Пайвандҳои дастрасӣ

Захмӣ шудани 8 тоҷик дар садамае дар Ленинград


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 22 ноябр дар як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Ленингради Русия 11 нафар, аз ҷумла 8 шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шудаанд. Вазъи муҳоҷирони тоҷик мӯътадил гуфта мешавад.

Дар як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Петербург – Псков дар ҳудуди ноҳияи Луги вилояти Ленинград 11 нафар, бо шумули 8 муҳоҷири тоҷик, ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Бино ба гузориши расонаҳои Русия, ин фалокат соатҳои тақрибан чори асри шанбе, 22 ноябр рух додааст.

Сомонаҳои “Оперативное прикритие” ва “Комсомолская правда” (kp.ru) рӯзи 23 ноябр хабар доданд, ки дар километри 175-уми шоҳроҳи Петербург –Псков як мошини сабукрави “Лада Ларгус” ба як микроавтобуси ҳомили муҳоҷирон бархӯрдааст. Дар сари фармони мошини “Лада” як зани сокини шаҳри Санкт-Петербург” нишаст буд, ки ба гуфтаи пулиси роҳ, ба далели ҳанӯз номаълуме идораи мошинро аз даст додааст. Дар натиҷа мошини сабукрав ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба як микроавтобуси Volkswagen Transporter бархӯрдааст.

Дар дафтари матбуоти раёсати пулиси роҳ (ГИБДД)-и шаҳри Петербургу вилояти Ленинград гуфтаанд, “ронандаи мошини “Лада” ҷароҳатҳои миёна” бардоштааст, вале ду духтари яке 3 ва дувумӣ 8-солаи ӯ, ки дар ин сафар ҳамроҳаш будаанд, дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи реаниматсияи бемористон қарор доранд.”

Дар микроавтобус, ки ҳаққи бурдани 8 нафарро дошт, муҳоҷирон аз Тоҷикистон сафар доштаанд. Мошинро як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон ронандагӣ мекард ва ӯву 7 ҳамватанашро низ ба бемористон интиқол додаанд. Ба гуфтаи мақомоти пулиси роҳ, “табибон ҳамаи онҳоро муоина карданд. Дар байни онҳо чанд нафараш ҷароҳатҳои хеле “сабук” доштанд, ки барои мисол, ягон ҷои баданаш харош ёфта ваё варам карда буд. Онҳоро зед ҷавоб доданд. Вале чанд нафари дигар аз муҳоҷирон ҷароҳатҳои ҷиддитаре бардоштаанд ва онҳоро дар бемористон хобонданд.”

Аммо пулис мушаххас накардааст, ки чанд нафар аз муҳоҷирони тоҷикро бистарӣ кардаанду чанд нафари онҳоро ҷавоб додаанд.

Расонаҳои русӣ мегӯянд, ронандаи тоҷике, ки ҳамватанҳои худро мебурд, расман дар ягон ҷо кор намекард, ҳарчанд ба сурати муваққат дар ноҳияи Ломоносов сабти ном шудааст. Пулис мегӯяд, ки гӯё рақами давлатии мошини ӯ қалбакӣ будааст.

Тақрибан 120 000 нафар аз беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия дар шаҳри Петербургу вилояти Ленинград кору зиндагӣ мекунанд. Бо ҷамъи онҳое ки дар вилоятҳои атроф, аз ҷумл дар Пскову Новгород ва Ҷумҳурии мухтори Карелия ҳастанд, шумори тоҷикҳо дар ин қисмати ғарбии Русия беш аз 200 000 нафар баровард мешавад.

Муҳоҷирони тоҷик дар ин минтақаи Русия асосан машғули кори сохтмон ваё тиҷорат дар бозорҳоянд. Як бахши бузурги онҳо дар амборҳои меваву сабзавот кор мекунанд.

Аз фурудгоҳи Пулковои Петербург ба чанд шаҳри Тоҷикистон, аз ҷумла ба Душанбе ва Хуҷанд мунтазам ҳавопаймоҳо парвоз мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG