Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пайомади бӯҳрон -- ихтисори дастҷамъонаи кормандон дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Бархе аз ширкатҳои Тоҷикистон дар пайи таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ба ихтисор кардани кормандонашон шурӯъ кардаанд.

Моликон ва менеҷерони ширкатҳо ихтисори кормандонро яке аз роҳҳои сарфакорӣ дар шароити бӯҳрон медонанд. Нозира Муслимова, роҳбари Оҷонсии кадрии “Кадри +” рӯзи 6−уми май дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфт, бисёре аз ширкатҳо дар шароити сахти бӯҳрони иқтисодӣ, ихтисори кормандонро яке аз роҳҳои коҳиш додани хароҷоти ширкат медонанд. Вай гуфт: “Воқеан тамоюли ихтисор кардани кормандон вуҷуд дорад. Чунки даромади ширкатҳо кам шуда истодааст ва онҳо шумори штатҳои кории худро бозбинӣ мекунанд.”

Хонум Муслимова афзуд, дар ин шароит риски ихтисор шудани бештар ба кормандони ширкатҳои калон таҳдид мекунад, чунки умдатан дар ин ширкатҳо шумори зиёди кормандон вуҷуд дорад. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, дар пайи ин бӯҳрон бештар соҳаи савдо зиён хоҳад дид. Чунки зарбаи болоравии якбораи қурби долларро нахуст онҳо эҳсос хоҳанд кард.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ширкатҳои бузург ба ихтисори гурӯҳ− гурӯҳи кормандонашон даст назадаанд, аммо боз ҳам аз гирифтани кормандони нав худдорӣ меварзанд. Барои мисол, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон, корхонаи тавли аллюминиюм “Талко” тавассути ба нафақа фиристодан, корамндонашро ихтисор мекунад. Масъулони ин ширкат мегӯянд, онҳо кормандони собиқадорашонро ба нафақа мефиристанд, аммо ба ҷои онҳо корманди нав қабул намекунанд. “Талко” бо ҳамин восита шумораи коргаронашро коҳиш медиҳад.

Бахши аъзами аҳолии Тоҷикистон дар бахши хусусӣ машғули коранд. Давлати Тоҷикистон кайҳо боз кордеҳи бузург ба ҳисоб намеравад ва мувофиқи оморҳои охир, ҳамагӣ 433 ҳазор ва 18 дарсади коргарон дар корхонаву ниҳодҳои давлатӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир бахши хусусӣ, хосатан корхонаҳои хурду миёна, аз кордеҳони асосии кишваранд ва дар маҷмӯъ 1 миллиону 461 ҳазор нафаро бо кор таъмин мекунанд, ки беш 63 дарсади кулли коргарони кишварро ташкил мекунад.

Зарбаи бӯҳроне, ки бо таъсири рукуди иқтисодии Русия дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад нахуст ба бахши хусусӣ расид ва даромади ширкатҳои хурду миёна ба маротиб коҳиш ёфт. Сӯҳбатҳои мо бо роҳбарони беш аз 10 ширкати хурду миёна дар Тоҷикистон собит сохт, ки аксари ширкатҳо ҷорае ҷуз аз ихтисори кормандонашон дар ин шароит надоранд.

Раҳим Сотиболдиев, менеҷери як ширкати клинингӣ дар Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфт, дар пайи таъсири манфии бӯҳрони иқтисодӣ ва коҳиш ёфтани даромадҳо ширкатҳо хеле кам аз хидмати онҳо истифода мебранд. Ин ҳамсуҳбати мо афзуд: “Даромади ширкатҳо, ки кам шуд, фармошҳо ба хизматрасонизҳои мо низ коҳиш ёфт. Дар як ҳафта ҳоло мо як ва илло ду фармоиш дарёфт мекунем. Бинобар ин, мо 20 нафар коргарҳоямонро ба рухсатии бемузд фиристодем, чунки даромад надорем.”

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, онҳо барои таълими ин кормандонашон ва баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо, маблағ масраф карда буданд ва ба ҳеҷ ваҷҳ намехостанд онҳоро аз кор берун кунанд. Аммо Сотиболдиев мегӯяд, даромадҳои ширкат то ба ҳадде поин рафтанд, ки масаъалаи ихтисори кормандон ва ё муфлис шудан ширкат пеш омад. Сотиболдиев афзуд, бо пайдо шудани камтарин шароит, онҳо омодаанд коргарони ихтисоршударо дубора ба кор бигиранд.

Зимнан он кормандоне, ки дар пайи таъсири бӯҳрон ҷои кори худро аз даст додаанд, ҳини тарки ҷойи кор аксаран ҷубронпулӣ дарёфт намекунанд ва ба сафи бекорон мепайванданд.

Обид Расулов, як марди 52-сола, ки аз чанде пеш аз ҷой кор ҳамроҳ бо панҷ нафари дигар дар як ширкати тавлиди об маҳрум шуд, мегӯяд, ин иттифоқ барояш ногаҳонӣ буд ва ҳамакнун намедонад, чӣ гуна нафақаи аҳли оилаашро пайдо кунад. Вай афзуд: “Дар оилаи мо 9 нафар хӯранда ҳаст, ман худам танҳо кор мекардам. Як писарам донишҷӯ аст. Фарзанди калониям маҷрӯҳ аст. Намедонам чӣ гуна оиларо таъмин мекунам минбаъд.”

Бӯҳрони иқтисодӣ, ки дар пайи таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ва дучори рукуд шудани иқтисодӣ он, ба кишварҳои ҳавзаи пасошӯравии рӯ ба Русия, бештар асар кард. Дар ин росто даромади хонаводаҳои тоҷик, ки низ умдатан аз ҳисоби пулҳои интиқолии муҳоҷирон буд коҳиш ёфт ва нахустин зарбаро боз ҳам тоҷирон эҳсос карданд. Чунки қобилияти харидории мардум коҳиш ёфт ва дар ин замина растаҳои бозорҳо низ камодам шуданд ва дари бархе аз дӯконҳо баста шуд.

Ниҳодҳои давлати Тоҷикистон дар марвиди шумори кормандони ихтисоршуда дар пайи ин бӯҳрон то ба ҳол омори дақиқе надоранд. Аммо, бинобар иттилои Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолииТоҷикистон, шумори ҷойҳои холии кор ва муроҷиати кордеҳон барои коргар дар қиёс бо соли гузашта 18 дарсад коҳиш ёфтааст.

Баҳси гарми ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон ва Ҳукумат дар мавриди бекорӣ дар ҳолест, ки бинобар маълумоти Оҷонсии омор, сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2,3 дарсадро ташкил медиҳад. Чунин сатҳи ночизи бекориро ҳатто кишварҳои пешрафтаи дунё мисли Амрикову Олмон надоранд.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ин рақам сатҳи воқеии бекориро нишон намедиҳад. Чунки ин рақам танҳо нафаронеро ба инобат мегирад, ки расман ба хадамоти шуғли маҳалли зисташон муроҷиат карда, расман бекор эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, ба таъкиди таҳлилгарон, сатҳи бекории воқеаии ба маротиб аз ин бештар аст, аммо касе дар Тоҷикистон шумори воқеии бекоронро намедонад. Чунки дар ин росто пажӯҳиши махсусе гузаронида нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG