Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср аз миллиардҳо доллари ваъдагӣ маҳрум мешавад, агар...


Дастикам 24 ходими пулиси Миср дар як ҳуҷуми ногаҳонӣ дар шибҳа ҷазираи пур аз хушунати Синай кушта шуданд.

Мақомот мегӯянд, ин ҳодиса субҳи рӯзи душанбе дар ҳоле рух дод, ки афсарони пулис савори ду автобус аз наздикиҳои шаҳри Рафаҳ мегузаштанд ва ногаҳон мавриди ҳуҷуми гурӯҳи ношинос қарор гирифтанд. Ин ҳуҷум ба думболи марги мармузи 36 боздоштшуда пиёда шуд, ки рӯзи якшанбе дар канораҳои Қоҳира рух дода буд.

Ихвон-ул-муслимин” аз Мурсӣ пуштибонӣ мекунад ва гуфтааст, ки боздошшудаҳо бар асари тангии нафас дар мошини пуродами пулис ҳалок шуданд. Аммо мақомот мегуянд, баъди ба гарав афтодани як ходими пулис , кормандони пулис муҷбур шуданд ба сӯи мошин гази ашковар сар диҳанд, ки дар натиҷа ба ҳалокати боздоштшудаҳо расонд.

Хушунат дар ин кишвари Ховари Миёна дар ҳоле ҷараён дорад, ки Иттиҳоди Аврпуо мехоҳад равобиташ бо Мисрро бознигарӣ кунад. Ҳафтаи равон дар ҷараёни мулоқот дар Брюссел иттиҳод масъалаи қатъи бахше аз кумаки 5 миллиард евроиро матраҳ мекунад, ки қаблан ба Қоҳира ваъда шуда буд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00
Линки мустақим


Рӯзи якшанбе вазири хориҷии Арабистони Саудӣ, Сауд-ал-Файсал баъди мулоқот бо президенти Фаронса, Франсуа Ҳолланд аз фишор ба ҷангиён ҳушдор дод ва гуфт, “Ман фикр намекунам, ки фишор ба таҳкими сулҳу субот ва амнияти миллӣ дар Миср кӯмак кунад”

Арабистони Саудӣ аз шарикони назидики раҳбари собиқи Миср Ҳусни Муборак буд, ки соли 2011 дар пайи тазоҳуроти мардумӣ сарнагун шуд ва роҳро барои ба қудрат расидани Муҳаммад Мурсӣ ҳамвор кард.

Дар ҳамин ҳол президенти Фаронса Франсуа Ҳоллан ба баргузории як интихоботи ҷадид дар Миср даъват кард ва гуфт мақомоти Миср бояд шароитро барои баргузории як интихоботи дигар мусоид кунанд ва ба мардуми Миср имкон диҳанд, ки нуқтаи назари худро баён намояд.

Аз рӯзи чаҳоршанбеи гузашта ба ин тараф дастикам 830 нафар дар Миср кушта шуд. Хисороти ҷонӣ дар пайи поккории кампҳое ба бор омад, ки ҷонибдорони Мурсӣ барои ҳимоят аз ӯ созмон доданд. Ба думболи ин ҳолати фавқулодда эълон шуд ва дар чанд минтақаи Қоҳира қуюди шабгардӣ низ ҷорӣ гардид.
XS
SM
MD
LG