Пайвандҳои дастрасӣ

ВИДЕО ва 16 АКС: Намози Иди Қурбон - дар варзишгоҳи "Сокол"-и Прага


Мусалмонони сокини Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех рӯзи 4 октябр Иди Қурбонро бо баргузории намози ид дар ду гӯшаи ин шаҳр таҷлил карданд. Тақрибан 1500 нафар барио адои намоз дар толори варзишии "Сокол" гирди ҳам омаданд.

Аҳли ду масҷиди Прага – масҷиди воқеъ дар наздикии истгоҳи метрои “Черний мост” дар канораҳои шарқии пойтахти Чехия ва масҷиди дуувуми воқеъ дар маркази ин шаҳр, ки дар байни мусалмонони маҳаллӣ бо номи "масҷиди арабҳо" маъруфанд, имсол ҳам барои баргузории намоизи ид як толори варзиширо барои як рӯз иҷора гирифтанд.

Намозҳои қаблии идонаи ин ду масҷид дар толорҳои пӯшидаи варзишии бошгоҳҳои маъруфи “Спарта” ва “Славия”-и Прага, ки бо тимҳои футболу хоккейи худ маъруфанд, доир шуда буд. Имсол намози ид субҳи 4 октябр дар толори варзишии боз ҳам бузургтари “Сокол”, ки ба яке аз хушномтарин мактабҳои варзишии Чехия тааллуқ мегирад, доир шуд.

Бо вуҷуди бузургиаш, ин толори варзишӣ ҳам пур аз намозгузорон шуд. Масъулони масҷиди марказии Прага мегӯянд, дар ин намози ид то 1500 нафар ширкат доштанд.

Дар толор, чун дар намозҳои гузашта, барои занону кӯдакон низ гӯшаеро ҷудо карда буданд ва дар ҳоле ки кӯдакон машғули бозӣ буданд, занон ҳам аз қафои мардон намози ид гузориданд. Дар Тоҷикистон, қарори маълум, барои адои намоз ба масҷид рафтани занон манъ аст.

Ҳамин тавр, рӯзи 4 октябр дар масҷиди воқеъ дар кӯчаи Пивоварска, маъруф ба “масҷиди туркҳо”, ки як муддат муовини имомаш як зодаи ноҳияи Панҷи Тоҷикистон буд, ҳудуди 200 нафар, аксар туркҳову узбакҳо намози ид гузориданд.

Дар Ҷумҳурии Чех таъсиси масҷидҳои мусалмонӣ расман иҷозат дода нашудааст, вале масҷидҳо тақрибан дар ҳамаи шаҳрҳои асосии ин кишвар дар зери чатри “марказҳои исломӣ” амал мекунанд. Нахустин чунин масҷид соли 1998 дар Брно – дувумин шаҳри бузурги Чехия – боз шуда, соле баъд чунин масҷидҳо дар Прага ва баъдан дар Теплитсаву чанд шаҳри дигари Ҷумҳурии Чех таъсис ёфтанд.

Бо онки дини суннатии роиҷ дар Ҷумҳурии Чех масеҳият ба шумор рафта, дар ин кишвар таърихан равияи католикии дини масеҳӣ роиҷтар будааст, бино ба назарсанҷиҳо, Чехия “бехудотарин” кишвар дар қораи Аврупо ба шумор меравад. Дар назархоҳиҳо то 55 дарсади сокинони он худро “атеист” муаррифӣ мекунанд.

Намоз дар "масҷиди туркҳо"

Намоз дар "масҷиди туркҳо"

Бино ба ҳисобҳо, феълан дар ин кишвар то 27 000 мусалмон зиндагӣ мекунад. Аммо шумори аҳолии мусалмони Чехия асосан аз ҳисоби муҳоҷират аз кишварҳои мусалмоннишини Ховари Миёнаву Африқо пайваста меафзояд.Тайи солҳои охир шумори мусалмонони сокини Ҷумҳурии Чех аз ҳисоби мардумоне, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бештар аз Қазоқистону Узбакистон ба инҷо барои мардикорӣ ё зиндагии доимӣ меоянд, низ афзоиш меёбад..

Шумори андаке аз аҳолии маҳаллӣ низ ба Ислом гароидааст. Инҳо асосан занону духтаронеанд, ки ба арабҳо ё дигар ақвоми мусалмон шавҳар кардаанд ваё таҳти таъсири дӯстони худ ваё омӯзиши осори исломӣ ба Ислом рӯ овардаанд. Аз ҷумлаи даҳҳо чеху словаке, ки ақидатан ба Ислом пайвастаанд, якеаш муовини имомхатиби масҷиди марказии Прага Владимир Санка аст, ки зодаи Чехия ва миллаташ ҳам чех аст ва баъди қабул кардани Ислом номи Умарро гирифтааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG