Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ду мақоми калидии давлати худро эълон кард


Чак Ҳегел бо Обама ва Леон Панетта
Чак Ҳегел бо Обама ва Леон Панетта

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико Чак Ҳегелро вазири ояндаи дифоъ ва Ҷон Бреннанро, ки то ҳол мушовири президент дар умури зиддитерроризм буд, раиси CIA пешбарӣ кард.

Обама номзадҳо ба ин ду мақоми калидиро рӯзи душанбе дар Вашингтон эълон кард ва акнун номзадии ин ду нафарро бояд Сенати Амрико ба тасвиб расонад.
Обама ҳангоми муарифӣ дар бораи Чак Ҳегел гуфт, ки "раҳбарии Чак Ҳегел бар низомиёни мо таърихӣ хоҳад буд. Вай аз ҷумлаи аввалин шахсоне дар феҳрист аст, ки ба мақоми вазири дифоъ пешниҳод мешавад ва яке аз вазироне хоҳад буд, ки дар ҷанг захмӣ шудааст ва аввалин собиқадори ҷанги Ветнам аст, ки раҳбарии вазоратро бар ӯҳда мегирад”.

Ҳегел дар ин мақом Леон Панеттаро иваз меекунад. Ҳегел, ки собиқадори ҷанги Ветнам аст бо интиқодҳои худ бар зидди Исроил ва бо талошҳояш барои музокира бо Эрон, ном баровардааст.

Барак Обама бо Ҷон Бреннан
Барак Обама бо Ҷон Бреннан
Номзади дигар Ҷон Бреннан дар CIA ё ЦРУ 25 сол собиқаи корӣ дорад. Вай дар барномарезии амалиёти зидди Усома бин Лодин-раҳбари шабакаи террористии "Ал-Қоида" ва аз байн бурдани вай дар амалиёти соли 2011 нақши аслӣ дорад. Обама дар бораи Бреннан мегӯяд:

“Дар давоми 4 соли ахир ҳамчун мушовири ман дар умури муқобила бо терроризм ва амнияти дохилӣ Ҷон Бреннан стратегияи муқобилаи ҳамаҷониба бо терроризмро инкишоф дод ва ба он раҳбарӣ мекард. Талошҳои ҳукумат, ба вижа ниҳодҳои кашф, дифоъ, амнияти дохилӣ ва ниҳодҳои интизомиро ҳамоҳанг мекард”.

Обама дар давраи аввали раёсати ҷумҳуриаш соли 2008 мехост Ҷон Бреннанро ба раҳбарии CIA орад. Вале худи Бреннан дар лаҳзаҳои ахир пеш аз баррасии барномаи номзадҳо дар Сенат номзадиашро фаро хонд, зеро давлати Ҷорҷ Буш барномаҳои бозпурсиии боздоштшудагонро такмил дода буд ва мунаққидон мегӯянд, ки тибқи ин барномаҳо бозрасҳо ба шиканҷаи боздоштшудагон роҳ дода будаанд.
XS
SM
MD
LG