Пайвандҳои дастрасӣ

12 АКС: Гулчине аз суханрониҳои Ҳомиди Карзай


Дар анҷоми 13 соли раҳбарии печида ва зиддунақизи Ҳомиди Карзай Радиои Озодӣ иқтибосҳо аз суханрониҳои ӯ дар солҳои мухталифро дар як матлаб гулчин кардааст.

Ҳомиди Карзай, ки ҳар ду давраи мумкини раёсаташро тай карда буд, номзадиашро дар интихоботи имсолаи раёсатҷумҳурии Афғонистон нагузошт. Ин дар ҳолест ки дар кишварҳои воқеъ дар шимоли Афғонистон – 4 кишвар аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, ва дар Русия ҳокимонаш барои тамдиди замони раёсати худ аз тағйири Қонуни асосии кишварҳояшон парҳез накарданд ва охирин нафаре ҳам, ки бо чунин шева ба қудрат баргашт, раисиҷумҳури кунунии Русия Владимир Путин буд.

Аммо дар ин рӯз ки давраи раёсати Ҳомиди Карзай ба поён мерасад, порае чанд аз суханрониҳои ӯ дар солҳои мухталифро инҷо гулчин кардаем, ки як андоза роҳи пурпечутоби 13 соли раҳбарии ӯ бар ин кишвари ҷангзадаро бозгӯ мекунад.

"Онҳо акнун як гурӯҳи дар ҳоли фироранд. Онҳо дигар ҳукумат нестанд. Онҳо дигар ҷунбиши сиёсӣ нестанд. Онҳо дигар воқеъияти Афғонистон нестанд. Мо дигар ба ҳеҷ сурат онҳоро ҳамчун хатар намешиносем.”

- Октябри 2002, як сол баъд аз амалиёти таҳти раҳбарии Амрико, дар бораи Толибон дар мусоҳиба бо CNN

"Афғонистон,иншоаллоҳ, дар 3 ё 4 сол дигар ба пои худ рост хоҳад шуд. То он замон, албатта, мо ба кумаки қавии ҷомиаи байналмилалӣ, аз ҷумла Амрико, ниёз хоҳем дошт, то дар канори мо истод шаванд ва моро пурра пуштибонӣ кунанд."

- Феврали 2003, зимни суханронӣ дар Кумитаи равобити байналмилалии Сенати Амрико, як моҳ қабл аз ҳамлаи Амрико ба Ироқ

"Агар мо метавонистем, мо пеши роҳи онҳоро мегирифтем ва суқуташон медодем. Агар мо челак (санге ки ба тор мебанданд ва барои пойин овардани бодбарак истифода мебаранд) медоштем, мо ҳавопаймоҳои Амрикоро манъ мекардем.”

- Ноябри 2008, зимни эътироф ба ҳамлаҳои ҳавоӣ болои рустоҳои Афғонистон

"Бозиии гуштӣ байни мо оғоз ёфтааст ва, Иншоаллоҳ, Афғонистон баранда хоҳад шуд.”

- Феврали 2009, дар бораи ихтилофи назарҳои Кобулу Вошингтон

Карзай бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Карзай бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

"Мо талош хоҳем кард, то ҳарчӣ зудтар ба ин сарзамин сулҳ биорем, як сулҳи қоим дар саросари Афғонистон. Ва ман аз бародарони толиби мо ва дигарон хоҳиш мекунам, ки ба Ватани худ баргарданд.”

-Ноябри 2009, баъд аз эълони пирӯзиаш дар интихобот ва расидан ба давраи дуюми раёсат

"Агар шумо ва ҷомиаи байналмилалӣ болои ман боз ҳа мфишор биоред, савганд мехӯрам, ки ман ба Толибон мепайвандам. "

-Апрели 2010, суханронии Карзай дар баробари вакилоние ки тарҳи тағйирот ба қонуни интихоботро рад карданд (аз қавли як вакил)

"Давлати Эрон ба дафтари ман ҳар як ё ду сол 500, 600 ё 700 ҳазор евро кумак мекард, ки ин кумаки расмист. Ин шаффоф буд. Ин як чизест, ки ман ҳатто бо раисиҷумҳур Ҷор Буш баррасӣ карда будам. Ҷои пинҳон кардан нест, Амрико низ чунин корҳое мекунад. Халта-халта пул медиҳанд. Бале, айнан чунин аст.”

- Октябри 2010, дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи пул, аз ҷумла як дафъа 6 миллион доллар гирифтани дафтараш аз Эрон

"Худое нокарда, агар байни Покистону Амрико ҷанг шавад, мо аз тарафи Покистон хоҳем буд. Агар ба Покистон ҳамла шавад ва агар мардуми Покистон ба кумак ниёз пайдо кунанд, Афғонистон бо шумо хоҳад буд. Афғонистон барои шумо як бародар аст.”

- Октябри 2011, мусоҳиба бо телевизиони покистонии Geo дар пасманзари бад шудани равобити Кобулу Исломобод

"Биёед, пеши Худо дуо кунем, ки моро аз ин ду иблис ( Амрико ва Толибон) наҷот диҳад. Ҳоло дар кишвари мо ду иблис аст.”

-Марти 2012, дар вокуниш ба сӯзондани китобҳои Қуръон дар пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Багром

"Таркишҳо дар Кобул ва Хуст нишон медиҳанд, ки онҳо (Толибон) дар хидмати Амрикоянд. Онҳо мехоҳанд фикреро ба мо талқин кунанд, ки агар нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон набошанд, мо шоҳиди чунни ҳаводис хоҳем шуд. "

-Марти 2013, дар паёми телевизиониаш дар бораи ҳамлаҳои интиҳорие, ки 19 кушта ба ҷо гузошт

"Вуҷуди фасод дар Афғонистон амре воқеист. Аммо фасод дар идораи давлатӣ, аз ҷумла ришвахорӣ танҳо бахши хурде аз фасод аст. Бахши бузургтари фасод дар кишвари мо, ки садҳо миллион долларро дар бар мегира, рабте ба мо надорад. Бахши аъзами фасод ба хотири заиф сохтани ҳукумати мо истифода мешавад. Набояд моро дар он айбдор куннад. Ин айби мо нест."

-Декабри 2012, зимни айбдор кардани дасти хориҷӣ дар фасод дар паёми телевизионии Карзай

"Ман як пасифистам, ман як пасифисти комилу мутлақам. Ман эътиқоде ба ҷангу ба силоҳ ва ба сиёсат надорам. Фикр мекунам, ин ҳама ифлосист."

-Марти 2014, дар посухи ба суоли "Washington Post", ки оё дунё дар бораи ӯ чиро намедонад?

"Агар Амрикову Покистон дар воқеъ инро бихоҳнад, сулҳ ба Афғонистон меояд. Ҷанг дар Афғонистон ба фоидаи хориҷиҳост. Вале афғонҳо аз ҳарду ҷониби даргир гӯсфандҳои қурбонӣ ва тӯъмаи ин ҷанганд.”

-Сентябри 2014, дар паёми хайрбодиаш ба ҳукумат

XS
SM
MD
LG