Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки Қирғизистон барои ҳар киловат соат нерӯи барқи содиротии кишвар 3.2 сент пардохт кунад. То ин дам Қирғизистон барои як киловат соат нерӯи Тоҷикистон 2,5 сент медод.

Тоҷикистон аз Қирғизистон талаб кардааст, ки аз ин ба баъд барои ҳар киловат соат нерӯи барқи содиротии кишвар 3.2 сент пардохт бикунад. Як масъули ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 16 март бо тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфт, "вале ин пешниҳод аст. Танҳо дар сурати пазируфта шуданаш аз ҷониби Қирғизистон амалӣ хоҳад шуд."

Як рӯз пештар, Ойбек Калиев - раҳбари ширкати барқи Қирғизистон низ дар нишасти парлумони кишвараш – Жогорку Кенеш – дар ин мавзӯъ сӯҳбат кардааст. Расонаҳои Қирғизистон ба нақл аз Калиев гуфтаанд, "музокирот дар заминаи воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ҷараён дорад ва дар сурати ба мувофиқа расидан, ҳатман интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон шурӯъ хоҳад шуд."

Ба гуфтаи раҳбари ширкати барқи Қирғизистон, соли гузашта ин кишвар нерӯи барқи содиротӣ аз Тоҷикистонро барои ҳар киловат соат ба маблағи 2,5 сент харидорӣ кардааст. Аммо ба гуфтаи вай "имсол қимати нерӯи барқи содиротӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон барои ҳар киловат соат то ба 3,2 сент афзоиш ёфта, ин амр ба Қирғизистон ҳам асар кардааст."

Ба иттилои Ойбек Калиев, ҷониби Қазоқистон ҳам қимати нерӯи барқи содиротӣ ба Қирғизистонро афзоиш додааст, аммо вай дар ин бора рақами мушаххасеро наовардааст. Дар ҳар сурат, ба таъкиди Ойбек Калиев, Қирғизистон ба далели камии захираҳои обӣ – барқӣ маҷбур аст дар ҳудуди 650 миллион киловат соат нерӯи барқро аз хориҷ ворид кунад.

Дар Тоҷикистон дар фасли тобистон беш аз 4 миллиард киловат соат нерӯи барқи изофӣ тавлид мешавад. То кунун Тоҷикистон барқи изофиашро бештар ба Афғонистон содир мекунад. Vоҳи гузашта ширкати барқи Афғонистон аз Тоҷикистон дархост карда буд, rb ба далели ба дарозо кашидани тармими пояҳои барқи вайроншуда аз сӯи Толибон дар Бағлон, ба он кишвар барқи бештар содир намояд.

Дар охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷараёни даргириҳои шадид миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Бағлон, як пояи хатти интиқоли нерӯи барқи баландшиддат тахриб шуда буд. Аз тариқи ин хатти баландшиддат нерӯи барқ аз Узбакистон ба Кобул мунтақил мешуд. Дар пайи тахриби он шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон ба камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ шуд.

Як пояи хатти барқи Сангтӯда-1 - Пули Хумрӣ, ки барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро интиқол медод, низ шоми 9 феврал дар вулусволии Данди Шаҳобуддини вилояти Бағлон таркондаанд, вале он ба зудӣ тармим шуд. Ваҳидуллоҳ Тавҳидӣ, сухангӯи ширкати "Брешно" дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки мушкилоти барқи Кобул рафъ шудааст, зеро онҳо аз Тоҷикистон 100 мегаватт барқ мегиранд. Сухангӯи ширкати барқи Афғонистон дар айни ҳол гуфтааст, ки ба Тоҷикистон паёми катбӣ фиристода ва тақозо кардаанд, ин миқдор ба 150 то 180 мегаватт боло бурда шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG