Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардабири нашрияи узбакзабони “Ӯш садосӣ” боздошт шуд


Муҳаммадсолӣ Исмоилов
Муҳаммадсолӣ Исмоилов

Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷануби Қирғизистон сардабири нашрияи давлатии узбакзабонро дар куштори инсон муттаҳам мекунанд.

Маҳмадсолӣ Исмоилов, сардабири рӯзномаи “Ӯш садосӣ” дар куштори як шахси дар рӯйдодҳои моҳи июни соли 2010 нопадидшуда муттаҳам мешавад. Дар ин бора ба бахши Қирғизии радиои Озодӣ мақомоти додситонии вилояти Ӯш ва Вазорати умури дохилаи Қирғизистон хабар доданд. Ин масъулин мегӯянд, ки Исмоилов дар ҳодисаи куштори як марди ӯзбактабор дар моҳи июни соли 2010 гумонбар дониста мешавад. Ба иттилои додситонӣ, ҳамроҳ бо ӯ, се нафари дигар боздошт шудаанд, вале ҳуввияти онҳо ошкор намешавад. Додгоҳ масъалаи тамдиди боздошти Исмоиловро паси панҷара дар мӯҳлати тафтиши ин қазия баррасӣ мекунад.


Маҳмадсолӣ Исмоилов, сардабири рӯзномаи “Ӯш садосӣ”, яке аз раҳбарони ҷамъияти ӯзбактаборони ҷануби Қирғизистон рӯзи 31 март дар маҳаллаи Имомотаи шаҳри Ӯш боздошт шуд. Вай тӯли ҳафт соли охир дар мақоми сардабирии нашрияи давлатии ӯзбакӣ кор мекунад.

Дар ҳоле, ки масъулин аз додани тафсилоти бештар худдорӣ мекунанд, ҳамсараш дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи 31 март ходимони милиса ба хона омада Маҳмадсолӣ Исмоиловро суроғ карданд. “Онҳо чизе нагуфтанд, вале дертар, баъди боздошти шавҳарам маълум шуд, ки ӯро бо иттиҳоми даст доштан дар куштори як мард гумонбар медонанд“, гуфт ҳамсари Исмоилов.

Ба иттилои ӯ, эҳтимолан сухан дар бораи куштори марди ӯзбактаборе бо исми Анвар Маҳмудов меравад, ки баъди ҳодисаҳои июни соли 2010 нопадид шудааст. Ҳамсари Исмоилов гуфт, ки ин мард шояд зинда аст ва дар Ӯзбакистон панаҳ мебарад. Айни замон, мақомоти тафтишотӣ аз овардани исми шахсе, ки дар куштори ӯ рӯзноманигори нашрияи ӯзбакӣ муттаҳам мешавад, худдорӣ мекунад. Ҳамсари Маҳмудов Аҷар Маҳмудова дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки баъди нопадидшавии шавҳараш тобистони соли 2010 дигар аз ӯ дараке нест. Феълан ҳеҷ иттилое роҷеъ ба Анвар Маҳмудов дар даст нест.

Тобистони соли 2010 дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон дар паи барканор шудани президент Қурмонбек Боқиев хушунатҳои байниқавмии миёни сокинони ӯзбак ва қирғизтабор сар зад. Дар натиҷа, тибқи ҳисобҳои мухталиф, беш аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар бораи садҳо ҳодисаҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон, лату кӯб, таҷовуз ва дигар ҷиноятҳои сангин хабар доданд. Ба андешаи онҳо, на ҳама мурофиаҳои додгоҳии муттаҳамони ҳодисаҳои тобистони соли 2010 мунсифона ва бо мурооти ҳуқуқи инсон баргузор шуданд.
XS
SM
MD
LG