Пайвандҳои дастрасӣ

Бино бар гузоришҳои расмӣ аз Миср, тарҳи Қонуни асосии он кишвар, ки рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта ба ҳамапурсӣ гузошта шуда буд, аз сӯи "98 дарсад" аз раъйдиҳандагон ҳимоят шудааст.

Шӯрои олии интихоботи Миср рӯзи 18-уми январ бо эълони ин хабар гуфт, наздик ба 39 дарсад аз раъйдиҳандагони сабти номшуда дар ҳамапурсӣ ширкат карданд. Ҳукумати муваққати Миср, ки аз сӯи низомиёни пуштибонӣ мешавад, мегӯяд, ин рақам ҳафт дарсад бештар аз касоне будааст, ки дар ҳамапурсии соли 2012, замоне, ки Муҳаммад Мурсӣ қудратро дар даст дошт, раъй додаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Шӯрои олии интихоботии Миср, шумораи касоне, ки барои раъйгирӣ сабти ном карда буданд, беш аз 52 миллион нафар буд, ки аз ин теъдод беш аз 20 миллион нафар дар ҳамапурсӣ ширкат карда ва наздик ба 20 миллион нафар низ ба он раъйи мусбат доданд. Торнамои "Ал-Аҳром" аз Алӣ Солеҳ, мушовири раиси ҷумҳури муваққат дар умури Қонуни асосӣ нақл кардааст, ки ин қонун фавран ба иҷро гузошта мешавад.

Бино бар он чӣ "нақшаи роҳ" дар Миср пас аз табаддулоти низомӣ ва барканории Муҳаммад Мурсӣ ном гирифтааст, бояд тайи шаш моҳи оянда дар он кишвар интихоботи парлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ баргузор шавад.

Бо ин ҳама Алӣ Солеҳ ба Ал-Аҳром гуфтааст, "нақшаи роҳ" дар ҳоли ҳозир вуҷуд надорад ва бино бар Қонуни асосие, ки ба дар ҳамапурсӣ раъй овардааст, раиси ҷумҳури муваққат метавонад шахсан тасмим бигирад, ки кадом як аз интихобот -парлумонӣ ё раёсати ҷумҳурӣ нахуст баргузор шавад.

Гурӯҳи "Ихвонулмуслимин", ки Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури сарнагуншуда узви он мебошад, раъйпурсиро бойкот карда буд. Пас аз интихобот низ ин гурӯҳ натиҷаҳои эъломшудаваро "ҷаълӣ ва сохта" номид. Дар нахустин рӯзи баргузории ҳамапурсӣ низ тарафдорони "Ихвонулмуслимин" ва Мурсӣ даст ба тазоҳуроте заданд, ки бар асари даргириҳо дар он 9 нафар кушта шуданд. Рӯзи дувуми ҳамапурсӣ вазорати умури дохилии он кишвар аз боздошти 444 нафар хабар дод.

Қонуни асосии нав матни ислоҳшудаи Қонуни асосии тадвиншуда дар давраи раиси ҷумҳури аз сӯи мардум интихобшудаМуҳаммад Мурсӣ аст, ки кумитае аз 50 нафар ба сарпарастии Амр Мусо, вазири хориҷии пешини Миср онро таҳия кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG