Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи интихоботи “тақдирсоз”-и Миср


Муҳаммад Мурсӣ, дар лаҳзаи овоздиҳӣ
Муҳаммад Мурсӣ, дар лаҳзаи овоздиҳӣ

Рӯзи шанбе дар Миср даври дуюми назархоҳии умумимардумӣ ба хотири қабули сарқонуни нави ин кишвар доир гардид.

Мухолифини ин санад мегӯянд, сарқонуни нав аз ҳизбҳои исломӣ пуштибонӣ намуда, ҳуқуқи насрониҳо, ақаллиятҳо ва занонро нодида мегирад. Аммо президенти Миср, Муҳаммад Мурсӣ мегӯяд, қабули сарқонуни нав барои рушди низоми демократӣ дар ин кишвар кумак хоҳад кард.

Муҳаммад Бадиъ, раиси ҷунбиши Ихвонулмуслимин ё худ Бародарони мусулмон, ки аз пуштибонҳои асосии президенти Миср ба шумор меравад, рӯзи шанбе баъди овоздиҳиаш ба хабарнигорон гуфт, “мо бояд муколама раҳандозӣ намуда, бо ҳам самимона сӯҳбат кунем. Бо сангпартоӣ, тирпарронӣ ва истифодаи силоҳ ташкили муколама имкон надорад.”

Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Искандария гирдиҳамоиҳои тарафдорон ва мухолифини сарқонун аз назорат берун шуданду ду гурӯҳ ба сӯи ҳамдигар санг партофтанд. Полис бо истифода аз гази ашковар гурӯҳҳоро аз ҳам дур кард. Дар ин бархӯрдҳо камаш 62 нафар ва дар байни онҳо 15 афсари полис ҷароҳат бардоштаанд.

Тибқи иттилои ғайрирасмии расонаҳои Миср дар давраи аввали назархоҳии умумимардумӣ, ки 15-уми декабр доир шуд, 57 дар сади раъйдиҳандагон аз қонуни асосии нав пуштибонӣ кардаанд.

Рӯзи шанбе овоздиҳӣ дар 17 ҳавзаи интихоботӣ баргузор гашт, ки ҳамчун ҳавзаҳои муҳофизакор шинохта мешаванд. Аммо иштироки ғайрифаъоли раъйдиҳандагон дар даври аввал мухолифини сарқонунро ба амал ташвиқ намудааст. Агар бар пояи натиҷаи ду даври назархоҳӣ сарқонуни нави Миср қабул шавад, баъди 60 рӯз интихоботи Маҷлиси қонунгузори ин кишвар баргузор мегардад. То он замон, яъне интихоби парламенти нав Шӯро-Маҷлиси болои парламенти Миср ҳаққи қабули қонунҳоро дар ихтиёр хоҳад дошт.

Рӯзи ҷумъа президент Мурсӣ 90 нафарро ба Шӯрои зери назорати исломиҳо таъйин кард. Баъди қабули сарқонуни нав президенти Миср фақат 10 нафарро ба ин ниҳод таъйин карда метавонад. Дар байни таъйиншудаҳо сиёсатмадорони ғайриисломӣ низ ба чашм мехӯранд, вале аксарияти исломгарои Шӯро ҳамоно назорати маҷлиси болоии парламенти Мисрро ҳифз кардааст. Агар сарқонуни нав дар назархоҳии кунунӣ пуштибонӣ наёбад, дар давоми навад рӯзи оянда Маҷмааи нави сарқонун интихоб шуда, дар пайи таҳияи лоиҳаи сарқонуни нав хоҳад шуд. Аз замони барканории президенти пештараи Миср, Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврали соли 2011-ум Миср бо ихтилофи исломгароҳову тарафдорони сохти дунявии давлатдорӣ мувоҷеҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG