Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби пояи дигари барқи содиротии Тоҷикистон дар Бағлон


Мақомоти маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон мегӯянд, ки шаби гузашта як пояи дигари барқи воридотии Тоҷикистон дар вулусволии Бағлони марказии вилояти Бағлон, тахриб шудааст.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бағлон мегӯянд, ки як пояи барқи воридотӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон шаби 20 ба 21-уми январ дар ҳудуди он вилоят тахриб шудааст. Ин барои бори дувум аст, ки давоми моҳи ҷорӣ пояҳои барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон дар ин вилоят аз сӯи афрод мусаллаҳ вайрон мешавад.

Муҳандис Ғуломҳусайн Ҳайдар, раиси барқи вилояти Бағлон рӯзи 21 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин пояи барқ шаби гузашта тарконида шудааст, аммо ба замин наафтида ва ҷараёни барқ низ қатъ нашудааст. Ӯ афзуд, пояи барқи воридотии Тоҷикистон дар деҳаи Боши Аллоҳдоди вулусволии Бағлони маркази тахриб шудааст. Ба гуфтаи раҳбари раёсати барқи Бағлон, аз ин хатти барқ 150 мегаватт нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол меёфт, ки панҷоҳ дарсади он ба Кобул мерасид.

Ғуломҳусайн Ҳайдар мегӯяд, ки то кунун барои бозсозии ин пояи барқ иқдоме сурат нагирифтааст, зеро мақомҳои ин вилоят, авлавиятро барои сохтани пояи барқи воридотии Узбакистон, ки дар минтақаи Данди Шаҳобуддин тахриб шудааст, додаанд.

Аз ин қабл, як пояи хатти барқи Сангтӯда-1 -- Пули Хумрӣ рӯзи 9 феврал дар вулусволии Данди Шаҳобуддини вилояти Бағлон тарконида шуда буд. Ба гуфтаи масъулони ширкати барқи Афғонистон, хатти барқи Тоҷикистон тавассути мина инфиҷор дода шуда буд. Сухангӯи ширкати "Брешно" он замон тахриби хатти барқи Тоҷикистон ва тахриби хатти барқи Узбакистон дар поёни моҳи январро кори дасти мухолифони ҳукумати Афғонистон номид ва гуфт, ки онҳо чунин аъмолро маҳкум мекунанд.

Аз ин қабл дар авохири моҳи гузашта дар ҷараёни даргириҳои шадид миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Бағлон, як пояи хатти интиқоли нерӯи барқи баландшиддат тахриб шуда буд. Аз тариқи ин хатти баландшиддат нерӯи барқ аз Узбакистон ба Кобул мунтақил мешуд. Дар пайи тахриби он шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон ба камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ шуд.

Ахиран нерӯҳои амниятии афғон эълон карданд, ки рӯзи ҷумъа минтақаеро дар вилояти Бағлон, ки пояҳои барқи воридотӣ ба он кишвар тахриб шуда буд, ба контрол дароварданд. Минтақаи Данди Шаҳобиддин баъд аз чанд рӯзи ҷангҳо ба тасарруфи нерӯҳои давлатӣ даромадааст.

Тармими пояҳои вайроншудашудаи барқи Осиёи Миёна ба Кобул
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

XS
SM
MD
LG