Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 кушта дар амалиёти вижа дар марзи Қирғизистону Чин


Kyrgyzstan – A border guard in Osh, undated
Kyrgyzstan – A border guard in Osh, undated

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ҳамаи ҷангиёнеро, ки бо як воҳиди марзбонӣ дар марзи ин кишвар бо Чин вориди даргирӣ шуданд, аз байн бурдаанд.

Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон шоми 23 январ хабар дод, ки гурӯҳи ҷиноиеро, ки дар минтақаи Оқ-Ширак, дар наздикии марзи Қирғизистон бо Чин як шаҳрванди қирғизро кушта ва бо нирӯҳои марзбонии минтақаи марзии Иссиқкӯл вориди задухӯрд шуд, дар натиҷаи як амалиёти вижа комилан маҳв кардаанд. Бино бар ин манбаъ, ҳамаи 11 ҷангиро дар минтақаи Пикертик дар 40-километрии марзи Қирғизистону Чин муҳосира кардаанд ва дар натиҷаи амалиёт ҳамаи ин 11 ҷангӣ кушта шуданд. Аз тарафи марзбонон танҳо як нафар ҷароҳати сабук бардоштааст, мегӯяд дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Задухӯрд дар байни марзбонҳои Қирғизистон ва гурӯҳи номаълум рӯзи 23 январ дар мавзеъи Оқ-Ширак, дар наздикиҳои марзи Чин сурат гирифт. Ба маълумоти мақомоти Қирғизистон, ин гурӯҳ як корманди хадамоти шикори Қирғизистонро кушта, силоҳи ӯро бо худ гирифтаанд. Ин гурӯҳи ношинос, ки ҳуввият ва теъдодаш мушаххас нест, баъдан ба сӯи марзбонҳои қирғиз, ки ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд, тир кушоданд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гурӯҳи махсусеро ба минтақаи задухӯрд фиристода буд Бино бар манобеъи хабарӣ, ин ҷангиён узви як гурӯҳи ифротгаро буда, зоҳиран аз қаламрави Чин вориди Қирғизистон шудаанд. Вале мақомоти Чин хабари аз қаламрави ин кишвар ба Қирғизистон гузаштани ҷангиёнро то ҳол на тасдиқ кардаанд ва на инкор.

Қирғизистон бо Чин 1049 километр марзи мустақим дорад, ки аксаран аз манотиқи кӯҳистон мегузарад.
XS
SM
MD
LG