Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 11 нафарро бо ҷурми узвият дар ҷараёни Салафия ва тарғиби ақидаҳои ин равияи динии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ равонаи зиндон кард.

Ба гуфтаи манобеъи додгоҳи шаҳри Хуҷанд, 11 сокини вилояти Суғд мутобиқи банди 307 - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне,иштирок дар фаъолияти равияи экстремистии динии фаъолияташ мамнӯъ муҷрим шинохта ва ба муддатҳои аз 3 солу 2 моҳ то панҷуним сол маҳкум ба зиндон намудааст.

Ин афрод сокинони аз 30 то 40-солаи шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, ҷаласаи додгоҳ дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и рақами 2, шаҳри Хуҷанд бо ширкати теъдоди каме аз пайвандони онҳо сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манобеъи додгоҳи шаҳри Хуҷанд, “бархеи ин сокинон мансуб ба қишри миёнаи аҳолӣ, устоҳои сохтмон ва таҷҳизоти барқӣ, сартарош буда, бархе дар вақти боздошт дар ҷое кор намекарданд. Онҳо дар маҳфилҳои гирди дастархони худ сокинони дигарро ба пазируфтани ақидаҳои равияи Салафия даъват мекарданд.”

Ин манобеъ мегӯянд, ба ҷуз даъват ба саффи Салафия ин 11 тан ба дигар аъмоли мухолифи қонун ё ҷинояткорие даст назадаанд, аз ин рӯ додгоҳ нисбат ба онҳо ҷазои нисбатан сабук таъин кардааст.

Ин афрод моҳи октябри соли гузаштаи 2015 аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд дастгир шуда буданд.

Ду ҳафтае қабл, Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, ки дар гузашта ба ҳайси раҳбар ё пешвои салафиҳои Тоҷикистон муаррифӣ мешуд, аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт гардид.

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ ("Шайх Маҳмадӣ"), нафаре, ки дар миёнаи солҳои 2000-ум, дар авҷи фаъолиятҳои равияи навбаромади Салафия яке аз сухангӯёни асосии онҳо дар баҳсҳои мазҳабӣ бо рӯҳониёни суннатӣ буд ва пешвои ҷонибдорони ин равия муаррифӣ мешуд, бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла барои "барангехтани кинаву адовати динӣ", муттаҳам шудааст.

Пайравони равияи Салафия тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд.

Дар моҳи январи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти салафиҳоро манъ кард. Баъди афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва инки аксари онҳо пайравони Салафия будаанд, Додгоҳи олӣ бо як ҳукми дигараш аз 14 декабри соли 2014 ин ҷараёнро "экстремистӣ" эълон кард.

Нахустин гуруҳи салафиҳои Тоҷикистон бо шумули Эшони Сироҷиддин ва писараш - Киромуддин соли 2009 бо қарори додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе равонаи зиндон шуданд. Эшони Сироҷиддин, ки яке аз мубаллиғони ин равияи тозапайдо муаррифӣ ва барои ҳафт сол зиндонӣ шуда буд, бар асоси қонуни афв пеш аз адои муҳлати ҷазояш аз ҳабс озод шуд ва алайҳи ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ ва бастани он изҳорот дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG