Пайвандҳои дастрасӣ

Ин ҳавзаҳои интихоботӣ тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро дар бар мегиранд.

Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Кумиcсиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ 68 ҳавзаи интихоботиро дар 68 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон таъсис доданд ва дар ин ҳавзаҳо кумиссиюнҳо ба фаъолият пардохтанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Додоев, "ин ҳавзаҳо дур аз биноҳои ҳукумат ва муассисаҳои давлатӣ ташкил шудаанд ва ҳадафи аслӣ дахолат накардани ҳукуматҳои маҳаллӣ ба раванди баргузории интихобот ва таъмини шаффофияти ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар кишвар аст".

Ба таъкиди раиси дастгоҳи КМИРТ, ҳар ҳайати кумиссиюнҳои ҳавзавӣ 7-нафарӣ узв дорад, ки умдатан аз ҳисоби кормандони риштаи маориф, беҳдошт, фарҳанг, собиқадорони кор ва раисони маҳаллаҳо ташкил шудаанд.

Ҳамчунин ба иттилои масъулони КМИРТ, дар дохили Тоҷикистон 3145 марказ ё участкаи раъйдиҳӣ низ созмон дода шудааст.

Вай гуфт, ки беш аз 4 миллион нафар сокини ин кишвар ҳақи раъйдиҳӣ дар интихоботро доранд, ки аз ин шумор, ҳудуди 900 ҳазор нафарашон дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд. Айни замон, Додоев таъкид кард, ки шумори дақиқи раъйдиҳандагон 15 рӯз қабл аз баргузории интихобот маълум хоҳад шуд.

Тибқи иттилои раиси дастгоҳи КМИРТ, дар хориҷ аз кишвар низ ба манзури фароҳам овардани шароити раъйдиҳӣ ба шаҳрвандон, 59 маркази раъй ташкил шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба интихоботи порлумонии соли 2010 се маротиба бештар аст.

Ба ин тартиб ҷаноби Додоев мегӯяд, ки танҳо дар қаламрави Русия дар 24 шаҳру вилояти он марказҳои раъйдиҳӣ ташкил шудаанд, ки умдатан дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Твер, Тула, Саратов, Волгоград, Уфа, Қазон, Екатеринбург ва дигар маконҳои таҷаммӯи умдаи шаҳрвандони Тоҷикистон воқеъ гардидаанд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ қаблан раҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев низ хабар дода буд.
Зимнан, марказҳои аслии раъйдиҳӣ барои муҳоҷирон дар сохтмони сафорати Тоҷикистон, консулгариҳои ин кишвар дар манотиқи мухталифи Русия ва ҳам дар созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар ин кишвар таъсис мешаванд. Барои дигар бахши шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзи интихобот берун аз ватан хоҳанд буд, шароити овоздиҳӣ дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва ҳам хориҷаи дур низ созмон ёфтаанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 6-уми ноябр, ки ҳамзамон рӯзи қабули Қонуни асосии кишвар аст, баргузор мешавад.

То имрӯз 6 ҳизби сиёсӣ ва ду созмони ҷамъиятӣ, назири ҳизби наҳзати исломӣ, демократӣ, кишоварзӣ, сотсиалистӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, коммунистӣ ва созмонҳои Иттифоқи ҷавонон ва Иттифоқи касаба номзадҳои худро ба мақоми раёсатҷумҳурӣ пешниҳод кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG