Пайвандҳои дастрасӣ

Мавъизаи шукрона ва зидди Гурӯҳи 24 дар намози Иди Қурбон


Намози Иди Қурбон дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе

Намози Иди Қурбон дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе

Ҳазорҳо сокини мусалмони Тоҷикистон субҳи 5 октябр дар масоҷиди ҷомеи кишвар намози Иди Азҳоро хонда, сипас, барои қурбонӣ кардану аёдати наздикон ва беморон шитофтанд.

Намози Иди Қурбони имсола дар аксар масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон бо мавъизаи “шукрона” оғоз ёфта, аз сокинон даъват шуд, аз паси ҳар гуна иғвою фитна нараванд.

Абдураҳим Холиқзода, раҳбари Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, ки аз минбари масҷиди марказии Душанбе ба номи Имом Тирмизӣ суҳбат мекард, гуфт, “дар ҳар куҷое, ки набошем, бояд аз ин Ватан шукрона кунем. Аз ин оромӣ ва сулҳу суботе, ки дорем. Имрӯзҳо мебинем, ки дар қитъаи олам чӣ гуна кишварҳо бо як фитна дармегиранд.”

Ҳарчанд Холиқзода дар ин маврид мисоли мушаххасе наовард, вале баъзе аз намозгузорон мегӯянд, бархе аз имом-хатибони масоҷиди пойтахт номаеро алайҳи “Гурӯҳи 24” ба раҳбарии Умаралӣ Қувватов қироат кардаанд. Дар ин мактуб номи кадом ниҳоди расмӣ навишта нашудааст, вале дар он таъкид гардидааст, ки "чунин ашхос на Ислом ва на давлатро ҳимоя менамоянд, балки манфиати давлату миллатро ба як танга мефурӯшанд. Ёдовар мешавем, ки номбурда дар ҷумҳурӣ яке аз роҳбарони корхонаҳои тиҷоратии "Фароз" ва "Тоҷирон"-ро ба уҳда дошт, ки баъдан маблағи калони ин корхонаҳоро ба яғмо бурда, аз тарси кашида шудан ба маҳкама ба хориҷи кишвар фирор кардааст. Дар ин нуқта бояд мардуми шарифи тоҷик хуб огоҳ бошанд, то фирефтаи ин гуна афрод нагарданд".

Созмони сиёсии "Гуруҳи 24", ки баъд аз фирори Қувватов ба Русия ташкил шудааст, ин шабу рӯз маъракаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон дар идомаи суханронияш аз шароите, ки барои зиндагӣ ва кори сокинону иҷрои фаризаҳои мазҳабӣ дар кишвар муҳайё шудааст, тавсиф кард ва онро барои шукргузорӣ муносиб донист. Бар хилофи идҳои дигар, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев -- шаҳрдори Душанбе шахсан дар он иштирок ва суханронӣ менамуд, ин дафъа наомад ва ба ҷои ӯ масъули шуъбаи дини ҳукумати пойтахт суҳбат кард. Ӯ ҳам масъалаи шукру шукронаро дар миён гузошт ва барои тақвияти фикраш аз сабтином шудани ҳудуди 20 масҷиди нав дар Душанбе, ки қаблан ба унвони ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият доштаанд, хабар дод. Ин намояндаи ҳукумати пойтахт аз бозсозӣ ва таъмири масҷиди “Сариосиё” ва маҳаллаи 64-уми шаҳр низ таъриф карда, онро намунаи хуби кори мақомот донист.

Сайимукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ки намози идро имоматӣ мекард, Иди Қурбонро рӯз пок сохтани қалбу ниятҳо унвон кард. Вай гуфт, “дар ин рӯз инсон тақдири яксолаашро месозад, бо нияту қалби покаш ва амалҳои солеҳаш. Имрӯз рӯзи некӣ, силаи раҳм ва зиёрати хешу табор, рӯзи бахшидану пок кардани қалб аст.”

Дар рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон бисёртар кӯдакон хурсандӣ мекунанд

Дар рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон бисёртар кӯдакон хурсандӣ мекунанд

Намози Иди Қурбон дар масҷиди марказии пойтахти Тоҷикистон соати ҳафти субҳи якшанбе оғоз ёфта, дар гирду атрофи он теъдоди зиёди нерӯҳои пулису амниятӣ мушоҳида мешуданд. Аз ҷумла, Сафиаллоҳ Девонаев -- раҳбари Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати умури дохилӣ ва Саид Ҷӯрахонов -- раҳбари идораи пулиси пойтахт низ дар даромадгоҳи масҷиди марказӣ буданд. Маъмурони амниятӣ бо таҳҷҳизоти хос намозгузоронро аз назар гузаронда ва сипас иҷозаи вуруд ба масҷидро медоданд.

Имсол Тоҷикистон, ба гуфтаи раҳбари Шӯрои уламо, ба далели дертар дидани моҳи нав Иди Қурбонро дар муқоиса ба кишварҳои дигари исломиву мусалмонӣ як рӯз қафотар ҷашн мегирад. Азҳо дар Тоҷикистон аз солҳои навадуми қарни гузашта ба ин сӯ ба унвони рӯзи истироҳат эълон шуда, сокинон бо оростани дастархон ва афроди тавоно бо сар буридани гову гӯсфанд ва бузашон ин идро таҷлил мекунанд. Хурсандии бештарро дар рӯзи Иди Қурбон кӯдакон доранд, ки субҳи барвақт ва ё ба қавли мардум ҳанӯз чашми рӯз накафида, ба дари ҳамсояҳову наздикони худ мераванд ва идӣ мехоҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG