Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номзадии Шокирҷон Ҳакимов сабт нашуд


Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ҳарчанд ба тарафдорияш севуним ҳазор имзо ҷамъ овардаам, вале мақомот аз сабтиноми номзадии ӯ дар ҳавзаи рақами 19-и Конибодом худдорӣ кардаанд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), худдории ҳавзаи якмандатии рақами 19-и Конибодом барои сабти номзадии ӯ дар интихоботи парлумонии якуми мартро ғайриқонунӣ донист.

Ӯ рӯзи 27 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун ба тарафдорияш севуним ҳазор имзо ҷамъ овардааст, аммо масъулони ҳавза гуфтаанд, то замони мушаххас шудани мавқеи ҲСДТ дар масъалаи интихоботи парлумонӣ номзадии ӯро сабт нахоҳанд кард. Ҷаноби Ҳакимов аз роҳи худпешбарӣ дар интихобот иштирок карданист.

Муовини раҳбари ҲСДТ мегӯяд, ин дастури шифоҳии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аст. Дар ҳоле ки ба қавли Шокирҷон Ҳакимов, “аввал, салоҳияти кумисюни ҳавзавии интихобот аст, ки бидуни машварат бо КМИРТ масъаларо баррасӣ ва ҳал кунад. Дувум, ҳамагуна дастуру супоришҳо ба шакли қарор ва хаттӣ вориди комиссияи ҳавзавӣ шавад. Аммо инҳо махсус ҳамин хел рафтор карданд. Чунки дастури бе санад дар додгоҳ баррасӣ намешавад.”

Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ин амалкарди масъулони ҳавзаи якмандатии рақами 19 дар Конибодом асоси қонунӣ надорад ва, ба бовари ӯ, мақомот мехоҳанд, аз ҳар роҳе намояндаи Ҳизби ҳокими халқӣ – демократиро дар интихоботи 1 март дар ин ҳавза пирӯз гардонанд.

Азим Бобоҷонов, раиси ҳавзаи якмандатии рақами 19, дар шарҳи ин қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси тавсияи КМИРТ то замони рӯшан шудани мавқеи ҲСДТ оид ба интихоботи парлумонӣ наметавонанд намояндаи ин ҳизбро то 7 феврал сабт намоянд. Ҷаноби Бобоҷонов афзуд, “вагарна дар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи Шокирҷон Ҳакимов ҳамчун номзади худпешбарӣ ҳеч мушкиле нест”.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки ҳафтаи гузашта Шӯрои сиёсии ҲСДТ гуфта буд, дар сурати расидагӣ нашудан ба қазияи Шӯҳрат Қудратов – муовини зиндонии раҳбари ин ҳизб, масъалаи бойкоти интихобот дар назар аст. Вале Раҳматулло Зоиров мегӯяд, онҳо мушаххас нагуфтаанд, ки интихоботро бойкот хоҳанд кард ва ин танҳо баҳонаи ҳавза барои пешпо додан ба намояндаи онҳост.

Шокирҷон Ҳакимов ҳоло аз роҳи худпешбарӣ мехоҳад, дар интихобти парлумонии 1 март иштирок кунад. Дар Анҷумани пешазинтихоботии ҲСДТ, ки моҳи декабри соли гузашта баргузор шуд, номи Шокирҷон Ҳакимов низ дар феҳристи ҳизбӣ қарор гирифт, аммо баъдан бо хоҳиши худи ӯ лағав гардид. Ҳакимов дар интихоботи парлумонии соли 2010 низ аз ҳавзаи якмандатии рақами 19 номзадияшро пешбарӣ карда, бо Насрулло Маҳмудов – собиқ додситони шаҳри Кӯлоб вориди рақобат шуд, аммо пирӯз нагардид. Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ӯ мисли номзадҳои дигар "сунъӣ" нест, балки аз тарафдории зиёди мардум бархӯрдор аст, вале ба эътиқоди ӯ ҳамеша тақаллубкории мақомот боиси аз бозӣ берун шудани ӯ мегардад.

7-уми феврал рӯзи охирини сабти номи номзадҳоест, ки аз роҳи худпешбарӣ вориди корзори интихобот барои дарёфти курсии вакилӣ дар Маҷлиси Намояндагон мешаванд. Ин интихобот рӯзи якуми март баргузор мешавад ва Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон борҳо ба шаффофият ва таъмини шароиту имконияти баробар ба ҳама номзадҳо таъкид кардааст. Ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон аз ҷумлаи аҳзобест, ки то кунун дар парлумон намоянда надорад ва ин интихоботро фурсате барои худ медонад.

Ин ҳизб дар авалҳои 2000-ум, дар замоне ки Раҳматилло Зоиров мушовири ҳуқуқии Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, ташкил шуда, баъди истеъфои ӯ ба як ҳизби мухолиф ва “сермушкил” табдил ёфтааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG