Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихвонулмуслимин ба дифоъ аз Мурсӣ баромаданд


Ҷамъомади тарафдорони президенти барканоршудаи Миср дар назди Горди ҷумҳурии ин кишвар
Ҷамъомади тарафдорони президенти барканоршудаи Миср дар назди Горди ҷумҳурии ин кишвар

Рӯзи ҷумъа раҳбари созмони исломии Ихвонулмуслимин гуфт, ки онҳо то мурдан аз президенти Мурсӣ дифоъ намуда, имкон нахоҳанд дод, ки низомиён қудратро ба дасти худ гиранд

Раҳбари созмони Ихвонулмуслимин (Бародарони мусулмон) Муҳаммад Бадиъ (محمد بديع) , ки тибқи гузоришҳо боздошт шуда буд, шоми ҷумъа дар як гирдиҳамоии тарафдорони президенти барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ зуҳур намуд.

Рӯзи панҷшанбе идораи додситонии Миср фармони ҳабси Бадиъро содир карда буд. Дар як паёме Бадиъ иброз дошт, ки тарафдорони Мурсӣ ҳозиранд ҷони худро фидо кунанд, вале нахоҳанд гузошт, ки дар Миср ҳукми низомиён ҷорӣ шавад. Дар ҳоле ки дар болои издиҳом чархболҳо парвоз мекарданд, Бадиъ ба гирдомадагон гуфт, раҳбари шумо Мурсӣ аст.

Бадиъ табаддулоти низомиро “амали ғайришаръӣ” номида, изҳор намуд, “то замоне, ки президент Мурсиро рӯи кифтҳоямон набардорем, касе майдонҳоро тарк намекунад”.

Қабл аз суханронии Бадиъ низомиёни мисрӣ ба тарафи гирдиҳамоии ҷонибдорони Мурсӣ дар назди Горди ҷумҳурӣ оташ кушоданд. Тибқи баъзе хабарҳо Мурсӣ дар бинои Горди ҷумҳурӣ дар шаҳри Қоҳира нигаҳдорӣ мешавад.

Баъзе расонаҳо иттилоъ додаанд, ки бар асари тирпарронӣ дар назди пойгоҳи горди ҷумҳурӣ се тарафдори Мурсӣ кушта шуданд. Шабакаҳои телевизионӣ ҷасадҳои хуншорро намоиш додаанд, вале ин хабар то ҳол аз тарафи манбаъҳои расмӣ тасдиқ ва ё рад нашудааст. Як шоҳиди ҳодиса бо номи Мустафо Абдулхолиқ дар ин бора мегӯяд: “Мо ба таври осоишта дар назди боғ саф кашида будем ва дар дасти мо акси Муҳаммад Мурсӣ буд. Як узви горди ҷумҳурӣ назди мо омада, аксро дарронд ва пархош шурӯъ шуд. Онҳо ба ҳаво тир кушода, чор нафари моро ба қатл расонданд. Яке аз онҳо дар назди ман афтид. Дар дастони ман ҳанӯз ҳам хуни ӯ боқӣ мондааст.”

Раҳбари созмони Ихвонулмуслимин аз тарафдророни Мурсӣ даъват кард, ки эътирозҳои осоиштаро то замони барқарор шудани ҳукми президент Мурсӣ идома диҳанд.

Вале дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷамъомади мухолифини Мурсӣ оғоз ёфт. Онҳо аз тағйироти ду рӯзи ахир пуштибонӣ мекунанд. Рӯзи ҷумъа президенти муваққати Миср Адлӣ Мансур ҳукм баровард, ки парламенти ин кишвар пароканда шавад. Мансур Муҳаммад Раъфат Шаҳота (محمد رأفت شحاتة)-ро мушовири амниятии худ таъйин кард.

Ҳамчунон рӯзи ҷумъа баъди як ҳамла аз минтақаи Ғазза артиши Миср гузаргоҳи марзии Рафоҳро баст. Дар ин ҳамла як сарбоз кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд, вале маълум нест, ки сабаби ҳамла чӣ будааст?

Бо ишора ба табаддулоти ғайриқонститутсионӣ Шӯрои сулҳ ва амнияти Иттиҳоди кишварҳои Африқо узвияти Миср дар ин созмони иборат аз 54 кишварро мутаваққиф кард.
XS
SM
MD
LG