Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Филбачаи боғи ҷонварони шаҳри Прага яксолагии мавлудашро ҷашн мегирад. Таваллуди Сито 11 феврали соли 2013 барои ин боғ як ҳодисаи нодир буд.

Мавлуди Ситоро маъмурияти боғ ба як ид табдил дода, ба ифтихори ин ҷашн як консерти ҳунарпешаҳои касбӣ ва ҳам як сабад меваҳои хушмаззаро тақдим кард. Саломатии филбача хуб буда, вазнаш ҳоло ба ним тонна баробар шудааст. Дар маросими таҷлили зодрӯзи Сито тамошобинони хурду бузург медиданд, ки филбача ҳамеша дар иҳотаи падару модар ва дигар азизонаш мечархад. Боғи ҷонварони шаҳри Прага яке аз маъруфтарин маконҳои парвариш ва афзоиши саршумори ҷонварони нодир дар Аврупо ва ҳам ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Соле аз ин боғ як миллион нафар боздид мекунад. Саршумори ҷонварон садҳо адад буда, танҳо соли 2009 дар шароити боғ 959 ҷонвар соҳиби тифл шудааст.






Хонаводаи горилла, маймуни азимҷуссаи боғи ҷонварони Прага аз ифтихори дигари ин макон ба ҳисоб меравад. Хурдтарин узви оила Нуру будааст. Авлодҳои ӯ аз Африқо буда, исмаш, ба гуфтаи парасторонаш аз ҳамин калимаи тоҷикии нур гирифта шудааст. Нуруи яксолаю думоҳа хеле зуд ба яке аз маҳбубтарин ҷонварони боғ табдил шуд.


Воқеан ҳам боғи ҷонварони Прага фарорасии баҳорро шодбош мегӯяд. Селаи мурғони саққо аз таҳи дил дар боғча сайру гашт карда, баробари дидани парастори сатилбадаст ба сӯяш медавад. Ин хонум ба мурғонаш моҳичаҳои ширин омода кардааст. Мегӯянд, ки дар халтаи даҳони мурғи саққо то 5 литр обу ғизо ҷо мешавад ва ӯ дар ҷараёни рӯз то як кило моҳиро истеъмол мекунад. Нӯши ҷон


Хирсҳои сафеди боғи ҷонварони Прага ид доранд. Тамоми рӯз онҳо ҳунари шиновариашонро ба тамошобинон намоиш медиҳанд. Аксари ҷонварон аллакай дар боғчаҳои боз сайругашт мекунанд. Юзпаланги тезчангол аз баландӣ ҳамаро назорат мекунад, то ки ҳеҷ нохалафе ба макони зисти ӯ ворид нашавад.


Оҳуи лама наҳор дорад. Тамоми хонавода ба алафу об – марҳамат.
Ин ҷонварак думъасоӣ ном дошта аз хонаводаи мангуст, ё хаданг - душмани мору калтакалос аст.


Дар макони махсуси хазандаҳо, тамошобинон бо зиндагии тимсоҳу мор, игуанаву сангупуштҳо шинос мешаванд. Боғи ҷонварони Прага дар масоҳати 60 гектар ҷой гирифта барои дидани тамоми мавҷудоташ як рӯзи тамом сарф мешавад.
XS
SM
MD
LG