Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз ним миллион доллари Иморот барои ҳунарҳои зебои Қайроққум


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як ширкат аз Имороти Муттаҳидаи Араб барои бунёди бинои ҳунаристон дар шаҳри Қайроққум беш аз ним миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Ширкати "Ал-Шафар" аз Иморати Муттаҳидаи Араб барои бунёди мактаби ҳунарҳои зебо барои бачагон дар Қайроққум 5 миллион сомонӣ, ҳудуди 750 ҳазор доллар, пул додааст. Ахиран раҳбари ин ширкати арабӣ, Аҳмад ал-Шафар ҳамроҳи Матлубахон Амонзода -- раиси шаҳри Қайроққум бо баргузории маҳфил ба пойдевори ин мактаб санги асос гузоштанд. Ҷаноби ал-Шафар гуфт, кӯдакон ояндаи ҷомеа ҳастанд ва ҳама нерӯ барои беҳтар гардондани зиндагии онҳо сарф карда шавад.

Некқадам Маҷидов, сарвари мактаби ҳунарҳои зебо барои бачагон 9 ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳунаристон атфоли маҳаллӣ навохтани асбобҳои мусиқӣ, нақшофарӣ, расмкашӣ, раққосӣ ва мисли инҳоро аз худ хоҳанд кард. Ба гуфтаи вай, ҷойи ҳозираи мактаби ҳунарҳои зебо кӯҳнаву танг буда, ба бозсозӣ ниёз дошт. Ӯ афзуд, мактаби нав дорои утоқ, таҷҳизот ва асбоби муосири ҳунарварӣ хоҳад буд. Ин мактаби ҳунарҳои зеборо ширкати маҳлии сохтмонии “Авитсенна” бунёд мекунад.

Ин дуюмин маблағгузорӣ аз суи ширкати “Ал-Шафар” аз Иморати Муттаҳидаи Араб ба бахши иҷтимоии Қайроққум аст. Баҳори соли гузашта як Маркази ташхисӣ ва табобатии ин ширкат бо харҷи 2 миллион доллар сохта шуда ва мавриди истифода қарор гирифта буд. Ин марказ дорои 14 утоқи ташхисӣ ва табобатӣ ва дорои беш аз 20 навъ таҷҳизоти муосири тиббист.

Ин дар ҳолест, ки то кунун аз кишварҳои арабӣ ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузории чашмрас сурат нагирифтааст ва сокинони Тоҷикистон бештар аз маблағҳои хайриявии сармоядорони араб дар бунёди масҷидҳо дар гӯшаву канорҳои Тоҷикистон ёд мекунанд. Вале дар солҳои охир бархе сармоядорони Иморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ ба рушди бахшҳои иҷтимоӣ ва сайёҳӣ ва ҳифзи олами ҳайвоноти нодири Тоҷикистон низ алоқамандӣ нишон медиҳанд ва аз ҷониби онҳо камубеш маблағгузорӣ низ сурат мегирад.

4-5 сол қабл шоҳзодаи Арабистони Саудӣ зимни сафари ғайрирасмиаш ба Тоҷикистон, ба наздикии “Бешаи палангон” ба шикор рафта, аз ҳукумати кишвар хоста буд, барои таъсиси парваришгоҳи ҳайвоноти шикорӣ дар ин минтақа иҷоза бидиҳад.

Ҳамчунин, соли 2012 гурӯҳе аз арабҳои шикордӯст ҳангоми сафар ба Тоҷикистон ба сайди дуғдоғ, мурғи бузургу зебое дар канори обанбори Қайроққум дар минтақаи Ашт, машғул шуда, бо мақомоти тоҷик шартномаеро ҷиҳати таъсиси парваришгоҳи парандаҳои нодири шикорӣ дар шимоли Тоҷикистон ва маблағгузорӣ барои иҷрои ин барнома ба имзо расонда буданд.

XS
SM
MD
LG