Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Субҳи 17 июл садҳо тан аз мусалмонони сокини Прага дар ду нуқтаи пойтахти Ҷумҳурии Чех намози иди Фитрро адо карданд.

Аҳли маркази исломиии воқеъ дар кӯчаи Пивоварнитска, маъруф ба “масҷиди туркӣ”, соати шаши субҳ намози идро дар дохили ин масҷид адо карданд.

Аммо намозгузорони маркази исломии воқеъ дар наздикии истгоҳи метрои “Черний мост” ва як маркази исломии дигари воқеъ дар маркази Прага, ки ҳарду бо номи “масҷиди арабҳо” маъруфтаранд, барои баргузории намози ид толори варзишии “Ҳарм Спорт” дар берун аз пойтахти Ҷумҳурии Чехро барои як рӯз иҷора гирифтанд. “Масҷиди арабҳо” ҳар сол барои намози идҳои Рамазон ва Қурбон толори варзишиеро дар Прага иҷора мегирад ва солҳои қаблӣ намози иди онҳо дар толорҳои варзишии “Спарта”, “Славия” ва “Сокол” баргузор шуда буд. Дар ин намозҳо, ба ҳисоби масъулонаш, ҳар бор то 1500 нафар ширкат мекунанд.

Сабаби расман “маркази исломӣ” ёд шудани муассисаҳое, ки амалан дар Ҷумҳурии Чех ҳамчун масҷид фаъолият мекунанд, ин аст ки таъсиси масҷидҳои мусалмонӣ дар ин кишвар расман иҷозат дода намешавад ва аз ин рӯ, масҷидҳо таҳти номи “марказҳои исломӣ” фаъолият мекунанд. Нахустин чунин масҷид соли 1998 дар Брно – дуввумин шаҳри бузурги Чехия – боз шуда, соле баъд чунин масҷидҳо дар Прага ва баъдан дар Теплитсаву чанд шаҳри дигари Ҷумҳурии Чех таъсис ёфтанд.
Дар намози ид дар “масҷиди туркӣ”, ки хабарнигори Озодӣ низ шоҳидаш буд, ба ҳисоби масъулони ин марказ, зери 300 нафар ширкат карданд. Толори ин масҷид, ки дар бинои собиқ майдони бокс фаъолият дорад ва аз ду ошёна иборат аст, пуропури намозгузорон шуда буд ва бархе ҳатто маҷбур шуданд, рӯи пиллаҳо адои намоз кунанд ва маъвизаи имомро шунаванд.

Имоми масҷид Садриддин, ки аз аҳли Туркия аст, мардумро дар маъвизааш даъват кард, то дар рӯзи ид аз дӯстону наздикон ва бахусус аз мардуми ранҷур аёдат кунанд. Ӯ ҳамчунин аз мусалмонҳое, ки дар кишварҳои ғайримусалмонӣ ба сар мебаранд, хост, то фарзандони худро тавре тарбия кунанд, ки аз арзишҳои исломӣ дур намонанд.

Бо онки дини суннатии роиҷ дар Ҷумҳурии Чех масеҳият ба шумор меравад, бино ба нуфусшумории соли 2011, қариб нисфи аҳолии Чехия ба ягон дин эътиқод надоштаанд. Дар он нууфусшуморӣ 3348 нафар худро мусулмон гуфтаанд. Аммо ба ҳисоби марказҳои исломии фаъол дар Ҷумҳурии Чех, дар ин кишвар дар маҷмӯъ ҳудуди 27 000 мусалмон кору зиндагӣ мекунанд ва шумори аҳолии мусалмони Чехия асосан аз ҳисоби муҳоҷират аз кишварҳои мусалмоннишини Ховари Миёнаву Африқо пайваста меафзояд. Дар солҳои охир муҳоҷирони корӣ аз Узбакистон низ ба як манбаи умдаи афзоиши мусулмонон дар Ҷумҳурии Чех табдил ёфтаанд.

Шумори андаке аз аҳолии маҳаллӣ низ ба Ислом гароидааст. Инҳо асосан занону духтаронеанд, ки ба арабҳо ё дигар ақвоми мусалмон шавҳар кардаанд ваё таҳти таъсири дӯстони худ ваё омӯзиши осори исломӣ ба Ислом рӯ овардаанд. Аз ҷумлаи даҳҳо чехе, ки ақидатан ба Ислом пайвастаанд, якеаш муовини имомхатиби масҷиди марказии Прага Владимир Санка аст, ки зодаи Чехия ва миллаташ ҳам чех аст ва баъди қабул кардани Ислом номи Умарро гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG