Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи собиқи артиши Мирс Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ дар интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ бо касби беш аз 90 дарсади оро пирӯз мешавад, вале беш аз нисфи мардум дар ин раъйдиҳӣ ширкат накардаанд.

Натоиҷи муқаддамотии шумориши овозҳо дар интихоботи президентии Миср нишон медиҳад, ки фармондеҳи собиқи нирӯҳои мусаллаҳи Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ бо касби беш аз 90 дарсади овозҳо пешсаф аст. Ин рақамҳо бар асоси шумориши овозҳо дар тақрибан 2 000 ҳавза аз 12 000 ҳавзаи интихоботии Миср эълон шудаанд.

Аммо бо вуҷуди фишорориҳо ба манзури таъмини ширкати мардум дар интихобот ва ҳатто иҷбори онҳо барои рафтан ба раъйдиҳӣ ва як рӯз тамдид кардани замони раъйдиҳӣ, бино ба арқоми мақомоти интихоботӣ, ҳамагӣ ҳудуди 45 дарсади мардуми соҳиби ҳаққи овоздиҳӣ дар интихоботи президенти Миср ширкат кардаанд.

Мунтақидон мегӯянд, ба хотири ҳамвор кардани роҳи маршалл Ас-Сисӣ ба қудрати расмӣ ягон рақиби билқувваеро ба корзори интихоботӣ роҳ надоданд ва танҳо номзади дигар, ки он ҳам фақат ба хотири алтернативӣ ва зоҳиран демократӣ ҷилва додани ин корзор дар баробари Ас-Сисӣ сабти ном шуд, Муҳаммади Сабоҳӣ, як сиёсатмадори чапгарои мисрӣ буд.

Маршалл Ас-Сисӣ моҳи июли соли 2013, дар натиҷаи як табадуллоти низомӣ ва сарнагун кардани раисиҷумҳури мунтахаб Муҳаммад Мурсӣ ба қудрат расид. Дар ҷараёни ин табаддулот ва эътирозҳои баъдӣ беш аз 1400 нафар кушта ва тақрибан 16 000 нафар дастгир шуданд. Додгоҳҳои Миср дар ин авохир дар ду мурофиа якбора ҳудуди 1400 узви Ихвонулмуслимин, гурӯҳи мазҳабиеро, ки раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ аз он намояндагӣ мекард, бо ҷурми ширкат дар эътирозҳо маҳкум ба қатл карданд. Ин ҳукмҳои дастаҷамъӣ ба мавҷи интиқодҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ рӯбарӯ шуд.

Миср, яке аз қавитарин кишварҳои арабӣ, соли 2011 баъд аз оғози эътирозҳои маъруф ба “Баҳори Араб”, ки мунҷар ба суқути режими 33-солаи раҳбари вақташ Ҳуснӣ Муборак шуд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ печид. Дар нахустин интихоботи озоди порлумон ва баъдан раисиҷумҳури Миср номзадҳои Ихвонулмуслимин, гурӯҳе ки дар аҳди Муборак ба пинҳонкорӣ гузашта буд, пирӯз шуданд. Аз ҷумла дар интихоботи президентӣ дар июни соли 2012 Муҳаммад Мурсӣ, як сиёсатмадори бархоста аз домани Ихвонулмуслимин баранда шуд. Аммо баъди ҳамагӣ чанд моҳ Миср дигарбора ба мавҷи нави эътирозҳои хунине печид, ки дар 1 июли соли 2013 бо суқути давлати Мурсиву боздошти ӯву тарафдоронаш дар натиҷаи табаддулоти низомӣ анҷомид. Он табаддулотро маршалл Ас-Сисӣ раҳбарӣ мекард, ки инак, баъди як соли раҳбарӣ ба кишвар ба ҳайси ҳокими низомӣ расман раиси ин ҷумҳурӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG