Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳашт сарбози Озарбойҷон дар даргирӣ бо Арманистон кушта шуданд


Артиши Озарбойҷон. Акс аз бойгонӣ.

Артиши Озарбойҷон. Акс аз бойгонӣ.

Озарбойҷон рӯзи ҷумъа эълон кард, ки ҳашт сарбози ин кишвар дар даргириҳо бо нерӯҳои Арманистон дар наздикии Қарабоғ кушта шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, вазорати дифои Озарбойҷон гуфтааст, ки тайи чанд рӯзи гузашта нерӯҳои Арманистон амалиёти худро афзоиш дода ва ба нерӯҳои ин кишвар ҳамла кардаанд.

Вазорати дифои Озарбойҷон мегӯяд, нерӯҳои Арманистон кӯшидаанд то хатти пеши байни нерӯҳои ду кишварро рахна кунанд, ки нерӯҳои Озарбойҷон монеи амалиёти онҳо шудаанд. Ин вазорат гуфтааст, ки дар натиҷаи даргириҳои се рӯзи гузашта 8 сарбози Озарбойҷон кушта шудаанд. Дар ҳамин ҳол вазорати дифои Озарбойҷон гуфтааст, ки ба ҷониби Арманистон низ талафоти сангин ворид кардаанд.

Аз сӯи дигар як мақоми баландпояи вазорати дифои Арманистон ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки гурӯҳҳои харобкор талош кардаанд, ки мавзеъҳои нерӯҳои Арманистонро тасарруф кунанд, ки ба посухи нерӯҳои ин кишвар рӯбарӯ шудаанд ва ҳадди ақал 14 нафар аз онҳо кушта шуданд. Ин мақоми вазорати дифои Арманистон гуфтааст, ки "нерӯҳои Озарбойҷон дар камини нерӯҳои мо афтоданд ва 14 нафар аз онҳо кушта ва шумори зиёде захмӣ шуданд. Вале ба нерӯҳои Арманистон ҳеҷ осебе нарасид."

Ин дар ҳоле аст, ки мақомҳои давлатӣ дар Қарабоғ мегӯянд, дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои Озарбойҷон ду сарбози Арманистон кушта шуданд.

Муноқишаи Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ аз соли 1988 оғоз ва дар ниҳоят ба ҷанги байни ду кишвар ва тасарруфи ин минтақа аз сӯи Арманистон сабаб шуд. Давлати Арманистон дар оғози муноқишаи Қарабоғ аз ҷудоиталабон ин минтақа ҳимоят кард. Ҷудоиталабон дар соли 1991 референдум гузарониданд, аммо озарбойҷониҳо онро таҳрим карданд.

Дар ҷараёни ҷанг байни Озарбойҷон ва Арманистон дар даҳаи 1990, ҳадди ақал 30 ҳазор нафар кушта шуданд. Музокирот байни ду кишвар аз соли 1994 то кунун барои даст ёфтан ба сулҳ натиҷае надодааст. Ҳарчанд аз соли 1994 байни ду кишвар мувофиқатномаи оташбас барқарор шуд, аммо даргириҳои пароканда байни ду тараф тайи солҳои ахир рух додааст.

XS
SM
MD
LG