Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эликсири ҳаёт барои Назарбоев


Олимони Қазоқистон ахиран дар як анҷумани илмӣ ғизои наверо бо номи “Нэр” муаррифӣ карданд, ки ба иддаои онҳо, умри одамро дароз мекунад.

Пешниҳоди сохтани “эликсири ҳаёт” қаблан чандин бор аз забони худи раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев садо дода буд. Назарбоев, ки синнаш ба 72 расидааст, табъан аз сохтани шудани ин “эликсир” истиқбол кард, вале кашшофони “Нэр” мегӯяд, ки раисиҷумҳур ҳанӯз аз ин ғизои нерӯбахш начашидааст.

Донишмандони Донишгоҳи Назарбоев зоҳиран ба ҳалли мушкиле даст задаанд, ки дар пешорӯяш Абӯалӣ Сино оҷиз мондаву иқрор карда буд, ки “Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.”

Ғизои табиии “Нэр” дар зоҳир шабеҳи ҷурғоти обакист ва тарҷумаи номаш аз қазоқӣ низ “ғизо”-ст. Аммо ғизое, ки ба гуфтаи мудири кулли Маркази улуми ҳаётии Донишгоҳи Назарбоев Жаксибой Ҷумъадилов, кайфияти зиндагиро беҳтар ва умри
Донишҷӯёни Донишгоҳи Назарбоев. Акс аз бойгонӣ.
Донишҷӯёни Донишгоҳи Назарбоев. Акс аз бойгонӣ.
одамро дароз мекунад. Ҷумъадилов ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо барои сохтани “Нэр” аз микробҳои мавҷуд дар нӯшобаҳои миллии мардуми қазоқ, чун айрону қумису шубат, ки мутаносибан аз шири гову асп ва шутур омода мекунанд, истифода бурдаанд ва маззаи “Нэр” шабеҳи савмал аст, ки аз шири асп тайёр мекунанд ва ба зоҳир монанди айрон, вале айрон назар ба “Нэр” турштар аст. “Нэр” алакай марҳалаи озмоишҳоро пушти сар кардааст, вале ҳанӯз маълум нест, ки тавлидоти саноатиаш кай шурӯъ хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури 72-солаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар соли 2010, зимни суханронӣ дар ҳамин донишгоҳи ба номи ӯ гуфта буд, “мардуми синну соли ман хеле чашмбароҳанд, ки тибби оянда ба ҳалли мушкили дарозумриву тамдиди умр ҳарчӣ зудтар даст биёбад.” Ӯ дар як нишасти дигар ҳам ба тарафдоронаш изҳор дошта буд, ки омода ҳаст, дастикам то соли 2020 дар курсии раҳбарӣ бимонад, аммо агар, ба таъбири нимшӯхиву нимҷиддии оқои Назарбоев, барояш “эликсири ҳаёт” пайдо кунанд. Дар маҳофил ин ишораҳои Назарбоевро ба маънои фотеҳаи ӯ барои кашфи чунин нӯшдору талаққӣ карданд. Хусусан бо дарназардошти синни президент, ки ба қавли маъруф, “ба як ҷо расидааст” ва солтосол дар чашми мардум фартуттар менамояд.

Барои сохтани “Нэр” якуним сол сарф шуд, яъне дуруст ҳамон муддате ки аз замони сӯҳбати Назарбоев дар донишгоҳи Назарбоев гузашт. Вале Жаксибой Ҷумъадилов дар посух ба ин суоли Озодӣ, ки оё “Нэр” маҳз барои Нурсултон Назарбоев сохта шудааст, гуфт, бо вуҷуди ҳимояти молии давлат, сохтани “эликсири ҳаёт” супориши шахсӣ ё бевоситаи президент набуд ва алорағми ҳадсу гумонҳо, Назарбоев ин шарбати мӯъҷизавиро то ҳол ҳатто начашидааст: “”Мо ҳанӯз ба ӯ нишон надодаем. Мо, ки ҳар як чизи сохтаамонро ба президент намоиш намедиҳем. Ин кори ҳаррӯзаи мост. Баҳонаи муаррифии “Нэр” анҷумани
Намое аз Донишгоҳи Назарбоев дар шаҳри Остона. Акс аз бойгонӣ
Намое аз Донишгоҳи Назарбоев дар шаҳри Остона. Акс аз бойгонӣ
байналмилалии “Тибби регенеративӣ ва дарозумрии босифат” буд. Ва мо дар ин анҷуман ин маҳсулотро ба журналистон ҳамчун як дастовардамон намоиш додем.”

Дар солҳои 40 дар Иттиҳоди Шӯравӣ як маркази бузурги таҳқиқотӣ сохта буданд, ки як ҳадафи аслиаш, ба навиштаи расонаҳо, маҳз сохтани “эликсири ҳаёт” барои раҳбари вақт ва алакай пири фартутшудаи кишвар Иосиф Сталин буд. Аммо раҳбари ин пажӯҳишҳо академик Александр Богомолетс худ дар соли 1949, дар синни ҳамагӣ 65-солагӣ даргузашт ва мегӯянд, вақте хабари марги ӯро ба Сталин расонданд, фиғоне аз синааш берун шуд, ки “Фиреб кард, лаънатӣ!”

Жаксибек Ҷумъадилов мегӯяд, “Нэр” “эликсири ҳаёт” нест, ки ба инсонҳо умри бардавом ё абад бахшад. Ба гуфтаи ӯ, дарозумрӣ аз чандин омили ношӣ аз масоили тандурустиву муҳити зист ва иҷтимоӣ вобаста аст ва ғизоҳои табиие, чун “Нэр” танҳо таъсири мусбати омили тандурустӣ ба дарозии умри одамро таъмин мекунад. Аммо дар маҳофил фикр намекунанд, ки Назарбоев ё ҳар раҳбари дигари кӯҳансол чунин нӯшдоруи ҳаёт дар даст натавонад омилҳои боқӣ аз ин шуморро ҳам ба нафъи умри худ бигардонад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG