Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Иморот ба худдорӣ аз либоси миллӣ дар хориҷа


Намунаи либоси мардонаи арабӣ

Намунаи либоси мардонаи арабӣ

Мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб аз шаҳрвандонашон тақозо карданд, ки дар сафарҳои хориҷӣ аз пӯшидани либоси миллии кишварашон худдорӣ кунанд.

Ин даъват баъди он садо дод, ки як соҳибкори маҳаллӣ дар сафараш ба Амрико бо гумони терроризм боздошт гардидааст. Матбуоти Иёлоти Муттаҳида хабар дод, ки Аҳмад Ал-Менҳалӣ, марди 41-сола, ҳафтаи гузашта дар шаҳри Кливланди иёлати Оҳайо баъди як занги телефонии корманди меҳмонхона ба пулис дастгир шуд.

Ин мард бо қабои сафеди мардонаи арабӣ ва куфия – кӯлоҳи махсуси мардона боздошт шуд. Корманди меҳмонхона, ки бо пулис дар тамос шуд, гуфтааст, ин мард гӯё бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" иртибот дорад.

Вазорати корҳои хориҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 2 июл дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "Твиттер" машварат дод, ки шаҳрвандони ин кишвар бояд аз пӯшидани либоси миллии кишвари худ дар сафарҳои хориҷӣ ба хотири амнияти худашон худдорӣ кунанд. Дар як изҳороти ҷудогона, вазорат аз занҳои шаҳрванди Имороти Муттаҳидаи Араб хостааст, ки дар сафар ба Аврупо аз пӯшидани рӯи худ бо ниқоб ё либоси дигари худдорӣ намоянд.

Дар як навори видеоӣ, ки ба YouTube роҳ ёфтааст, дида мешавад, ки чанд ходими пулиси шаҳри Кливланд шаҳрванди Иморотро ба замин хобонда, ба дастонаш завлона мезананд ва ӯро кофтукоб мекунанд.

Телевизиони WEWS-TV-и шаҳри Кливланд баъдан як навори видеоиеро пахш кард, ки дар он ходимони пулис аз соҳибкор Ал-Менҳалӣ узрхоҳӣ мекунанд. Рӯзи 3 июл Вазорати корҳои хориҷии Имороти Муттаҳидаи Араб як дипломати баландпояи амрикоиро даъват карда, “норизоияти худро аз рафтори таҳқиромези пулиси Оҳайё бо як шаҳрванди Имороти Муттаҳидаи Араб” баён кардааст.

Ал-Менҳалӣ, ки бо ҳадафи муолиҷа ба Амрико омада буд, дафъатан вакили дифоъро ба наздаш хонда, аз тарзи бархӯрди пулис ва ходими меҳмонхона эътироз ва ин амалро таҳқиромез унвон кард. Дар лаҳзаҳои аввал ӯ гуфт, ки касе барои чунин амалаш аз ӯ пӯзиш нахост.

Бархе сокинони кишварҳои арабӣ, бахусус занон одат доранд, ки дар сафарҳои хориҷӣ бо либосҳои миллии худ сайругашт кунанд.

XS
SM
MD
LG