Пайвандҳои дастрасӣ

Майли афзун, аммо дасти кӯтоҳи ҷавонон барои таҳсил дар хориҷа


Дар як намоишгоҳи байналмилалӣ, ки 8-уми ноябр дар Душанбе баргузор шуд, имконоти таҳсил дар хориҷа муаррифӣ гардиданд.

Лоиқ Туйчиев, ки орзуи таҳсил дар донишгоҳи байналмилалии Кипрро дорад, гуфт, бо шароити таҳсил дар донишгоҳҳои Русия, Туркия, Малайзия ва Амрико ошно шуд ва билохира ба хулосае омад, ки имкони пардохти таҳсил дар ин муассисаҳои таълимиро надорад.

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, "дар муқоиса ба Тоҷикистон, ин кишварҳо донишгоҳҳои хуб доранд. Ман ҳам омадам дар бораи ин муассисаҳои таълимӣ маълумот гирам, вале имкони таҳсил дар ин кишварҳоро надорам."

Намояндагони донишгоҳҳои Бритониё, Чин, Туркия, Русияву Малайзия, Амрико ва кишварҳои дигар, ки дар намоиши Душанбе ширкат доштанд, мегӯянд, омодаанд барои хоҳишмандони таҳсил аз Тоҷикистон имтиёз бидиҳанд. Паём Порсониё, намояндаи шӯъбаи сабти номи донишҷуёни тоҷики Донишгоҳи байналмилалии "Limkokwing"-и Малайзия, аз афзоиши теъдоди довталабони тоҷик барои таҳсил дар хориҷа истиқбол кард.

Вай гуфт, "нисбат ба солҳои қаблӣ 4 ва 5 маротиба зиёд ҳастанд. Аслан, нархи таҳсил дар факултаҳо гуногун аст. Агар дар як ихтисос барои як нафар донишҷӯ ҳаққи шартнома то 4 ҳазор доллар бошад, пас, мо барои донишҷӯёни тоҷик имтиёз медиҳем то панҷоҳ дарсад ба миқдори то ду ҳазор доллар пардохт кунанд ва таҳсил дошта бошанд. Инчунин мо метавонем пас аз хамти донишгоҳ онҳоро бо ҷои кор таъмин бикунем."

Ҳарчанд аксарияти ширкатдорон арзиши ҳаққи таҳсил дар хориҷаро гарон донистанд, аммо нафароне ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, барояшон пардохти чаҳор ҳазор доллар мушкил надорад. Алишер Бобоев, толибилми литсейи туркӣ-тоҷикии Душанбе, гуфт, ӯ барои идомаи таҳсил имкон дорад ба яке аз ин донишгоҳҳо ҳуҷҷат супорад. "Барои донистани тиҷорат бояд таҳсилро дар Туркия идома диҳам. Нархи донишгоҳ барои ман ягон мушкил надорад",-гуфт ӯ.

Абдуразоқ Абдуллоев, раҳбари Ширкати муштараки Тоҷикистону Малайзия -- "TM-international", ки ташкилкунандаи намоишгоҳ аст, мақсад аз баргузории ин чорабиниро ҷалби мутахассисон барои Тоҷикистон унвон кард. Ҷаноби Абдуллоев гуфт, ҷавонони тоҷик хоҳиши зиёди таҳсил дар хориҷаро доранд: "Аксари ихтисосҳои наве, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба роҳ монда нашудааст, ҷавонон имкон пайдо мекунанд аз чунин намоишгоҳ факултаҳои навро интихоб кунанд." Қаблан низ Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маорифи кишвар, гуфта буд, ки феълан Тоҷикистон ба беш аз 450 ихтисос эҳтиёҷ дорад, вале дар кишвар танҳо 280 ихтисосро таълим медиҳанд. Боқӣ мутахассисон, ба гуфтаи ӯ, дар хориҷ, асосан бо бурсҳои ҷудошуда аз ҷониби Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусу Украина ва Эрон омода мешаванд.

Ҷомеашиносон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир шикофи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон чунон амиқ шудааст, ки танҳо фарзандони хонаводаҳои сарватманд имкони молии таҳсил дар хориҷаро доранд ва ба квотаҳои расмӣ ҳам асосан онҳое “мушарраф” мешаванд, ки волидонашон соҳиби мақомҳои баланданд ва гапашон “мегузарад.” Таҳсили фарзандони аксари хонаводаҳои фақир маъмулан бо хатми мактаби миёна ба поён мерасад.

Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ рӯзи 10-уми ноябр дар бахши Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд идома хоҳад ёфт.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG