Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури 18 узви як хонаводаи ӯзбак дар ҷанги Сурия


Аз ҷумлаи 18 узви як хонавода дар шаҳри Марғилони Ӯзбакистон, ки дар даргириҳои Сурия ширкат доштанд, чанд нафарашон кушта ва баъзеи аз онҳо ба ватан баргаштаанд.

Ҳаждаҳ узви як хонавода аз шаҳри Марғелони Ӯзбакистон дар даргириҳои Сурия ширкат кардаанд. Аз ҷумлаи онҳо чанд нафарашон кушта ва баъзеи аз онҳо ба ватан баргаштаанд. Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, ҳамакнун ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбакистон ба таҳқиқи ин қазия пардохтаанд.

Самвел Петросян, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбакистон гуфтааст, чанд узви ин хонавода пас аз бозгашт ба Ӯзбакистон боздошт шуда ва дар мавриди узвияти шаҳрвандони ин кишвар дар суфуфи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” парвандаи ҷинойӣ боз шудааст.

Дар авохири моҳи июни соли ҷорӣ шабакаи телевизиони миллии Ӯзбакистон аз ширкати 9 зани ӯзбак дар даргириҳои Сурия ва Ироқ наворе пахш карда буд, ки аз онҳо танҳо як нафар тавонистааст ба ватан бозгардад. Аз сӯйи дигар, мақомоти Ӯзбакистон тадобири таблиғотиро дар миёни сокинони кишвар алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” роҳандозӣ карда ва дар маҳаллаҳо семинару мулоқотҳо баргузор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар торнамоҳои мухолифони давлати Ӯзбакистон, мавориди пайвастани сокинони ин кишвар ба суфуфи гурӯҳҳое чун “Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон” ва “Давлати исломӣ”-ро ба вазъи душвори иқтисодӣ ва боло будани мизони бекорӣ дар ин кишвар марбут хонда ва навиштаанд, ба ин далел шаҳрвандони Ӯзбакистон, бахусус, ҷавонон аз тариқи Русия ба Сурия ва Ироқ мераванд.

Қаблан аз рафтани ҳашт узви хонаводаи Марат Мавлонов аз яке аз рустоҳои Қазоқистон ба Сурия хабарҳо пахш шуда буд. Наздиконашон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки онҳо бо баҳонаи хариди либосворӣ барои кӯдакон равонаи Бишкек шуда ва баъдан бедарак шудаанд ва касе дар бораи онҳо хабаре то ҳол хабаре надорад. Бино ба гуфтаи ҳамсояҳо, шабона зану кӯдаконашро дар автобус шинонда рустои Қазигуртро тарк кардааст. Пас аз як моҳ Марат аз Сурия телефон кардааст, ки бо аҳли хонаводааш дар ин кишвар ба сар мебарад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар мулоқот бо мақомоти ниҳодҳои қудратии кишварҳои ИДМ дар моҳи гузашта гуфта буд, ки дар маҷмӯъ аз Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 5 ҳазор нафар Сурия ва Ироқ ба суфуфи “Давлати исломӣ” шомил шудаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, ҳудуди 700 шаҳрванди Тоҷикистон дар даргириҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд. Аммо мақомоти ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон шумори ин афродро 500 нафар арзёбӣ карда ва гуфтаанд, аз ин ҷумла, 200 нафар кушта шуда ва 30 нафар ба Тоҷикистон бозгаштаанд.

Ахиран мақомоти интизомии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз коҳиши алоқамандон барои рафтан ба “ҷиҳод” ба Сурия ва Ироқ хабар дода ва гуфта буданд, ки ҳудуди 100 нафар аз сафар ба ин кишварҳо пушаймон шуда аз марзи Туркия ба ватан бозгаштаанд.

Фаъолияти гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мамнӯъ аст. “Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундравест, ки дар соли гузашта қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла, зинда ба зинда гӯронидану сӯзонидан ва қатлҳои дастҷамъӣ ном баровардааст.

XS
SM
MD
LG