Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср фарзияи таркондани ҳавопаймои Русияро рад мекунад


Мақомоти Миср бар асари таркиши бомб суқут кардани ҳавопаймои мусофирбари Русияро рад мекунанд.

Мақомоти Миср рӯзи 14 декабр гуфтанд, ки гузориши муқаддамотӣ дар бораи иллатҳои суқути ҳавопаймои мусофирбари Русияро омода кардаанд. Онҳо мегӯянд, ягон аломати бар асари таркиши бомб суқут кардани ин ҳавопайморо пайдо накардаанд.

Вазорати авиатсияи мулкии Миср рӯзи 14 декабр дар баёнияаш гуфт, кумитаи таҳқиқоти фаннӣ “то кунун ягон аломати ягон дахолати ғайриқонунӣ ваё амали террористиро” дар амри суқути ҳавопаймои русӣ ба даст наовардааст. Аммо Аймон Ал-Муқаддам, раҳбари тафтишот гуфт, ин ҳанӯз хулосаи ниҳоӣ нест, балки онҳо ба таҳқиқоти худ идома хоҳанд дод.

Ҳавопаймои А321-и ширкати “Когалимавиа”, ки таҳти бренди “Метроҷет” фаъолият мекунад, рӯзи 31 октябр ҳангоми парвоз аз осоишгоҳи Шармушшайхи Миср ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар нимҷазираи Синайи Миср суқут кард. Бар асари ин сониҳа тамоми 224 сарнишини ҳавопаймо, бо шумули 7 узви экипаж ва 14 кӯдак, ҳалок шуданд. Мусофирони ҳавопаймо афроде буданд, ки баъди истироҳат дар соҳили баҳри Сурх ба Русия бармегаштанд.

Қаблан мақомоти Русия ва кишварҳои Ғарб гуфта буданд, ки ҳавопаймо дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ суқут кардааст. Раҳбари ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия Николай Бортников аз ҷумла гуфт, "мо қотеона гуфта метавонем, ки ин амали террористӣ аст." Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳамла маводи мунфаҷираи иқтидораш баробари то 1 кило тротил истифода шудааст.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба дунбол хостори “пайдо кардан ва ҷазо додан”-и афроди дастдошта дар ин ҳамла шуд. Путин гуфт, "мо онҳоро дар куҷое ки пинҳон нашаванд, ҷустуҷӯ хоҳем кард. Мо онҳоро дар ҳар гӯшаи дунё пайдо мекунем ва ҷазо медиҳем." Дар пайи ин ҳодиса Русия аз рӯзи 6 ноябр парвози ҳавопаймоҳояш ба Мисрро қатъ кард.

Билофосила баъди суқути ҳавопаймо як гурӯҳи тундрави маҳаллии марбут ба созмони ҷангҷӯи “Давлати исломӣ” масъулияти суқути ин ҳавопайморо бар дӯш гирифта буд. Ҷангҷӯён инро посух ба амалиёти низомии нирӯҳои ҳавоии Русия дар Сурия унвон мекарданд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки қисматҳое аз Сурияву Ироқро тасарруф карда ва дар ин манотиқи як режими шадидеро ҷорӣ кардааст. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон ва пайравони мазҳабҳои ғайр, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани онҳо ном баровардааст. Аммо суқути ҳавопаймои мусофирбари Русия нахустин мавриди ҳамлаи ҷангиёни “Давлати исломӣ” ба ҳавопаймоҳост ва он ҳам ба ҳавопаймои мусофирбаре, ки беш аз 200 мусофир дошт.

“Давлати исломӣ” аз сӯи кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Тоҷикистону Русия, ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротӣ шомил карда шудааст. Як эътилофи кишварҳои Ғарбу Араб ба раҳбарии Амрико аз августи соли 2014 ва Русия ба сари худ аз моҳи сентябр алайҳи мавқеъҳои “Давлати исломӣ” дар Сурия ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳанд. Дар Ғарб бар ин боваранд, ки Русия дар Сурия аз нирӯҳои содиқ ба раиси он ҷумҳурӣ Башор Асад, ки аз муттаҳидони Маскав аст, ҳимоят мекунад.

Русия гуфтааст, ки ҳамлаҳои ҳавоияш дар Сурияро боз ҳам тақвият хоҳад дод, "то ҷинояткорон бифаҳманд, ки интиқом ногузир аст."

XS
SM
MD
LG