Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солеҳӣ: "Эрон иҷозаи сарнагунии Асадро намедиҳад"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Теҳрон гуфтааст, ки Чин, Русия ва Эрон ба давлатҳои ғарбӣ иҷозат намедиҳанд барои саркӯбии Башор Асад дар Сурия, мудохила кунанд.

Али Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар гуфтугӯ бо пойгоҳи хабарии «Араби пресс» гуфтааст, «Эрон иҷозаи муваффақияти тарҳҳо ва сенарияҳои ғарбӣ барои сарнагунии ҳукумати Сурияро намедиҳад.»

Тибқи ин гузориш, оқои Солеҳӣ ҳар гуна мудохилаи низомии бархе кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ ба мухолифони ҳукумати Сурияро маҳкум кардааст. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Эрон, «иқдомот ва барномарезии кишварҳои ғарбӣ ва бархе кишварҳои минтақа зидди Сурия, чизе ҷуз нақзи ошкори тавафуқномаҳо ва арзишҳои осмонӣ ва заминӣ нест.» Ӯ ин иқдомотро «душманона ва якҷониба зидди давлат ва мардуми Сурия» хондааст.

Тибқи ин гузориш, вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин тавофуқномаҳои байналмилалӣ алайҳи ҳукумати Сурияро маҳкум кардааст ва онро «зидди истиқлоли кишварҳои узви СММ» донистааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ин қатъномаҳо, афзоиши фишор бар Сурия барои тағйири мавзеъи ин кишвар дар баробари Исроил ва Амрикост.

Гурӯҳҳои мухолифи Сурия ва кишварҳои арабӣ Теҳронро муттаҳам мекунанд, ки бо пуштибонӣ аз давлати Башор Асад, ба хунрезиҳо дар Сурия доман мезанад.
Чин ва Русия низ дар ин муддат аз ҳукумати Сурия ҳимоят кардаанд. Кишварҳои ғарбӣ ин ду кишварро ба хотири вето кардани се қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ ба ҳадафи фишори бештар ба раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад барои поён додан бӯҳрон дар ин кишвар, сарзаниш мекунанд.

Гузоришҳо мегӯянд, аз замони оғози эътирозҳо дар Сурия дар моҳи марти соли 2011, то кунун 38 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Али Акбари Солеҳӣ дар ин мусоҳиба ҳамчунин гуфтааст, мардуми Сурия ҳақ доранд раиси ҷумҳур ва навъи низоми худро бо баргузории интихобот таъйин кунанд ва ҳеҷ кишвари хориҷӣ наметавонад ин ҳаққро аз мардуми Сурия бигирад.

Вазири умури хориҷии Эрон ҳимояти Теҳрон аз «гуфтугӯҳои миллӣ байни ҳукумат ва мухолифони Сурия» таъкид карда ва гуфтааст, ки роҳи ҳал барои поёни бӯҳрон дар ин кишвар, «гуфтугӯи фарогир бидуни мудохилаи хориҷиҳо» аст.
XS
SM
MD
LG