Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин дӯкони гулфурӯшии Кӯлоб


Идораи ободонӣ ва кабудизоркунии Кӯлоб тасмим гирифтааст, то дар маркази ин шаҳр дӯкони бузурги гулфурӯшӣ бунёд намояд.

Зуҳуршо Саидкомилов, директори корхонаи мазкур мегӯяд, зарурати бунёди дӯкон дар ҳоле ба миён омадааст, ки муштариёни гулҳои табиӣ дар шаҳр рӯз то рӯз афзоиш меёбад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамакнун сокинон барои дастрас намудани гулҳои зарурӣ ба парваришгоҳҳои ин идора, ки берун аз шаҳр ҷойгиранд, муроҷат мекунанд.

Чанд сол қабл гул дар шаҳру навоҳии Кӯлоб он қадар харидор надошт ва идораи ободонӣ танҳо барои зебо намудани гулгашту хиёбонҳои шаҳр гул парвариш менамуд. Ҳамакнун, Зуҳуршо Саидкомилов мегӯяд, тасмим доранд, то дар ин дӯкон дигар навъи рустаниҳоро низ, ки барои сокинон дар шаҳр дастрас нест, ба фурӯш гузоранд.

Зулайхо Саидова, сокини шаҳри Кӯлоб, аз иқдоми бунёди дӯкони гулфурӯшӣ истиқбол мекунад. Вай мегӯяд, ҳангоми ҷашну маросимҳои хурсандӣ ҳамеша дар пайдо намудани гул мушкил доштанд. Ба гуфтаи вай, маҳз пайдо накардани гули табиист, ки дар аксар маврид мардум барои шодбошии дӯстони наздик дар маросимҳои хурсандӣ гули сунъи мебаранд.

Дар шаҳри Кӯлоб пас аз пошхӯрии Шӯравӣ дӯконҳои гулфуршӣ низ аз миён рафтанд. Феълан, ин нахустин дӯкон аст, ки сар аз моҳи март бо фурӯши 20-навъи гул ва дигар навъи гиёҳу рустаниҳо ба фаъолият оғоз мекунад.
XS
SM
MD
LG