Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирию... Даст ба ҷиноят задану зиндон рафтани пирони солдида


Таҳлили мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки натанҳо ҷавонону наврасон, балки гоҳо ҳатто афроди солхӯрда ҳам барои аъмоли ғайриқонунӣ пушти зиндон мераванд.

Яке аз чунин қазияҳои расонаишуда ба 8 соли маҳбас маҳкум гардидани пирамарди 80-солае дар Исфара аст, ки ба рӯи додрас тезоб ё кислота пошида. Ваё ахиран дар вилояти Хатлон марди солхӯрдаи 71- солае ба озодӣ баромад, ки ду соли пеш ӯро бо ҷурми сангандозӣ ба ҳавлии ҳамсоя паси панҷара андохтанд.


Маҳбусони солманд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00
Линки мустақим


Ҳарчанд, ниҳодҳои зирабт аз ироаи омори дақиқ дар мавриди мизони ҷинояткории афроди солхӯрда, худдорӣ мекунанд, аммо ҳуқуқдонҳо ва ҳам зиндониёни собиқ теъдоди чунин афродро дар Тоҷикистон дар муқоиса ба дигар қишри ҷомеа камтар намедонанд. Онҳо мегӯянд, пиронсолони синнашон аз 60 боло аксаран ба ҷиноятҳои мисли авбошӣ, дуздӣ, таблиғи ҳизбҳову ҳаракатҳои мамнӯъ, даллагӣ ва қочоқи маводи мухаддир даст зада, бархе ҳатто дар куштор низ муҷрим шинохта шудаанд.

Меҳриниссо Назарова, рӯзноманигори тоҷик , ки асосан ба таҳқиқи мавзӯъҳои ҷиноӣ машғул аст, дар сӯҳбат ба радио «Озодӣ» гуфт, «мисолҳое мавҷуд аст, ки занҳои солхӯрда ба даллагӣ ва интиқоли маводи мухаддир машғул шудаанд. Барои мисол чанд моҳ қабл як зани наберадори синнаш наздики 60, ки чанд фоҳишахона доштааст, аз дасти ҷавони 24- сола бо зарби 9 корд ба қатл расонида шуд. Ва ё додгоҳи шаҳри Хуҷанд парвандаи собиқ декани бо иттиҳоми ташкили 9 фоҳишахонаро баррасӣ карда буд.»

Хонум Назарова аз мушоҳидаҳои худ мегӯяд, афроди солхӯрда низ бо вуҷуди таҷрибаи рӯзгор ба мисли ҷавонон гоҳҳо дар зери таъсири шахсони манфиатҷӯ монда, гумроҳ мешаванд ва қонуншиканӣ мекунанд.

Шодигул Ғаффороваи 31- сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ки соле пеш аз маҳбаси занонаи шаҳри Норак озод шуд, мегӯяд, шахсан бо наздики 20 зани солхӯрдае дар ин зиндон рӯ ба рӯ шудааст, ки бо ҷароими мухталиф адои ҳукм мекарданд. Шодигул қисса мекунад ки «дар миёни ин занҳо онҳое буданд, ки барои қочоқи маводи мухаддир, дуздӣ,куштор ва ё ғайриқонуни убур кардани марз айбдор мешуданд. Аммо теъдоди онҳое ҳам кам набуд, ки мегуфтанд онҳоро барои дуздии либос ва ё пул тӯҳмат кардаву бегуноҳ зиндон намудаанд. Аммо ин занҳо нисбат ба маҳбусони ҷавон хеле меҳрубон буданд ва модарона муносибат мекарданд.»


Маҳбаси занонаи Норак
Маҳбаси занонаи Норак
Шодигул мегӯяд, дар маҳбаси занонаи Норак занҳое, низ буданд, ки аз дилсӯзӣ гуноҳи фарзанди ҷинояткорашонро ба гардан ва ба ҷойи онҳо мӯҳлати ҷазоро адо мекарданд, зеро ба назари бисёриҳо, қозиёни тоҷик маъмулан нисбат ба ҷинояткори мард ба зан ҳукми сабуктар медиҳанд ва ҳам имкони раҳоии зан бар асоси қонуни афв бештар аст. Ба гуфтаи Шодигул, агарчӣ нисбат ба бархе аз ин занҳои солхӯрда қонуни афв татбиқ шуда бошад, гурӯҳе аз онҳо ҳамоно зиндагии худро дар маҳбас пушти сар мекунанд. Ӯ афзуд, «ман шахсан 5 чунин зани пиронсолро мешинохтам, ки гуноҳро фарзандашон содир кардаанд , аммо онҳо айбро ба дӯш гирифтаанд. Онҳо мегуфтанд, мо чӣ гуна метавонистем фарзандамонро дар зиндон бубинем, беҳтараш худамон зиндонӣ шавем.»

Аммо дар миёни маҳбусони солдида онҳое ҳам ҳастанд, ки гургони борондидаи оламии ҷиноӣ ба ҳисоб мераванд ва такрору батакрор зиндонӣ шуда, бархеаш ҳатто чанд даҳсола аз умри худро пушти панҷара сипарӣ карда, маҳз зиндонро хонаи асосии худ мешуморанд.

Як маҳбуси собиқи зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе, ки 7 соли умри худро дар ҳамин муассиса пушти сар кардааст ва аз ифшои номаш худдорӣ кард, мегӯяд, дар ин маҳбас ҳудуди 50 нафареро медонист, ки синнашон аз 60 ба боло буд. Ба нақли вай, аксари ин афроди пиронсол дар ҳолати қаҳру ғазаб даст ба ҷиноят зада буданд ва ҳамеша изҳори пушаймонӣ мекарданд.

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, онҳо бисёр мехостанд, ки афв шаванд ва зудтар зиндонро тарк кунанд, вале баъзеаш аҷали худро дар ҳамин чордевори зиндон пайдо мекард. Вай мегӯяд, «ин пиронсолон бо моддаҳои мухталиф, аз қабили куштор, авбошӣ, қаллобӣ ва ҳатто таҷовуз ба номус низ маҳкум шуда буданд.Дар ин зиндон ҳатто як мӯйсафеди 85-сола аз ноҳияи Колхозобод буд, ӯ як нафареро ки ҳамсарашро дар масҷид дашном додааст, дар сари қаҳр ба қатл мерасонад. Ин пирамард хеле гиря ва исрор мекард, ки рӯзҳои башумор дорад, озодаш кунанд,. Хулоса, як ҳоли зор дошт ва билохира дар ҳамон зиндон фавтид.Чунин мисолҳо хеле зиёданд.»


Мурод Дониев
Мурод Дониев
Мусоҳибони мо мегӯянд, афроди солхӯрда, ки чандон сиҳатии хуб надоранд, мутаносибан ба шароити маҳбасҳо ва бархӯрди нохуб тоб намеоранд ва орзуи озодиро бо худ ба хок мебаранд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи нозирони умур, миёни ин ашхос нафароне низ кам нестанд, ки бегуноҳ ва бо тӯҳмат зиндонӣ шудаанд.

Аз ин ҷумла Мурод Дониеви 71-сола, маҳбусе, ки дар оғози матлаб аз ӯ ёд шуд ва ду соли ҳаёти пиронсолиашро дар зиндон сипарӣ кардааст, ҳамакнун иддаъо дорад, ки вай бо тӯҳмати ҳамдеҳагонаш маҳкум ба ҳабс шуда буд. Ӯ худро бегуноҳ мешуморад, вале инки баъди адои ҳукми зиндон атрофиён, хоса насли ҷавон дар бораи ин марди пиронсол чӣ фикр мекунанд, ҳарфи дигар аст.
XS
SM
MD
LG