Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 сарбози хориҷӣ дар як рӯз


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи шанбе дар се ҳодисаи ҷудогона дар Афғонистон 8 сарбози НАТО, аз ҷумла 7 низомии амрикоӣ ва як сарбози олмонӣ, ба ҳалокат расиданд.

Ин се маврид 4 майро ба яке аз хунинтарин рӯзҳо барои нирӯҳои ғарбӣ дар Афғонистон дар чанд моҳи охир табдил медиҳад. Мақомҳои эътилофи низомии ғарбӣ мегӯянд, 5 сарбози амрикоӣ бар асари таркиши бомбаи канори роҳ дар вилояти ҷанубии Қандаҳори Афғонистон ҷон бохтанд.

Ду сарбози дигари Амрико дар вилояти ғарбии Фароҳ аз тири як сарбози Урдуи миллии Афғонистон дар натиҷаи як ҳамлаи зоҳиран “худӣ” кушта шуданд. Толибон, ки бо оғози ҳамлаҳои баҳории худ дар як ҳафтаи пеш барои анҷоми як силсила аз чунин ҳамалоти дохилӣ ваъда додаанд, масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.

Қурбонии ҳаштум як сарбози нирӯҳои вижаи Олмон аст, ки дар вилояти шимолии Бағлон дар як тирандозии чирикиҳо алайҳи амалиёти таҳти раҳбарии нирӯҳои афғон кушта шуд. Дар ин ҳамла як сарбози дигари олмонӣ ҷароҳат бардоштааст.


Томас де Мейзер
Томас де Мейзер
Вазири дифоъи Олмон Томас де Мейзер дар Берлин гуфт, ин нахустин хисороти ҷонии нирӯҳои вижаи 1000-нафарии кишвараш дар Афғонистон буд: “Баъди муддати тӯлоние ман бори дигар ба мардуми Олмон иттилоъ медиҳам, ки рӯзи 4-уми май дар Афғонистон як сарбози олмонӣ кушта шуд. Як ҳамроҳи ӯ захм бардошт. Мо аз ин хабари шум ба даҳшат омадаем.”

Олмон бо ҳудуди 4000 сарбоз аз нигоҳи шумори нирӯҳо дар эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон баъди Амрикову Бритониё дар мақоми севум аст. Аммо нирӯҳои Олмон аксаран дар вилоёти нисбатан оромтари шимоли Афғонистон ифои вазифа мекарданд ва ба ин далел то кунун қурбонӣ надодаанд.

Авҷи нави ҳамлаҳо дар Афғонистон дар ҳолест, ки НАТО ба хуруҷи 100 000 нирӯи хориҷӣ аз саросари ин кишвари ҷангзада омодагӣ мегирад. Хуруҷи нирӯҳои ғарбӣ, ки бояд то поёни соли оянда анҷом шавад, суолҳоеро пиромуни то куҷо омода будани нирӯҳои афғон барои касби масъулияти комили амниятӣ эҷод кардааст.

Томас де Мейзер сели ахири ҳамалотро чунин ба қалам дод: “Дирӯз ҳамчунин дар қисматҳои дигари Афғонистон 7 ҳамсангар аз кишварҳои узви ISAF кушта шуданд. Мо барои ин сарбозон низ мотам дорем ва барои хонаводаҳои онҳо низ фикр мекунем. Ин як рӯзи талху хунин дар Афғонистон буд ва мо ҳеҷ гоҳ фаромӯшаш нахоҳем кард.”

Хабаргузории Ассошиэйтед пресс навиштааст, ки дар тӯли як соли гузашта ин бори сеюм аст, ки дар як рӯз дар Афғонистон 7 сарбози амрикоӣ кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG