва нисбати роҳбарони бевоситаи онҳо ба мақомҳои болоияшон мактубҳо барои андешидани чораҳои интизомӣ ирсол шуда буд.

Дар гузашта мавридҳои сӯиистифодаи мошинҳо хизматӣ аз аз сӯйи маъмурони Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта намешуданд. Танҳо пас аз таъкидҳои батакрор ва содир шудани амри расмии раиси ҷумҳур дар ин бора, ходимони милиса бо ҷуръати бештар чунин навъи қонуншиканиро сабтином мекунанд.

XS
SM
MD
LG