Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз гули бепул бенасиб намонед...


Сайофи Мизроб

Дар шаҳри Кӯлоб як нафар дӯстдори табиат беш аз 10 миллион бех гул парвариш кардааст, ки ҳамаи онро танҳо ба хотири гулзор кардани кӯчаву хиёбонҳо ва дар ин зимн ҳисси гулпарварии мардумро бедор намудан, мехоҳад, ройгон тақсим кунад. Дарзамон ин фарди гулпараст беш аз 800.000 ниҳоли гулро бе пул ба мардум додааст. Ва ба иттилоъи худи ӯ танҳо дидани ҳамин гулҳо дар боғу роғи мардум барои ӯ як ҷаҳон мафод доштааст:
«- Ин гулҳои асосан яксолаву бисёрсола ҳастанд, ки барои ороиши шаҳр ба кор мераванд. Дар ин ҷо 7 намуди гул ҳаст, ҳамчун бунафшаи боғӣ, салвия ё худ мармарак, астра ё ситорагул, карнайгул, гомофрена, тегетисҳо, яъне дасторгулҳои гуногун, георгинйаҳои гуногун
- Ва бубахшед, ки суханатонро бурридам, агар ҳамин замон шунавандагони мо ин сӯҳбатро шунида, пагоҳ ба боғи Шумо оянд, метавонанд, аз ин гулҳо ройгон бигиранд?
-Марҳамат! Чи қадаре, ки хоҳанд, ҳазор, ду ҳазор, даҳ ҳазор дона хоҳанд, гирифта мераванд»


Ин суолу ҷавоби ман бо Тилло Бобоев, садри боғи набототи Кӯлоб буд, ки тӯли 20 соли мавҷудияти ин боғ 10 миллион гул ҷамъоварӣ кардааст ва ҳамаи онро ройгон тақдими шаҳриён карданист. Ва аммо Тилло Бобоев мегӯяд, ба олами гулҳои мавзеъи ҷануби кишвар, ки дар он беҳтарин анвоъи гулҳои табии худрӯй мушоҳида шудаанд, хатари ҷиддии маҳви сартосарӣ таҳдид дорад. Ба унвони мисол, даҳҳо намуд гули лолаи кӯҳӣ, ки дар мавзеъ то солҳои 70 ва 80-уми асри гузашта будаанд, ҳамакнун нест шудаанд. Ва аммо вазъи гулҳои боқимонда хатарзост. Зеро олами гулҳо поймоли олами ҳаявон гаштааст. Тилло Бобоев мегӯяд, «Афзоиши бетартибона ва беохири чорво, хосатан бузу гӯсфанд, майдони гулзорҳои кӯҳиро коҳиш додааст. Рамаҳои беохири гӯсфандон, ки ҳамакнун бо истифода аз беназоратии кулл дигар аз чарогоҳи маъмулии қаблӣ на, ки аз тамомии мавзеъи кӯҳӣ чаро мекунанд, гулзорҳор маҳв кардаанд»

Вазъ хосатан дар нодиртарин ва беҳамтотарин мамнӯъгоҳи Хоҷаи Мӯъмин, маъруф ба кӯҳи Намаки Хоҷамӯминҷон нигаронкунанда аст. Тибқи як пажӯҳиши табиатшиносон, ки соли ҷорӣ дар ин мавзеъ гузаронидаанд, агар вазъ оҷилан тағйир наёбад, ин гӯшаи беамсоли табиат, ки дар баландии 1337 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва ҳомили беш аз 350 навъ буттаву гулҳои нодиртарин будааст, ба пуррагӣ маҳв мегардад!

Ва аммо гул на танҳо зеби табиат аст. Гул пул ҳам ҳаст. Дар олам гулҳои лолаи ҳоландӣ хеле маъруфанд ва аслан даромади соҳаи кишоварзии ин кишвари аврупоӣ аз фурӯши гул аст. Тилло Бобоев мегӯяд, гавҳари Лолаи Ҳуландӣ аз кӯҳистони Самарқанду Кӯлоб маншаъ мегирад, ки ҳанӯз дар охири асри 18 ва авоили қарни 19 милодӣ, гиёҳшиносони ҳуландӣ тухмии лолаҳои Тоҷикистонро гирдоварӣ карда бурдаанд ва ҳамакнун бо усули таҷрибавӣ даҳҳо намуди лоларо парвариш карда, ба фурӯш мезананд: « Волидайни лолаи ҳуландӣ, табори ин гулҳо лолаҳои Самарқанду Кӯлобанд, ки селексионерҳои ҳуландӣ дар асрҳои 18 ва 19 ҷамъоварӣ кардаанд. Бовар кунед, ки мо рӯи як хазинаи беамсоли табиӣ хобем ва касеро парвои он нест, ки ин ганҷина барбод меравад»

Дар Тоҷикистон низ ҳамакнун дарк кардаанд, ки гул пул ҳам ҳаст ва ба оҳистагӣ ба гулпарварӣ ру меоранд, Танҳо дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон беш аз даҳ нуқтаи бузурги гулфурӯшӣ ҳаст. Ҳоҷӣ Карим Сафаров як дукондори гул мегӯяд, «Аҷиб аст, ки бо иқлими мусоиде, ки дорем, гулҳоро аз Ҳинду Ӯзбакистон ва ҳатто Русия меоранд» Мусоҳиби ман меафзояд, замони ахир гулфурӯшон парваришгоҳи гул ҳам доранд.
Ва аммо дар кишвар то ҳанӯз як барномаи мушаххаси гулпарварӣ набудааст, ки дар баробари парвариши гул, эҳёи анвоъи нодири гул, ҳамзамон бо усусли лабораторӣ ё таҷрибавӣ гулҳои маҳвшударо барқарор кунад.
Дар ҳамин маврид, бо ташаббуси кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ ҳукумати Кӯлоб барои рушди соҳаи гулкорӣ дар хоҷагии Ҳамадонӣ 1 гектар замини кишт ҷудо кард. Абдуғаффор Солеҳзода садри кумитаи мазбур дар Кӯлоб мегӯяд, «Ин замин ба мардуми нодор тақсим шудааст ва бо кӯмаки ҷониби Иронӣ тасмим ҳаст, ки дар водӣ парвариш ва фурӯши гул роҳандозӣ гардад».

Табиатшиносон мегӯянд, мавзеъи кӯҳманзари ҷануби кишвар минтақаи хоси растаниҳои эндемикӣ будааст. Яъне дар ин мавзеъ ҳастанд гулҳое, ки дигар дар ягон нуқоти дигари олам намерӯянд. Ба ин гурӯҳи растаниҳо гулсангҳо, замбурӯғҳо, эремирус ё ширешҳо, анимонаҳо ё бодгулҳо, гули ҳолмун, гули Муҷах ва 12 намуди лолаи кӯҳӣ шомиланд, ки дар вартаи маҳв қарор доранд.Тақрибан аксари ин гулҳоро Тилло Бобоев дар боғи наботот гирдоварӣ кардааст ва теъдоди кӯчактарини онҳоро аз маҳви комил эман медорад. Ҳамзамон, ҷаноби Бобоев аз 90 кишвари хориҷа беш аз 270 навъ гул оварда, онҳоро ба табиати водӣ мутобиқ намуда, парвариши онҳоро роҳандозӣ кардааст.

Ва аммо ба истилоҳи мардумӣ «як гул баҳор нест». Коршиносон мегӯянд, агар кӯшишҳои як фарди табиатдӯст дар самти ҳифз ва эҳёи анвоъи гулҳои эндемикӣ дастгирӣ наёбанд, ду даҳсола ба баъд намуди мухталифи растаниҳои хушбӯйи табаити кишвар маҳв мешаванд.
XS
SM
MD
LG