Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 узви як хонавода аз Қубодиён ба Сурия рафтаанд


Сокинони Қабодиён
Сокинони Қабодиён

Ҳашт узви як хонавода аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, бо шумули 4 кӯдак, бори рӯзгори хонаводаро ба дӯши падари пирашон партофта, ба Сурия рафтаанд.

Дар давоми якуним соли охир якбора 8 узви оилаи Шариф Ширбеков, як сокини 60-солаи ноҳияи Қубодиён ба Сурия рафтаанд. Инҳо - се писару чор набера ва яке аз келинҳои ин хонавода мебошанд.

Шариф Ширбеков, ки дар ҷамоати “20 солагии Истиқлол”-и ноҳияи Қубодиён зиндагӣ мекунад, мегӯяд, фарзандону наберагонаш аз роҳи Русия ба Сурия рафтаанд. Ҳоло ин мард, ки ба гуфтаи худаш, ягон робитае бо фарзандон надорад, мегӯяд, ки онҳо дар Русия фирефтаи даъватҳои муҳоҷирон аз Ӯзбакистон шудаанд.

Ширбеков, ки худ ӯзбактабор аст, мегӯяд, эҳтимолан ҳамин наздикии забониву фарҳангӣ боис шуд, ки писаронаш бо гурӯҳе аз муҳоҷирони намангониву андиҷонӣ дар Маскав, ҳангоми иҷораи манзил наздик

Шариф Ширбеков
Шариф Ширбеков

шуда, баъдан ба доми онҳо афтодаанд. Дар хонаводаи Ширбековҳо ҳафт фарзанд - панҷ писару ду духтар бузург шудаанд ва ҳоло се писари ин мӯсафед ҳамроҳ бо 4 набераву як келинаш, ба қавли ӯ, дар даҳшатҳои Сурия ба сар мебаранд.

Ба нақли ин мӯйсафед, Умар Ширбеков, писари калониаш, ки бо чор кӯдаку ҳамсараш ба ин ба ном "ҷиҳод" рафтаанд, 30 сол дорад. Писарони дигар - Абӯбакри 25-сола ва Раҳматуллои 20-сола танҳо, бидуни оилаашон ба Сурия рафтаанд.

Вақте мо ба маҳалли зисти ин хонавода рафтем, ҳамсари Абӯбакр дар пахтазор ва ҳамсари Раҳматулло дар ҳавлӣ машғули корҳои рӯзгор буд. Онҳо аз сӯҳбат бо хабарнигорони радиои Озодӣ худдорӣ карданд.

Тавре аз нақли Шариф Ширбеков маълум гардид, писараш Умар пас аз хатми синфи 8, тақрибан 15 соли пеш ба Русия рафтааст. Чанд соли охир дар Маскав ҳамроҳ бо муҳоҷирони ӯзбак иҷора менишастааст. Ба гуфтаи падар, Умар дар ҳамон ҷо ба хондани намоз ҷалб шуд ва дар ниҳоят, ба гуфтаҳои он ҷавонон дода шуда, “аҳмақ” шуд ва ба Сурия рафт. Аз рӯи нақли падар, Умар дар сӯҳбатҳои телефонӣ нақл мекард, ки ин ҷавонҳо барояш талқин мекардаанд, ки “ин дунё ҳамааш дурӯғ асту ҳақиқат надорад. Як давлати исломӣ ташкил мешаваду ҳама

Модари бародарон Ширбековҳо умед дорад, ки писарон аз Сурия бармегардонанд
Модари бародарон Ширбековҳо умед дорад, ки писарон аз Сурия бармегардонанд

мусалмонҳо он ҷо ҷамъ мешаванд” ва ӯ нияти ба он ҷо рафтан дорад.

Шариф Ширбеков гуфт, аз рӯи шунидаш, нахуст Умар дар аввалҳои соли 2014 ба Сурия рафта, пас аз ду моҳ Абӯбакр ва баъди чор моҳи дигар Раҳматулло низ роҳи ӯро пеш гирифтаанд.

Аммо Раҳматулло ба фарқ аз бародаронаш қабл аз рафтан ба Сурия падарашро огоҳ кардааст, ки бо даъвати бародарон ба "ҷиҳод” меравад. Шариф Ширбеков гуфт, “Чандин бор гуфтам, ки модарат ин ҷо гиря дорад. Занат ҷавон аст. Духтар дорӣ. Чӣ кор мекунӣ он ҷо рафта? Баракат намеёбӣ. Ман розӣ нестам, гуфтам, аммо гӯш накард. Гуфт, маро бародаронам даъват доранд, ман меравам. Гуфт, моҳи июл мераваму рафт”.

Ҳамакнун хонаводаи Ширбековҳо ягон хату хабаре аз пайвандонашон надоранд. Умар, ки наздики як сол боз дар Сурия аст, ягон маротиба бо падару модараш тамос нагирифта, кӯмаке ҳам нафиристодааст.

Ин се бародаре, ки ҳоло дар Сурия ҳастанд, маълумоти олӣ надоранд ва ба хизмати аскарӣ ҳам нарафтаанд. Онҳо дар Русия ҳам асосан кори сохтмон ва кӯчарӯбӣ мекардаанд.

Духтарчаи Раҳматулло Ширбеков бепадар бузург мешавад
Духтарчаи Раҳматулло Ширбеков бепадар бузург мешавад

Тавре аз гуфтаи бобои Шариф маълум гардид, Умар Ширбеков, барои оиладор шудан дар Тошканд низ чанд сол мардикорӣ кардааст. Абӯбакр бошад пас аз хатми синфи 10-ум ба Русия меравад. Баъди бозгашташ аз Маскав Умар зиёд дар мавзӯи дину мазҳаб гап мезад. Падар мегӯяд, ки борҳо фарзандашро ҳушдор додааст, ки эҳтиёткор бошад, «ин ҷо Тоҷикистон аст, ҳар гапро нагӯ», вале ӯ ба ҳарфи падар гӯш накардааст. Тадриҷан модару хоҳар ва ҳамсарашро ҳиҷобпӯш кардааст. «Маро ҳам мегуфт, дада, намозатро хон. Аммо мегуфтам, нафақа бароям, баъд. Вақте аз Русия омад, гуфт, дигар ин ҷо барояш писанд нест. Зеро на намоз гузошта метавонад ва на кори дигаре карда мешавад,» - ба ёд меорад Шариф Ширбеков.

Ҳоли ҳозир Шариф Ширбеков ронандагӣ мекунад ва мегӯяд, зиндагияшро ба душворӣ пеш мебарад. Зеро ҳам хароҷоти оилаи ду писараш ва ҳам ҳамсари бемораш бар ӯҳдаи вай уфтодааст. Баъди ба Сурия рафтани фарзандон фишори модари онҳо баланд шуда, пайваста зери муроқибати таббибон қарор дорад. Волидони Умар, Абӯбакр ва Раҳматулло мегӯянд, бо вуҷуди каҷравии фарзандон, умедворанд, ки онҳо аз карда пушаймон шуда, рӯзе саломат бармегарданд.

Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои хориҷӣ, бахусус дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” як соли охир мояи ҷиддии нигаронии мақомоти тоҷик шудааст. ​Мақомоти ноҳияи Қубодиён мегӯянд, аз ҷумлаи 17 сокини ин ноҳия, ки дар кишварҳои исломӣ ба сар мебаранд, 10 нафарашон дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд. Ба гуфтаи ин мақомот, миёни онҳое, ки дар Сурия қарор доранд, иддае бо хонаводаашон ҳастанд. Бино ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, беш аз 500 шаҳрванди ин кишвар барои ширкат дар “ҷиҳод” ба Сурия ё Ироқ рафта, ҳудуди 200 нафарашон дар ин кишварҳои арабии аз Тоҷикистон ҳазорон километр дур кушта шудаанд.

Шариф Ширбеков мегӯяд, 8 узви хонаводааш ҳамроҳ бо 4 тифл ба Сурия рафтаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:32 0:00

XS
SM
MD
LG