Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Инҷо Япония ё Америка?" Таҳқиқи талаби 8000 $ барои ҷарроҳии дил


Масъулони Раёсати тандурустии вилояти Суғд талаби тақрибан 8 ҳазор доллар барои ҷарроҳии қалб дар ин минтақаро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, ки ин ҳолат дар бемористони хусусӣ иттифоқ афтодааст, на давлатӣ.

Аввали ҳафтаи ҷорӣ Абдураҳмон Қодирӣ, раиси устони Суғд, дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд аз дағалтар шудани муносибати пизишкон шикоят карда ва гуфт, ҳатто барои як ҷарроҳӣ аз сокинон аз 7 то 8 ҳазор доллар пурсида мешавад. Ӯ гуфт, "инҷо Япония не-ку. Духтур ҳам аз куҷо – Япония ё Америка? Мардуми бечора аз куҷо 7-8 ҳазор доллар пул меёбад? Агар муносибати табибон хуб бошад, бемор зудтар сиҳат меёбад."

Масъулони Раёсати тандурустии Суғд мегӯянд, баъд аз ин изҳороти раиси вилоят ҳодисаи 8 ҳазор доллар наргузорӣ шудани ҷарроҳии қалбро таҳқиқ кардаанд. Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори раёсати тандурустии Суғд, 13 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ин ҳодиса дар намояндагии бемористони "Сино" дар Хуҷанд рух додааст.

"Як бемор барои ҷарроҳии дил муроҷиат кардааст. Дар беморхона гуфтаанд, ки ҷарроҳиро хуб анҷом медиҳанд, вале арзиши он 48 ҳазор сомонӣ, тақрибн 8 ҳазор доллар мешавад. Он маблағро аз рӯи ҳуҷҷат мегиранд. Он бемор ранҷида, ба раиси вилоят шикоят кардаст. Мо ин мушкилро таҳқиқ намудем ва маълум шуд, ки дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ чунин нарх вуҷуд надорад," - гуфт Ҳоҷибоев.

Абдураҳмон Қодирӣ
Абдураҳмон Қодирӣ

Мусоҳиби мо афзуд, дар ҳоли ҳозир танҳо як беморхонаи давлатии ҷарроҳии дил дар Хуҷанд амалиёти қалбро анҷом медиҳад, ки арзишаш аз 14 то 24 ҳазор сомонӣ, муодили аз 1,5 то 3 ҳазор доллар аст. Ба гуфтаи вай, ҷарроҳии узвҳои дигари бадан дар беморхонаҳои давлатии вилоятӣ тибқи қарори 600-ум аз 600 то 1 800 сомонӣ нарх дорад.

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, низ 13 июл дар нишасти матбуотиаш дар Душанбе гуфт, ки аз изҳороти раиси Суғд хабар дорад ва рӯзҳои наздик дар ҷараёни сафараш ба минтақаи шимол ин масъаларо дар миён хоҳад гузошт. Вале, ба қавли вазири тандурустӣ, бар асоси рафтори дағали як пизишк ё бемористон набояд ба ҳамаи онҳо баҳои бад дода шавад.

"Як духтур пул гирифта, муносибати дағал карда бошад, ба маънои он нест, ки ҳамаи духтурон бад ҳастанд. Ҳамаи мо ба духтур ниёз дорем ва боз ҳолатҳое мешавад, ки онҳоро сиёҳ мекунем," – афзуд ӯ.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 1042 муассисаи тиббӣ фаъол аст, ки 192 адади он хусусӣ мебошад. Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, дар нишасти хабариаш гуфт, дар Тоҷикистон барои гирифторони ҳафт навъи беморӣ ҳадди ақал бепул ёрии таъҷилии тиббӣ расондан пешбинӣ шудаст, вале сокинон аз ин огоҳ нестанд, Вай дастур додааст, "дар ҳамаи даромадгоҳи беморхонаҳо нархномаи хадамот ва табобату ҷарроҳиро тибқи қарори 600–ум навишта монанд, то ки мардум фаҳмад."

Нусратулло Салимзода
Нусратулло Салимзода

Дар Тоҷикистон расман табобат бепул аст, вале амалан аз рӯи нархномаи муқарраркардаи ҳукумат тибқи қарори 600-ум анҷом мегирад. Дар девори бисёр беморхонаҳо варақаи ин қарор часпонда шудааст. Бо ин вуҷуд, сокинон аз пул пурсидани ходимони тиб барои ҳар варақаи навишта ва ҳар як кори анҷомдодаашон шикоят мекунанд.

Масъулони Раёсати тандурустӣ мегӯянд, гаронтарин ҷарроҳие, ки табибони вилоят анҷом медиҳанд, ҷарроҳии қалб аст. Вале, ба гуфтаи Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори раёсати тандурустии Суғд, масалан аз маблағи умумии ҷарроҳии қалб танҳо 2 дар сад ба моҳонаи табибон изофа шуда, бақияаш, ба хазинаи муассиса хоҳад рафт.

Вай гуфт, “дар ҷарроҳии қалб 7 духтур иштирок мекунад. Аз маблағи беш аз 23 ҳазор сомонӣ ҳамагӣ 144 сомонӣ ба маоши онҳо ҷудо карда мешавад. Дигар ҳамаи маблағ барои харидани лавозимот ва дорувории ҷарроҳӣ масраф карда мешавад.”

Ин мушкили тақрибан ҳамаи беморхонаҳои давлатии Тоҷикистон аст, ки бо лавозимот ва дорувории зарурӣ таъмин нестанд ва онҳоро бо пули беморон мехаранд ё хариди онҳоро ба худи беморон мефармоянд. Дар кишвар суғуртаи ҳатмии коргарон аз ҳисоби корхонаҳо ҷорӣ нест ва пардохти хароҷоти табобат, ба ҷуз теъдоди ками имтиёздорон пурра бар дӯши худи бемор аст.

Ин барои бори аввал аст, ки як мақоми баланди давлатӣ дар Суғд дар ҳузури рӯзномнигорон аз гаронии нархи табобат дар муассисаҳои тиббӣ ва муносибати дағали табибон бо беморон ошкоро интиқод ва рӯзномагиронро ба ёрӣ ҷиҳати беҳбуди вазъ даъват кард. Абдураҳмон Қодирӣ гуфт, соли равон аз буҷаи вилоятӣ 7 миллион сомонӣ барои таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ ҷудо карда шудааст.

XS
SM
MD
LG