Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 11 салафӣ дар Хуҷанд


Масҷиди Хуҷанд
Масҷиди Хуҷанд

Дар чанд рӯзи охир дар вилояти Суғди Тоҷикистон 11 нафар бо гумони пайравӣ ба ҳаракати мамнӯъи мазҳабии Салафия дастгир шудаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти умури дохилии шаҳри Хуҷанд рӯзи 8 феврал хабар доданд, ки дар рӯзҳои охир 11 сокини шаҳрҳои Хуҷанду Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми узвият дар ҷунбиши мамнӯи мазҳабии Салафия дастгир шудаанд. Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, раҳбарии ин гурӯҳро Шӯҳрат Қӯзибоев ном сокини Хуҷанд бар ӯҳда дошта, дар ҳоли ҳозир аъзои он ба ташкил ва роҳандозии фаъолияти созмони ифротгаро ва даъват ба ифротгароӣ муттаҳам мешаванд.

“Ин гурӯҳро Шӯҳрат Қӯзибоев, сокини шаҳри Хуҷанд, ки дар як кишвари арабӣ таҳсил кардааст ва шогирди вай – Умед Ҳоҷиев, сокини ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғауров таъсис додаанд. Онҳо дар масҷидҳои панҷвақтаи маҳаллаи “Сари баланд” дар Хуҷанд ва “Ғозиён” ақидаи Салафияро байни намозгузорон тарғиб мекарданд. Дар натиҷа, байни намозгузорон баҳсу талошҳо рӯ задааст,”-мегӯянд манобеи мо.

Мақомоти интизомии Суғд алайҳи 11 сокини бо гумони пайравӣ ба ҷараёни мамнӯъи мазҳабии Салафия дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Биноба гуфтаи манобеъ аз раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ин афрод мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноии кишвар, 307, иловаи 3, қисми 2: “ташкили аъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгаро)” ва 189, ҚИСМИ 1 – “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ” айбдор эълон шуданд.

“Ин гурӯҳро Шуҳрат Қузибоев, сокини шаҳри Хуҷанд, ки дар як кишвари арабӣ таҳсил кардааст ва шогирди вай – Умед Ҳоҷиев, сокини ҷамоати Ғозёни ноҳияи Бобоҷон Ғауров таъсис додаанд. Онҳо дар масҷидҳои 5 – вақтаи маҳаллаи “Сари баланд” дар Хуҷанд ва “Ғозиён” дар ноҳияи Ғафуров ақидаи салафияро байни намозгузорон тарғиб мекардаанд,Дар натиҷа байни намозгузорон баҳсу талошҳо рух додааст,”- мегӯяд ин манбаъ.

Бино бар гуфтаи манобеъ аз раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Суғд, ин афрод мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноии кишвар - 307, иловаи 3, қисми 2 (таъсиси созмони экстремистӣ” ва 189, қисми 1 – “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ” айбдор шудаанд.

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ҷузъиёти аз ин бештари боздоштҳои ахирро ошкор карда наметавонанд, вале зоҳиран ин нахустин мавриди боздошти афрод бо гумони пайравӣ аз ҷараёни Салафия дар Суғд дар пайи ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2014 аст, ки Салафияро созмони ифротӣ эътироф кард. Ин созмон ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои экстремистиву ифротӣ, ки то имрӯз тақрибан 14 созмон, назири Ҳаракати исломии Узбакистон, Ансоруллоҳ, Толибон, Ал-Қоида Ҷамоати Таблиғ ва Гурӯҳи 24-и Умаралӣ Қувватовро дар бар мегирад, шомил шудааст.

Ҳаракати Салафия дар Тоҷикистон бо ҳукми қаблии Додгоҳи олӣ аз 8 январи соли 2009 манъ шуда буд, вале танҳо ду моҳ пеш, дар пайи афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати пайравони ин равия дар ҷангҳои Сурияву Ироқ дар сафи созмонҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ”, Душанбе билохира ба эътирофи салафиҳо ҳамчун нирӯи ифротӣ иқдом кард. Қаблан яке аз мушовирони раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, Душанбе ба хотири бад нашудани равобиташ бо давлатҳои арабӣ, аз ҷумла бо Арабистони Саудӣ, аз таъқиби салафиҳо худдорӣ мекунад.

Акнун бо ифротӣ шинохта шудани ҷунбиши Салафия, пайравони он бар асоси чанд банди моддаи 307-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки барои узвият ваё ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротӣ ва ташкили фаъолияти он ҳамчун ҷазо то 12 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад, таҳти таъқиб қарор мегиранд.

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ
Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ

Дар ибтидои моҳи январ овозаҳое паҳн шуда буд, ки гӯё ба дунболи судури ҳукми ахири Додгоҳи олӣ маъмурони раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 17 тан аз раҳбарони аршади салафиҳои Тоҷикистонро дастгир кардаанд ва гӯё дар байни онҳо домулло Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, ки раҳбари аввали равияи Салафия дар кишвар шинохта мешуд, низ ба даст афтодааст.

Хабари барои “ 6 ё 7 рӯз” дастгир шудану дар “пеши танка”(қароргоҳи раёсати корҳои дохилии пойтахт) будани Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ ва ёрони ӯро наздикони домулло Муҳаммадӣ низ дар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ карданд. Вале Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 16 январ дар нишасти хабариаш инро рад кард ва гуфт, баъди экстремистӣ эълон шудани Салафия 3 узви он дастгир шудаанд.

Дар ҳар сурат, дар моҳи январ дар ҳафтаномаи “Фараж” матлабе аз номи Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ нашр шуд, ки дар он ҳизби наҳзати исломӣ – умдатарин ташаккули мухолифини Тоҷикистон – ба сӯиистифода аз номи Ислом айбдор мешуд. Дар ин матлаб бо такя ба ин нукта, ки ба ақидаи муаллиф, дини Ислом ниёз ба ягон ҳизб надорад, ҳамчунин талаб мешуд, ки ҳизби наҳзат комилан баста шавад.

Бисёриҳо ин мақоларо, ки билофосила баъди раҳоии Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ чоп шуд, як навъ “нарх”-и озодии ӯ унвон карданд.

Сироҷиддин Абдураҳмонов
Сироҷиддин Абдураҳмонов

Нахустин гурӯҳи пайравони “Салафия” дар Тоҷикистон дар соли 2009 маҳкум ба зиндон шуданд, ки дар миёнашон Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин ва писараш Киромиддин низ буданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тасмими ахири Додгоҳи олӣ дар мавриди ифротӣ шинохтани салафиҳо дар пайи фаъолиятҳои рӯзафзуни пайравони ин равия дар Тоҷикистон гирифта шудааст. Як масъули дафтари матбуоти ВКД моҳи январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он ки фаъолияти пайравони “Салафия” дар кишвар манъ шудааст, боз ҳам онҳо дар ҳудуди Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд бештар шуда, “бо роҳҳои ғайриқонунӣ сокинонро ба ин ҷараён ҷалб мекунанд”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, пешвоёни “Салафия” аксаран хатмкардагони донишгоҳҳои исломии Покистон, Сурия, Яман ва Арабистони Саудӣ мебошанд. “Дар навбати аввал онҳо вазифаи асосии худро дар вайрон кардани тарзи намозхонии мазҳаби ҳанафӣ мебинанд. Бо ин мақсад онҳо ҳангоми адои намоз дар масҷидҳои калонтарини ҷумҳурӣ, дар байни намозгузорони одӣ худро намоиш дода, баъд аз хондани сураи «Фотиҳа» бо овози баланд «омин» гуфта, ҳангоми саҷда дастҳояшонро ба ду тарафи китф мебардоранд ва намози суннатро нахонда, намоишкорона сафи намозгузоронро тарк мекунанд,” - мегӯянд мақомомоти умури дохила.

Мусоҳиби мо дар идома гуфт, пайравони “Салафия” дар Тоҷикистон бо супориши, ба қавли ӯ, “махсус” ин ҷараёнро таблиғ намуда, ба намозгузорон пешниҳод менамоянд, ки ба ғайр аз Худои яккаву ягона ва Пайғамбар (с) дигар саҳобаҳо ва зиёрати мазори онҳоро эътироф накунанд.

Пайравони равияи Салафия тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "Омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд. Аммо баъди судури ҳукми Додгоҳи олӣ дар бораи манъи ин равия салафиҳои Тоҷикистон билофосила ба даҳон об гирифтанд ва дигар зиёд аз худ дарак намедоданд. То замоне ки номи ин созмон дигарбора дар робита ба ҳузури садҳо ҷавони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ дар забонҳо уфтод.

XS
SM
MD
LG